ТОЗАНАШР: ҲАФТ РИСОЛА
Китоби «Ҳафт рисола», ки фарогири рисолаҳои арзишманди «Олим ва мутааллим»-и Имом Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит (маъруф ба Имоми Аъзам), «Гавҳаре ноёб»-и Шамсулмаолӣ Қобус ибни Вушмгир, «Одоби ҳамнишинӣ бо устодон ва ҳифзи ҳурмати онон»-и Абуабдурраҳмони Суламӣ, «Таълими донишҷӯ»-и Бурҳониддини Зарнуҷӣ, «Маҷолиси панҷгона»-и Саъдии Шерозӣ, «Гул ва наврӯз»-и Хоҷа Аҳмади Косонӣ ва «Маноқиб»-и Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ мебошад, ба нашр расид.
Дар байни ин рисолаҳо «Гул ва наврӯз»-и Хоҷа Аҳмади Косонӣ ва «Маноқиб»-и Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ аз нусхаи хаттӣ ба хати кириллӣ гардонида шуд. Китоб бо ташаббуси профессори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети забонҳои шарқ Насриддинов Фахриддин таҳия гардида, дар ҳаҷми 280 саҳифа дар нашриёти «Хуросон» ба нашр расидааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар маҷмуа рисолаҳо бо тартиби замони таълиф мураттаб гардида, дар оғози ҳама зимни муқаддима ё дар ҳошия сарчашмаи матн, арзиши илмӣ, мундариҷа ва ҷои нашри қаблии онҳо тавзеҳ ёфтааст.
Ҳамаи рисолаҳои дар маҷмуа интишоргардида бори нахуст барои хонандагони тоҷик пешниҳод гардида, барои маърифати бештари фарҳангофарии бузургони миллат, ғановатмандии осори илмию адабии ниёгон ва рушди худшиносии миллӣ муҳим дониста мешавад ва ба доираи васеи хонандагон пешкаш мегардад.
Маркази иттилоот ва таҳлил