Ғолибияти донишҷӯён дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки давоми ҳафтаи гузашта дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе аз руйи намуди варзиши сабук баргузор гардид, донишҷӯёни МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд.

Аз ҷумла, Тоштемирова Маҳбуба, Ҳасанова Шукрона ва Ҷумаева Лолахон, донишҷӯёни соли сеюми факултети тарбияи ҷисмонии донишгоҳ дар мусобиқаи мазкур маҳорати баланд нишон дода, ҷойҳои якум ва дуюмро сазовор шуданд.

Гуфта мешавад, Тоштемирова Маҳбуба дар масофаи 400м б/м ҷойи якум, 7 харба ҷойи 2, Ҳасанова Шукрона 7 харба ҷойи якум, дар масофаи 100м б/м ҷойи 2 ва Ҷумаева Лолахон аз руйи намуди ҷаҳидан ба баландӣ ҷойи якум, ҷаҳидан ба дарозӣ ҷойи 2 - ро соҳиб шуда, шарафи донишгоҳро дар миқёси ҷумҳурӣ баланд бардоштанд.

Ҷамолова Муборак

аъзои маҳфили "Нерӯи сухан"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ