​ТОЗАНАШР: «БАҲОРИ ХУБОН»

Китоби «Рабеъ-ул-аброр»-и Абулқосим Маҳмуди Замахшариро (ваф. 538 х./1144 м.), ки гузидае аз донишномаи ахлоқии ниёгон ба шумор меравад, профессори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети забонҳои шарқ Насриддинов Фахриддин таҳти унвони«Баҳори хубон» аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума намуд. Китоб дар ҳаҷми 492 саҳифа дар нашриёти «Хуросон» ба нашр расидааст.

Дар он фаслҳои муҳимми «Рабеъ-ул-аброр»-и Замахшарӣ интихоб ва тарҷума шуда, асли он аз шоҳкориҳои донишмандони тоҷик маҳсуб меёбад.

Мусаннифи китоб кӯшиш намудааст, ки дар он андарзу гуфтор, ахбору ашъор ва нақлу ривоятҳои пурҳикматро дар мавзуъҳои муҳим, аз илму ватандӯстӣ то садоқату саховату ҷавонмардӣ зимни бобҳои алоҳида фароҳам оварад.

Китоб барои таҳкими пояҳои худшиносӣ, перостагии ахлоқӣ ва ғановати фикрии ҷомеа судманд буда, ба ҳамаи ҷӯяндагони ҳикмату маърифат ва дӯстдорони мероси маънавии миллат тақдим гардидааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ