Тозанашр: “500 саволу ҷавоб: Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”
Дар нашриёти «Нури маърифат»-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дастури таълимӣ-методии номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Ҷамолиддин Абдукаримов таҳти унвони “500 саволу ҷавоб: Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” нашр гардид.
Дар дастури мазкур 500 саволу ҷавоб аз рӯйи асари арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” гирд оварда шудааст.
Дастур барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷҳо, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, довталабони озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат” ва кулли мухлисони таърих ва фарҳанги ниёгон чун маводи ёрирасони таълимӣ тавсия мегардад.
Маркази иттилоот ва таҳлил