ИСТИҚЛОЛ ВА МАҚОМИ ОМӮЗГОР
Истиқлоли давлатӣ барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла маориф, имкониятҳои нав фароҳам овард. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, беҳтар шудани шароити таҳсил, афзоиши маблағгузории соҳа, омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ ва таваҷҷуҳ ба сифати таълиму тарбия аз ҷумлаи онҳоянд.
Дар ин раванд масъалаи мақоми омӯзгор аҳаммияти махсус касб кард.Мантиқан, ҳамон қадаре, ки низоми маориф пеш равад, дар маркази он омӯзгор қарор мегирад.
Аслан, дар таърихи миллати тоҷик омӯзгор ҳамеша мақоми хосса дошт. Барои мардуми мо илм, дониш ва маърифат аз арзишҳои бузурги зиндагӣ ба шумор мерафтанд ва касе, ки инсонро ба ин роҳ ҳидоят мекард, сазовори эҳтироми баланд буд. Устод дар андешаи гузаштагони мо танҳо омӯзонандаи илму дониш набуд, балки тарбиятгари инсон, раҳна-мои маънавӣ ва шахсияти соҳибэҳтиром ба ҳисоб мерафт. Аз ҳамин ҷост, ки эҳтиром ба устод дар фарҳанги миллии мо решаҳои амиқи таърихӣ дорад.
Дар осори бузургони адабиёти классикии тоҷик ҷойгоҳи устод ва аҳли дониш баланд инъикос шудааст.Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Носири Хусрав, Имоми Аъзам, Умари Хайём, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ ва дигар донишмандони машҳури Шарқ бо илму маърифат ва тарбияи наслҳои донишманд пайванди ногусастанӣ доштанд. Дар муҳити фарҳангии гузашта дониш омӯхтан ва ба аҳли дониш эҳтиром гузоштан нишонаи фарҳанг ва маърифат дониста мешуд.
Истиқлоли давлатӣ барои эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва бозгашт ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллат заминаи нав фароҳам овард. Дар даврони истиқлол таваҷҷуҳ ба мероси таърихӣ, забони давлатӣ, фарҳанг, адабиёт, илм ва арзишҳои маънавии ниёгон бештар гардид.
Дар ҳамин замина, мақоми омӯзгор низ маъно ва ҷойгоҳи тоза пайдо кард. Агар дар фарҳанги гузашта эҳтиром ба устод як арзиши муҳимми маънавӣ ба ҳисоб мерафт, дар замони истиқлол ин арзиш дар сиёсати давлатӣ низ ҷойгоҳи махсус касб кард. Зеро эҳёи давлатдории миллӣ бидуни эҳёи маърифати миллӣ ва тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат имконнопазир аст.
Мактаб, омӯзгор ва дониш дар раванди сохтмони ҷомеаи нав ба яке аз рукнҳои муҳимми рушди давлат табдил ёфтанд. Давлати соҳибистиқлол ба он ниёз дошт, ки насли нав дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанг ва арзишҳои давлатдории миллӣ ба камол расад. Дар иҷрои ин вазифаи бузург нақши омӯзгор муҳим аст.
Аз ин рӯ, эҳтиром ба омӯзгор дар замони истиқлолро метавон идомаи ҳамон анъанаи қадимии эҳтиром ба аҳли илму маърифат донист. Фарқ дар он аст, ки имрӯз ин эҳтиром дар шароити давлати соҳибистиқлол ва низоми муосири маориф шакли нав гирифтааст. Омӯзгор ба яке аз чеҳраҳои муҳимми ҷомеа табдил ёфта, мақоми иҷтимоиву маънавии ӯ бештар мавриди таваҷҷуҳи давлат қарор гирифтааст.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ маориф ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон табдил ёфт. Ин таваҷҷуҳ, пеш аз ҳама, дар рушди инфрасохтори соҳа, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, фароҳам овардани шароити таҳсил ва дастгирии омӯзгорон ифода меёбад.
Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат сол ба сол биноҳои нави мактабҳо, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва дигар иншооти соҳаи маориф бунёд гардиданд. Дар баробари ин, мактабҳои нав бо синфхонаҳо, озмоишгоҳҳо, китобхонаҳо ва дигар имкониятҳои зарурӣ таъмин шуданд. Ин раванд на танҳо барои беҳтар гардидани шароити таҳсил, балки барои фароҳам овардани муҳити муносиб барои фаъолияти омӯзгорон низ аҳаммият дошт.
Музди меҳнати кормандони соҳаи маориф дар даврони истиқлол чандин маротиба зиёд карда шуд. Барои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳа як қатор имтиёзҳо ва чораҳои ҳавасмандгардонӣ пешбинӣ гардиданд. Омӯзгорони фаъол, соҳибтаҷриба ва онҳое, ки дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми назаррас доранд, бо ҷоизаҳо, мукофотҳо ва унвонҳои давлатӣ қадршиносӣ мешаванд.
Яке аз намунаҳои таваҷҷуҳи давлат ба мақоми омӯзгор таъсиси озмуни ҷумҳуриявӣ ва дигар озмунҳои соҳавию маърифатӣ мебошад. Чунин иқдомҳо дар маҷмӯъ ба боло рафтани таваҷҷуҳи ҷомеа ба дониш, омӯзгор ва фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мусоидат мекунанд.
Дар даврони истиқлол ҳамчунин барои ҷалби ҷавонон ба касби омӯзгорӣ ва омода намудани кадрҳои соҳа тадбирҳои чашмрас амалӣ гардиданд. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, донишгоҳҳо ва донишкадаҳои омӯзгорӣ барои тайёр кардани мутахассисони соҳаи маориф фаъолияти худро густариш доданд. Ҳамаи ин равандҳо дар маҷмӯъ нишон медиҳанд, ки масъалаи омӯзгор дар сиёсати иҷтимоии давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи муҳим пайдо кардааст.
Бунёди мактабҳои зиёд дар минтақаҳои гуногуни мамлакат низ яке аз нишонаҳои равшани ин раванд мебошад. Дар замоне ки шумораи аҳолӣ ва талабот ба таҳсил меафзояд, зиёд шудани муассисаҳои таълимӣ маънои фароҳам омадани ҷойҳои нави корӣ барои омӯзгорон ва густариши имкониятҳои фаъолияти касбии онҳоро низ дорад.
Дар баробари тадбирҳои иҷтимоӣ, дар даврони истиқлол барои таҳкими мақоми омӯзгор заминаи ҳуқуқӣ низ ташаккул ёфт. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф муносибатҳои вобаста ба фаъолияти омӯзгор, ҳуқуқу уҳдадориҳои ӯ ва кафолатҳои иҷтимоиро муайян намуд.
Қадами муҳим дар ин самт қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» мебошад. Қабули чунин қонун худ далели он аст, ки омӯзгор дар низоми муносибатҳои иҷтимоии давлат мавқеи махсус пайдо кардааст. То замоне ки мақоми як гурӯҳи касбӣ дар санади мустақили ҳуқуқӣ муайян карда мешавад, ин маънои онро дорад, ки масъалаи мазкур барои давлат ва ҷомеа аҳаммияти ҷиддӣ дорад.
Қонун мақоми омӯзгорро ҳамчун вазъи ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва касбии шахсе, ки фаъолияти омӯзгориро анҷом медиҳад, ба танзим медарорад. Дар он масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқҳои омӯзгор, кафолатҳои иҷтимоӣ, ҳифзи шаъну шараф ва таъмини шароити фаъолияти касбӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд. Омӯзгор на танҳо ҳамчун шахси соҳибэҳтиром, балки ҳамчун субъекти дорои ҳуқуқҳои муайяни касбӣ ва иҷтимоӣ шинохта мешавад.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»ба рушди маориф ва баланд бардоштани мавқеи омӯзгор нигаронидашудааст. Ин санад мақоми омӯзгорро дар низоми ҳуқуқии кишвар боз ҳам равшантар муайян намуда, аҳаммияти фаъолияти ӯро барои ҷомеа таъкид мекунад.
Дар маҷмӯъ, ташаккули заминаи ҳуқуқии мақоми омӯзгор яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол дар самти таҳкими ҷойгоҳи иҷтимоии ин касб мебошад. Имрӯз масъалаи омӯзгор на танҳо масъалаи дохилии муассисаи таълимӣ, балки масъалаи муҳими иҷтимоӣ ва давлатӣ ба шумор меравад.
Ҷомеаи муосирро бе омӯзгор тасаввур кардан душвор аст. Бо вуҷуди рушди босуръати технология, пайдоиши манбаъҳои нави иттилоот ва тағйироти куллӣ дар муҳити иҷтимоӣ, нақши омӯзгор аз байн нарафтааст. Баръакс, дар ҷомеае, ки дониш ба омили асосии пешрафт табдил ёфтааст, аҳаммияти маориф ва шахси омӯзгор бештар мегардад.
Омӯзгор дар ташаккули насли нав, рушди маърифати ҷомеа ва омода намудани кадрҳои барои иқтисоди миллӣ зарурӣ саҳм мегузорад. Ҳар як табиб, муҳандис, ҳуқуқшинос, иқтисоддон, олим, хизматчии давлатӣ ва намояндаи дигар касбҳо аз остонаи мактаб ва дар назди омӯзгор қадамҳои нахустини касбии худро мегузорад.
Аз ин ҷиҳат, мақоми омӯзгор бо ояндаи ҷомеа пайванди мустақим дорад. Сифати таҳсил ба сифати захираҳои инсонӣ ва захираҳои инсонӣ ба пешрафти давлат таъсир мерасонанд. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи давлат ба омӯзгор дар асл таваҷҷуҳ ба ояндаи ҷомеа мебошад.
Дар солҳои истиқлол ин воқеият бештар дар сиёсати давлатӣ инъикос ёфт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста ба масъалаи рушди маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Таъкидҳои пайваста дар бораи аҳаммияти маориф, илм, дониш ва нақши омӯзгор нишон медиҳанд, ки масъалаи мақоми омӯзгор дар сатҳи сиёсати давлатӣ мавқеи устувор дорад.
Ин таваҷҷуҳ дар баробари баланд бардоштани мавқеи иҷтимоии омӯзгор ба боло рафтани масъулияти ӯ низ таъсир гузоштааст. Вақте давлат барои рушди маориф маблағ ва имкониятҳои бештар ҷудо мекунад, шароити фаъолияти омӯзгор беҳтар мегардад ва дар назди ҷомеа низ интизориҳои бештар ба миён меоянд. Аз ҳамин нуқтаи назар, баланд гардидани мақоми омӯзгор ва боло рафтани масъулияти ӯ ду раванди ба ҳам пайваста мебошанд.
Хулоса, истиқлол ба рушди маориф ва таҳкими мақоми омӯзгор дар Тоҷикистон имкониятҳои нав фароҳам овард. Дар даврони соҳибистиқлолӣ анъанаи таърихии эҳтиром ба устод бо арзишҳои давлати миллӣ пайваст гардид ва дар сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқии давлат ифодаи мушаххас пайдо кард.
Ҳусейнбой Аҳмедов,
номзади илмҳои пелагогӣ, дотсент