ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИСТ
Боиси фараҳмандист, ки 35 сол муқаддам Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли давлатии худро ба даст оварда, ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ба арсаи ҷаҳонӣ ворид гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ барои ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ, рушди ниҳодҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва муайян намудани ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ заминаи муҳим фароҳам овард. Новобаста аз вазъи сиёсии солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати мустаъқил ба СММ пазируфта шуда, бо роҳнамоӣ ва ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси принсипи «дарҳои кушод» бо назардошти ҳифзи манфиатҳои миллӣ роҳ сӯйи робитаҳои хориҷиро пеш гирифт. Дар шароити муосир ҳифзи истиқлолу озодӣ ва манфиатҳои миллӣ амри зарурию муҳим ба шумор меравад.
Таҷрибаи муосири байналхалқӣ, раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо, ки рӯз ба рӯз шиддат мегиранд, монеаи раванди татбиқи сиёсати миллии баъзе кишварҳои хурд мегарданд.
Ҳоло абарқудратҳо бо ҳар роҳу васила барои таблиғ ва татбиқ намудани сиёсату идеология, фарҳанг, забон ва урфу одати худ кӯшиш мекунанд. Дар иҳотаи бархурди манфиати давлатҳои абарқудрати саноатӣ қарор доштани кишвари мо тақозо мекунад, ки ҳуввияти миллӣ, забон, урфу одат, мазҳаб ва дигар арзишҳои миллиро ҳифз намоем ва густариш диҳем.
Имрӯз, ҷараёни иттилоотрасонии муосир, истифодаи шабакаи интернет пешрафти босуръат дорад, пурра назорату таҳлил намудани ахбору маводҳои он душвору дар баъзе маврид ғайри имкон мегардад ва ҳар лаҳза эҳтимоли дастраси қишрҳои гуногуни ҷомеа гардидани маводу иттилооти ғаразноку хатарнок мавҷуд аст. Дар сурати ба фориғболӣ, бетарафӣ, аз даст додани ҳушёриву зиракии сиёсӣ ба иқтисоду сиёсат, субот, ҳуввияту фарҳанги миллии кишварҳо зиёни моливу маънавӣ расонида мешавад. Мисоли равшани онро дар табаддулоту ҷангҳои локалию давомноки бархе кишварҳо мушоҳида карда метавонем, ки дахолати абарқудратҳо ва дасти гуруҳҳои тундрави террористӣ ва экстремистӣ равшан мушоҳида мегардад.
Аз ин лиҳоз, барои давлат ва шаҳрвандони кишвари мо ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва ҳуввияти милии тоҷикона, таҳкими ҳамаҷонибаи раванди ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, донишҳои замонавӣ, зиракии сиёсӣ заруру ногузир аст.
Мо бояд хуб дарк намоем, ки инсон танҳо дар муҳити истиқлолу ваҳдати миллӣ зиндагии хуш, орому осуда дошта метавонад ва маҳз дар муҳити ваҳдату субот худро ҳам ҷузъи миллат ва башарият ҳис карда, аз ҳуқуқу озодиҳояш бархурдор мегардад. Эҳсоси ҷузъи ҷомеа будан ба инсон барои рафъи ҳамаи душвориҳои зиндагӣ нерӯ мебахшад. Худро зери ҳимояи давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳис кардан шаҳрвандонро ба орзуву ҳаваси зиндагӣ, обод кардани хонаву дар, эҳтиром ба қонуну тартиботи ҳуқуқӣ ва содиқона хизмат кардан ба Ватан ҳидоят менамояд.
Агар тоҷикон ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ намерасиданд, мавҷудияти давлат зери хатар қарор гирифта буд. Ҳатто баъзе нохалафон кӯшишҳои ба қисматҳо ҷудо кардани давлатро карда буданд. Маҳз хиради азалии мардуми кишвар, ҳуввияти миллӣ, роҳнамоиву хирадсолорӣ ва шуҷоату ҷасурии Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати моро аз ин вартаи ҳалокат раҳо намуд.
Пешвои муаззами миллат вобастагии устувор намудани пояҳои Истиқлоли давлатӣ аз худшиносӣ ва худогоҳии миллиро дарк намуда, тавассути таҷлили санаҳои таърихӣ, солгарди шахсиятҳои маъруф, навиштани асарҳои бунёдӣ доир ба таърих, забон ва фарҳангӣ миллӣ, ташкили озмунҳои гуногун, дастраси ҳар як хонаводаи тоҷик гардонидани китобҳои «Тоҷикон», «Шоҳнома», тарҷумаи тоҷикии «Қуръони Карим» ва дастраси хонандагон намудани онтаваҷҷуҳи мардуми кишварро ба омӯзиш, ҳифзи арзишҳои миллӣ, мазҳаб ва таъриху фарҳанги аҷдодони шарафмандамон ҷалб намуданд. Ин ташаббусҳои дурбинонаи Президенти кишвар на фақат имрӯз, балки дар оянда барои сарҷамъиву ҳаёти осоиштаи насли ояндасози кишвар хизмат менамояд.
Шахсе, ки воқеан худшиносу худогоҳ аст, масъулиятро дар назди давлат ва ҷомеа дучанд эҳсос менамояд.
Хислатҳои чунин ашхос дар ҳуввияти баланди миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳифзу гиромидошти забони давлатӣ, марзу бум, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ, эҳтироми қонунгузорӣ ва иҷрои дастуру супоришҳо дар кору фаъолият ва рисолати шаҳрвандӣ инъикоси худро меёбад.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар таъкид намуда буданд, ки танҳо соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва низоми дунявии давлатамон имконият фароҳам овард, ки миллатҳои гуногун ва пайравони дину мазҳабҳои мухталиф дар кишварамон фаъолияти динию эътиқодии худро дар доираи муқаррароти Конститутсияи мамлакат ва қонунгузории амалкунанда озодона анҷом диҳанд. Ин суханони Сарвари давлат аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар кишвари мо озодии виҷдон, дину мазҳаб кафолат дода шудааст. Шаҳрвандони кишвар ҳуқуқу озодиҳои худро дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ амалӣ менамоянд. Вақте мо манфиати миллӣ мегуем бояд дарк намоем, ки он манфиати тамоми шаҳрвандони кишвар аст ва дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ бояд ҳамеша омода бошем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз тавассути кӯшишҳои пайваста, корнамоиҳои бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворона ба давраҳои нав - эъмори давлатдории миллӣ, ки соҳиби иқтисоди устувор ва рушди бемайлон аст, ворид гардид. Аммо мутаассифона то ҳол баъзе афроди бетараф, дурӯяву духӯра ҳастанд, ки мавқеи шаҳрвандии худро аз даст дода, зери қаноти хоҷагони хориҷӣ тавассути шабакаи интернетӣ ҳарзагӯӣ намуда, мехоҳанд мардумро ба гумроҳиву тундравӣ, роҳи каҷу торик роҳсипор намоянд. Ин душманони давлату миллат дар баромадҳои бемаънии иттилоотии худ ҳама гуна дурӯғу буҳтонро истифода намуда, барои паст кардани ғуруру ифтихори миллӣ, ҳуввияти тоҷикӣ ва фарҳангу таърихи мо кӯшиш менамоянд.
Тавассути ҳуввияти баланди миллӣ мо бояд зидди тамоми хатарҳои мавҷудаи фарҳангҳои бегона ва дигар мафкураҳои ҷудоиандоз муборизаи беамон барем.
Мо бояд ифтихор намоем, ки тоҷикон таърихи беш аз 6000 сола дошта, то асри 7 пайрави дини зардуштӣ, оини маздоясно, тарғибгарони дини Ислом ва мазҳаби беолоиши ҳанафия ва поягузорони адлу инсоф ва меъёрҳои ҳуқуқии умумибашарӣ маҳсуб меёфтанд. Мо бояд хуб донем, ки мазҳаби ҳанафӣ ба арзишҳои миллӣ ва урфу одатимаҳаллӣ ҳеҷ гоҳ мухолифат надоштанд ва дини ислом шахсро ба роҳи рост ҳидоят мекунад, аммо экстремистони динӣ баръакс мехоҳанд инсонро ба гумроҳӣ, хурофоту ҷаҳолат ва бадбахтиҳо роҳнамун созанд.
Аҷдодони мо тавассути осору ашъор ва иродаи қавӣ дар имтиҳонҳои сангини таърих тоб оварда, забону ҳуввияти тоҷиконаи худро гум накардаанд, мо низ вазифадорем, ки онро ҳифз намуда, ба наслҳои оянда мерос гузорем.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ба шаҳрвандони кишвар муроҷиат намуда, таъкид доштанд, ки «дар шароити буҳрониву ноороме, ки ҷаҳони имрӯза қарор дорад, ҳифзи истиқлолу озодӣ, заҳмат ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан вазифаи аввалиндараҷаву ҳаррӯзаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мамлакат маҳсуб меёбад». Моифтихор аз он менамоем, ки имрӯз Тоҷикистон дар самти ҳалли муаммоҳои глобалии обу иқлим, таъмини сулҳу субот дар ҷаҳон давлати ташаббускор ба шумор меравад.
Имрӯзҳо ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан зиёиён бояд бо донишу маънавиёти баланд, ғурури баланди миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносӣ, масъулиятшиносӣ, ифтихори миллӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ташаббускорӣ дар ҳалли масъалаҳои мавҷуда, беолоиш нигоҳ доштани мафкураи мардум ва муборизаи беамон ба хоинони миллату давлат омода бошанд.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ба халқи кишвар муроҷиат намуда, таъкид менамоянд, ки ҳифзи содиқонаи Ватан, аз манфиатҳои дигар болотару афзал донистани манфиати давлату миллат, саъю талоши пайгирона ба хотири таҳкими пояҳои Истиқлоли миллӣ, чун неъмати бебаҳо ҳифз кардани соҳибихтиёрии Ватан, сулҳу суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ қарзи шаҳрвандӣ ва виҷдонии тамоми халқи Тоҷикистон мебошад.
Ҳамин тариқ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва ҳуввияти миллӣ дар шароити имрӯза барои мардуми мо масъалаи калидӣ, нангу номуси миллӣ ва ифтихори ватандӯстиву ватандорӣ мебошад.
Ҷабборзода Иброҳим,
дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»