​Таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти таъмини самаранокии мубориза бо падидаҳои коррупсионӣ

Ришваситонӣ дар таърихи инсоният аз падидаҳои қадима буда, яке аз умдатарин масъалаҳо ва мушкилоти иҷтимоӣ маҳсуб мегардад. Таърихи башар сар то по пур аз мисолҳои порахӯрӣ ва ришваситонӣ мебошад, вале таҳқиқи илмии ин зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ асосан дар охири садаи бистум оғоз гардид. Замоне, ки муаррихон ҷузъиёти ин ё он зуҳур ва падидаи ришвахӯриро ба қайд мегирифтанд, андешаи ҷомеа дар атрофи он ҳамчун як амали дур аз ахлоқ, ки тобиши ҷиноятомез дорад, ташаккул меёфт. Коррупсия яке аз муаммоҳои ҷомеаи муосир боқӣ мемонад. Он ба тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву экологӣ таъсир мерасонад. Масалан, дар соҳаи иҷтимоӣ ин падидаи номатлуб ба сатҳи сифати зиндагии мардум таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамзамон дар Паёми охирини худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати коррупсия кайд намуданд, ки: “Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад.

Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд. Бо вуҷуди ин, таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон нишон медиҳад, ки фаъолияти баъзе мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо дар ин самт ҳанӯз ҳам ба талабот ҷавобгӯй нест. Бинобар ин, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳотро зарур аст, ки ба масъалаи интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, тарбияи онҳо дар рӯҳияи поквиҷдонӣ ва муносибати боэҳтиром ба шаҳрвандон эътибори аввалиндараҷа диҳанд”. Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат аст, ки имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон бояд бо ин падида муборизаи беамон барад. Доир ба масъалаи кадрӣ бояд чунин гуфт, ки ба ақидаи ин ҷониб ҳамон нафаре ба амалҳои коррупсионӣ бештар даст мезанад, ки аз ҷиҳати маърифату ахлоқ нокомил аст.

Таваҷҷӯҳи тамоми созмонҳои азими байналмилалӣ ва ташкилотҳои молиявии ҷаҳон низ ба масъалаи фасод хеле зиёд гардидааст. Созмони Милали Муттаҳид, Бонки Ҷаҳонӣ, Созмони шведӣ оид ба рушд ва ғайраҳо аз зумраи он ташкилотҳое ҳастанд, ки ба чунин як хулосае омаданд, ки коррупсия боиси боло рафтани камбизоатию қашшоқӣ гашта, ҳамзамон монеаи ҷиддие дар роҳи тараққиёти давлатҳои олам гардидааст. Системаҳои самараноки чораҳои зиддикоррупсионӣ дар 3 конвенсияи умумиҷаҳонии байналмилалӣ тавсиф шудаст: Дар Созмони Милали Муттаҳид - зидди коррупсия ва дар ду Шӯрои Аврупо – дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои амалҳои коррупсионӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ барои коррупсия.

Ба шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо коррупсия тамоми тадбирҳо андешида шудааст. Асноду ҳуҷҷатҳои қонунгузоре, ки ба масоили пешгирии коррупсия, барои амалиёти коррупсионӣ ба ҷавобгарӣ кашидан ва чораҳои мубориза бар зидди коррупсия аз қабили зайл мебошанд:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” аз 25 июли соли 2005, №100;

Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 сентябри соли 1998. (Дар бобҳои “Ҷиноятҳо бар зидди манфиатҳои хизмати давлатӣ”, Ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ”, ”Ҷиноятҳо зидди моликият” ва ғ.);

фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба пурзӯр кардани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия”, аз 21 июли соли 1999, №1262.

Барои муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” қабул гардид. Баъдан пас аз ба охир расидани мӯҳлати амали ин санад Фармони нав “Дар бораи стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул карда шуд, ки мақсади ин стратегия пешгирӣ кардани ҳолатҳои коррупсионӣ дар кишвар ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум мебошад. Ҳамчунин вазъияти таҳлил ва муборизаи давлатҳои гуногун бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ба назар мерасад. Мо мехоҳем ин вазъият ва муборизаро дар фаъолияти давлатҳои гуногуни ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор диҳем.Масалан, дар яке аз давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, яъне Сингапур, дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ ин кишвар яке аз давлатҳое ба ҳисоб мерафт, ки дар он ҷой сатҳи коррупсия баланд буд. Шахсе, ки ба ин хотима гузошт собиқ Сарвазири ин давлат Ли Куан Ю мебошад. Бо ҳамроҳии ҳизбӣ худ яъне “Ҳаракати халқ” дар интихобот пирӯз гашт ва курсии Сарвазири кишваро соҳиб шуд. Ли Куан Ю зикр менамуд, ки: “Агар шумо коррупсияро мағлуб кардан хоҳед, Шумо бояд омода бошед, то ки дӯстон ва хешовандони худро ба маҳбас равона кунед” [3]. Вазорати молияи Сингапур барномаи зидикоррупсионӣ омода намуд, ки як қатор чораҳоро дарбар мегирифт:

  • Таъмини шаффофияти назорати шахсони мансабдори поёнӣ аз ҷониби шахсони мансабдори болоӣ;
  • ҷойивазкунии (рататсияи) шахсони мансабдор барои пешгирӣ намудани робитаҳои коррупсионӣ;
  • гузаронидани санҷишҳои ногаҳонӣ;

такмили тартиби ҳамкорӣ бо шаҳрвандон ва ташкилотҳо ба мақсади бартараф кардани таъсири бюрократӣ.

Ҳизби Ли Куан Ю ба ташаккули васоити ахбори мустақил ва воқеӣ шароит фароҳам овард, то ки онҳо ҳама баҳсҳои коррупсиониро бетарафона инъикос намоянд. Инчунин, дигар тадбирҳо барои паст кардани сатҳи фасодкорӣ дар Сингапур аз қабили пурзӯр намудани ҷавобгарӣ дар содир намудани амалҳои коррупсионӣ, ҷавобгарӣ барои шоҳидии бардурӯғ дар вақти баррасии парвандаҳои хусусияти коррупсионӣ дошта ва ҳамзамон баланд бардоштани маоши хизматчиёни давлатӣ, қабули қонунҳои нав ва ғайра ба паст шудани коррупсия замима гардиданд. Бо ҳамин васила дар давлати Сингапур коррупсия қариб ба назар намерасад.

Дигар кишваре, ки ба муқобили коррупсия мубориза бурдааст ва ҳоло яке аз давлатҳое ба ҳисоб меравад, ки дар он сатҳи зиндагии мардум хеле хуб аст, ин давлати Норвегия мебошад. Ҳоло тарзи мубориза бо амалҳои коррупсиониро дар ин кишвар мухтасар истода мегузарем. Дар Норвегия ҳамаи ҳуҷҷатҳо вобаста ба харидҳои давлатӣ ва хароҷоти маблағҳои буҷети давлатӣ ба ҳама дастрас мебошад. Он дар шабакаи интернет ва дар воситаи ахбори омма нашр мегардад, то ҳар як шаҳрванд бидонад, ки дар куҷо ва барои чӣ маблағҳо сарф мегарданд. Шаффофият на танҳо ба хариди давлатӣ, балки ба даромади худи сокинон дахл дорад, тафовут надорад, ки ӯ шахси мансабдори давлатӣ аст ё коргари одди. Ҳамзамон, маълумот дар бораи суратҳисоб ва маоши ҳамаи шаҳрвандон дар сомонаи маҳаллии андоз озодона дастрас мебошад. Ва боз яке аз омилҳои муҳими мубориза бар зидди амалҳои коррупсионӣ ин фаъолияти босамари шаҳрвандони норвегӣ ба ҳисоб меравад. Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқро хабардор намудан дар бораи амалҳои коррупсионӣ ин вазифаи шаҳрванди норвегӣ ба ҳисоб меравад.

Дигар кишваре, ки таҷрибаи он диққати моро ҷалб намуд ин давлати Дания мебошад. Дар ин кишвар яке аз сабабҳои сатҳи пасти коррупсия он аст, ки аксари ширкатҳо сиёсати “таҳаммулпазирии мутлақ”-ро, яъне роҳ надодан ба ришвахӯрӣ дар дохили ширкати худ ва дар раванди ҳамкорӣ бо шарикони берунаро риоя мекунанд. Барои фаъолияти меҳнатиро оғоз намудан бояд шартномаи махсусе имзо карда шавад, ки он ӯҳдадории тарафҳои имзокунандагонро дар гирифтан ва додани ришва дарбар мегирад. Даст кашидан аз имзо кардани чунин шартнома метавонад сабаби ҷиддие барои ба кор қабул нагардидани шахс бошад ва вайронкунии он боиси аз кор озод намудани коргар мегардад. Дар натиҷа ба парвандаи шахс ва хислатномаи коргар махсус сатре навишта хоҳад шуд, ки сабаби аз кор ронда шудани ӯ чист. Қайд намудан ба маврид аст, ки барои пешгири намудани амалҳои коррупсионӣ ба шахсони мансабдорӣ кишвари Дания хизматрасониҳои ройгони таълими ва тиббӣ фароҳам оварда шудааст.

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи заминаҳо дар кишвари мо барои мубориза бар зидди амалҳои коррупсионӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар ин самт қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгӯй қабул шуда, ниҳоди махсусгардонидаи давлатӣ – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шудааст. Масалан, санаи 17-уми декабри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии, Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти пурсамар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин рӯз ба кормандони Агентӣ 175 адад компютерӣ муосир тақдим карда шуд.

Мо таҷрибаи се давлати дунёро барраси намуда, ба чунин хулоса омадем, ки баъзе аз таҷрибаҳои онҳоро бояд дар кишвари худ ҷорӣ намоем. Вале як нуқтаро мехоҳам зикр намоям, ки ягон механизме нест, ки ҳолатҳои коррупсиониро ба пуррагӣ нест намуда бошад, вале онро коҳиш додан мумкин аст.Мехоҳам пешниҳодҳои худро доир ба рафъи амалҳои коррупсионӣ дар кишвар зикр намоям:

Дар қонунгузории миллӣ ҷавобгарӣ барои содир намудани амалҳои коррупсиониро пурзӯр намудан лозим аст;

бо истифода аз таҷрибаи кишвари Дания ба шахсони мансабдори давлатӣ баъзе имкониятҳо фароҳам оварда шавад. Масалан, хизматрасонии ройгони тиббӣ;

дар муассисаҳои миёнаи умумӣ ва олии кишвар махсус фанни таълими оид ба муқовимат бо коррупсия ҷори карда шавад;

баланд бар доштани маоши хизматчиёни давлатии кишвар.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки: “Мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошанд. Танҳо дар ин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем”. Дар Паёми худ Президенти кишвар барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа таъсиси китобхонаҳо дар назди ҳар як муассисаву ташкилот ва хондани 5 китоб дар як солро барои ҳамаи кормандон тавсия доданд, ки ин агар амалӣ гардад, албатта маърифату ахлоқи ҷомеа пеш меравад ва сатҳи амалҳои коррупсионӣ низ хеле паст хоҳад шуд. Аз ин лиҳоз, ҳама барои коҳиш додани амалҳои коррупсионӣ дар кишвари худ мубориза мебарем, то ки сатҳу сифати зиндагии мардумамон беҳтару хубтар гардад. Пайрави сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат будан барои мо ифтихор аст.

Олимҷонов Беҳруз - донишҷӯ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ