КОНСТИТУТСИЯ – ДАСТОВАРДИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик мақоми хосса дошта, на танҳо санади асосии ҳуқуқӣ, балки ифодагари ормонҳои миллӣ, арзишҳои умумибашарӣ ва иродаи сиёсии ҷомеаи кишвар ба шумор меравад. Аҳамият ва муҳиммияти ин Қонуни асосии кишвар дар шароити нави таърихӣ бар он муқаррар мешавад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ дар замони истиқлоли миллӣ ва муқаррароти давлатии демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона таҳия ва ба мавқеи иҷро гузошта шуд. Бар ин асос, маҳз, тавассути Конститутсия асосҳои сохтори давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин уҳдадориҳои давлату ҷомеа муқаррар карда мешаванд. Аз ин рӯ, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар аҳаммияти дорои аҳамияти бузурги сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ буда, дар шумори идҳои бузурги миллӣ дар тақвими давлатии кишвар ворид гардидааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин рӯйдоди тақдирсоз дар таърихи навини кишвар саҳифаи тозаеро боз намуда, заминаи ҳуқуқии фаъолияти минбаъдаи давлат ва ҷомеаро фароҳам овард. Қабули ин санади олӣ, ки тавассути раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифта, ҳамаи тағирот ба он ҳам бо чунин шева ҷараён пазируфт, нишонаи иродаи мардум барои муайян намудани роҳи рушди мустақилона, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва бунёди ҷомеаи мутамаддин ба шумор меравад.
Дар ин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки қабули Конститутсия дар соли 1994 гардиши куллиро дар ҳаёти сиёсию ҳуқуқии Тоҷикистон ба вуҷуд овард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақш ва аҳаммияти Конститутсияи кишвар чунин баён кардаанд: «Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун санади тақдирсози миллат роҳи минбаъдаи рушди давлатдории моро муайян карда, кафили асосии сулҳу ваҳдат, субот ва рушди устувори ҷомеаи мо мебошад».
Аҳаммияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки он принсипҳои бунёдии давлатдории миллӣ, аз ҷумла соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, тамомияти арзӣ, волоияти қонун ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсонро муқаррар намуд. Ин меъёрҳо барои таҳкими низоми сиёсиву ҳуқуқӣ ва муайян намудани самтҳои ташаккули ҷомеа заминаи устувор гузоштанд.
Яке аз принсипҳои асосии Конститутсия волоияти қонун мебошад. Дар давлати ҳуқуқбунёд фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон бояд ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқат намояд. Ҳеҷ як шахс ва ё мақомот набояд берун аз доираи қонун фаъолияти хешро ба роҳ монад. Дар робита ба ин матлаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш чунин таъкид намудаанд: «Эҳтиром ва риояи бечунучарои меъёрҳои Конститутсия қарзи шаҳрвандӣ ва фарҳанги ҳуқуқии ҳар як фарди ҷомеа аст».
Волоияти қонун танҳо бо мавҷудияти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маҳдуд намешавад. Он пеш аз ҳама, татбиқи одилонаи қонун, таъмини баробарии шаҳрвандон дар назди он, ҳифзи ҳуқуқҳои қонунии инсон, кафолати таъмини озодиҳои шаҳрвандони кишвар ва пешгирии ҳар гуна худсариҳоро дар назар дорад. Аз ин лиҳоз, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, густариши фарҳанги риояи қонун ва таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба ниҳодҳои давлатӣ вазифаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Ҷомеае, ки дар он қонун эҳтиром карда мешавад, барои рушди иқтисодӣ, пешрафтҳои назарраси илмӣ, таҳкими муносибатҳои иҷтимоӣ ва таъмини суботи сиёсӣ имкониятҳои бештареро соҳиб мегардад. Бинобар ин, эҳтиром ба Конститутсия бояд на танҳо дар рӯзҳои таҷлили ин сана, балки дар рафтору фаъолияти ҳамаарӯзаи ҳар як шаҳрванд таҷассуми воқеии худро пайдо намуда, ҳисси масъулиятро дар амалкарди меъёрҳои он боло бардорад.
Моҳияти асосии Конститутсия дар эътироф ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ифода меёбад. Ҳуқуқ ба ҳаёт, таҳсил, меҳнат, ҳифзи саломатӣ, озодии андеша ва дигар ҳуқуқҳои эътирофшудаи шаҳрвандон аз арзишҳои муҳимми ҷомеаи муосир ба шумор мераванд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф намуда, барои таъмини амалкарди ҳар яке аз онҳо аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад. Ин меъёри конститутсионӣ масъулияти давлатро дар самти фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста, таъмини имкониятҳои баробар ва ҳифзи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон баланд бардошта, барои мавриди амал қарор гирифтани он ҳамаҷониба шароити мусоид фароҳам меоварад. Вуҷуди чунин шароит кафолати давлатии таъмини ҳифз ва иҷрои онҳороифода мекунад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии тамоми қишрҳои ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон бештар эҳсос мегардад. Шаҳрванди огоҳ бояд на танҳо аз ҳуқуқҳои худ, балки аз уҳдадориҳои конститутсиониаш низ бохабар гардида, барои таъмини кафолати ҳифзи ҳамаҷонибаи онҳо талошу кӯшиш ба харҷ диҳад. Риояи қонун, эҳтироми рамзҳои давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муносибати хайрхоҳона ба моликияти ҷамъиятӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа, аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ба таҳкими давлатдорӣ ва амалкарди меъёрҳои Конститутсия мусоидат мекунанд. Ҳамзамон, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои ҳуқуқӣ бояд яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла мактабу донишкадаву донишгоҳҳо ва дар баробари ин, оила бошад. Дар ин раванд, шарҳу тавзеҳи мазмуну моҳияти Конститутсия, омӯзиши ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ва баргузории чорабиниҳои маърифатӣ метавонанд дар ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқии ҷавонон нақши муассир гузоранд.
Дар замони муосир рушди давлат бе таҳкими низоми ҳуқуқӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тарбияи шаҳрвандони масъулиятшинос тасаввурнопазир аст. Аз ин рӯ, татбиқи пайгиронаи принсипҳои конститутсионӣ бояд бо тадбирҳои мушаххас дар самти такмили идоракунии давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ ҳамоҳанг гардонида шавад.
Масъалаи дигаре, ки дар замони муосир аҳаммияти махсус касб кардааст, мутобиқ намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ ба талаботи замон дар доираи меъёрҳои Конститутсия мебошад. Рушди ҷомеаи иттилоотӣ, густариши фазои рақамӣ ва пайдоиши шаклҳои нави муносибатҳои иҷтимоӣ тақозо мекунанд, ки шаҳрвандон дар баробари истифодаи имкониятҳои нав ба ҳифзи ҳуқуқ, риояи қонун ва масъулияти ахлоқиву шаҳрвандӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Аз ин рӯ. Маҳз бо назардошти ҳамин рушду таҳаввулоти ҷомеаба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки он, дар навбати аввал, ба талаботи замон ва равандҳои муосири ҷаҳонишавӣ мутобиқ карда шуд. Ба ибораи дигар, маҳз ҳамин ҳамонҳангозӣ бо талаботи ҷомеаи муосир муҳимтарин омил ҷиҳати ворид намудани чунин тағироту иловаҳо дониста мешавад.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санаи муҳими тақвимӣ, балки фурсати муносиб барои андешидан дар бораи арзиши қонун, масъулияти шаҳрвандӣ ва ояндаи давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Ин санаи таърихӣ моро водор месозад, ки ба нақши Конститутсия дар таҳкими истиқлолият, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини рушди устувори кишвар таваҷҷуҳ намуда, онро ба ҳукми яке аз сарчашмаҳои асосии пешрафти ҷомеаи кишвар бишносем.
Бояд гуфт, ки эҳтиром ба Конститутсия, пеш аз ҳама тавассути рафтору муносибати ҳар як шаҳрванд дар амал татбиқ гардад. Танҳо бо риояи қонун, муносибати одилона дар кору фаъолият ва иҷрои софдилонаи уҳдадориҳо метавонем дар пешрафти кишвар саҳмгузор бошем.Зеро Конститутсия пояи устувори давлатдорӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва роҳнамои рушди ҷомеа мебошад. Ҳифзу эҳтироми ин Қонуни асосӣ ва санад сарнавиштсози давлат ва раҳнамои ояндаи миллат вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва омили муҳимми таҳкими давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки баробари мусоидат дар иҷрои ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии хеш ҷиҳати боло бурдани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, шинохти Қонуни асосӣ ва арзишу аҳамияти он дар татбиқи ҳадафҳои бузурги давлатдорӣ талош варзем.
Мирзотоҳир Набизода,
ректори Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров»