ТОЗАНАШР: КИТОБИ «ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Бо дастгирии Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ва бо тавсияи Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар нашриёти «Хуросон» китоби «Ҳадафҳои созандаи Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯи чоп омад.
Дар китоб муҳтавои асосии Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар дар солҳои 2015–2025 ба тариқи саволу ҷавоб шарҳу тавзеҳ ёфта, он аз ҷониби устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Сабурӣ Хайрулло таҳия гардидааст ва ҳаҷми умумии он 400 саҳифа (25 ҷузъи чопӣ)-ро дарбар мегирад.
Муқарризони китоб Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин – ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, Набизода Ваҳҳоб – доктори илмҳои таърих, Комилбек Амид – доктори илмҳои сиёсӣ ва Каримзода Мирзобадал –доктори илмҳои педагогӣ мебошанд. Муқарризон таъкид кардаанд, ки китоб дар муаррифии муваффақонаи сиёсати давлат ва таҳлили равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва стратегияи миллии кишвар нақши барҷаста дорад ва истифодаи маводҳои он дар раванди таълим, тарбия ва таҳқиқоти илмӣ муассир аст.
Яке аз хусусиятҳои муҳими китоб омода намудани муаррифӣ барои ҳар як Паём мебошад, ки истифодаи амалии маводро дар раванди таълим, корҳои тарғиботӣ ва таҳлилӣ осон мегардонад. Ҳамзамон, дар китоб бардоштҳои муҳими Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2000–2025 дар шакли ҷадвал ҷамъбаст гардида, рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, инчунин барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳои давлатӣ, ки дар заминаи Паёмҳо таҳия ва қабул шудаанд, инъикос ёфтаанд. Дар бахши хотимавӣ иқдомҳои созандаи Пешвои миллат, ки аз Паёмҳои солҳои гуногун бармеоянд, ҷамъбаст шудаанд.
Китоби «Ҳадафҳои созандаи Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун дастурамали муҳими роҳнамо барои муҳаққиқон, таҳлилгарон, устодон, донишҷӯён, таблиғгарон ва кулли ҷомеа пешбинӣ шудааст.
Маркази иттилоот ва таҳлил