Кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ
Мудири кафедра
Телефон барои маълумот
-
- +992935060061
- Телефон
-
- Бинои 1, ошёнаи 3
Кафедраи «Системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ» бо пешниҳоди Шўрои олимони Донишкадаи менеҷмент ва технологияҳои компутерӣ ва дар асоси қарори Шўрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо фармони Ректори Донишгоҳ таҳти №109 аз 23 сентябри соли 2005 таъсис дода шудааст. Дар назди кафедра ихтисоси системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ амал мекунад. Кафедра мутахассисонро барои кор дар соҳаи алоқаи барқӣ ва телекоммуникатсия омода менамояд. Аввалин мудири кафедра доктори илмҳои физика ва математика, профессор Мақсудҷон Умаров буданд, солҳои фаъолияти кориашон 2005-2007. Аз соли 2007 то 2008-ум вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои физика ва математика Раупов Н.Н., солҳои 2008 то 2012 номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Очилов А.У. ба ўҳда доштанд.
Шуруъ аз соли 2012 мудири кафедра номзади илмҳои техникӣ, дотсент Домуллоҷонов А.Д. таъин шуда, то соли 2019 фаъолият карданд. Оғоз аз декабри соли 2019 то ин ҷониб дар вазифаи мудири кафедра н.и.и., дотсент Сайдуллоев У. Ӯ. фаъолият дорад. Дар кафедра профессорон Қодиров А.Л., Розиқов З.А., Бойматов А., номзодҳои илм Ваҳҳобов А.А., Раупов Н.Н., Ҷӯраев М.К. дар солҳои мухталиф фаъолият бурдаанд.
Феълан дар кафедра 8 нафар омӯзгор, 2 нафар муштараквазифаи беруна, 1 нафар мудири озмоишгоҳ, 1 нафар коргузор ва 2 нафар кормандони техникӣ кор мекунанд. Кафедра бо истеҳсолот ва мутахассисони соҳаи телекоммуникатсия алоқаи зич дорад. Барои чуқур омӯзонидани фанҳои тахассусӣ кафедра бо мутахассисони варзидаи соҳаи алоқа аз ширкатҳои телекоммуникатсионии вилояти Суғд, аз ҷумла ҶСК “Тоҷиктелеком” ва ширкатҳои алоқаи мобилӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.
Дар кафедра дорои 2 лабараторияи таълимӣ бо номи “Системаҳои коммутатсионӣ” ва “Системаҳои ирсолӣ” амал мекунад.
Лаборатория-озмоишгоҳи №1 “Системаҳои коммутатсионӣ”. Дар ин лаборатория таҷҳизотҳои коммутатсионӣ, ба мисли истгоҳи телефонии намуди координатии АТСК-50/200М, тачҳизотҳои алоқаи мобилии ширкатҳои SIEMENS ва HUAWEI, истгоҳи телефонии хурди намуди Panasonic КХ – ТА 16 насб карда шудааст.
Лаборатория-озмоишгоҳи №2 “Системаҳои ирсолӣ”. Дар лабораторияи мазкур намунаҳои таҷҳизотҳои алоқаи мобилӣ ба монанди истгоҳи базавии BS, SSS, ва BSC ва 1 адад тахтаи электронӣ мавҷуд аст. Лабораторияҳои мазкур мақсаднок истифода бурда шуда, дар он дарсҳои амалӣ ва лабораторӣ аз фанҳои тахассусии “Системаҳои коммутатсионӣ”,”Системаҳои коммутатсионии рақамӣ”, ”Системаҳои алоқаи мобилӣ”, ”Хатҳои алоқаи беноқил”, “Асосҳои телекоммуникатсия”, “Системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ” гузаронида мешаванд.
Бо мақсади тайёр кардани мутахассисони ҷавон дар соҳаҳои муосири телекоммуникатсионӣ кафедра тасмим гирифтааст, ки дар соли хониши нави 2021-2022 ду ихтисосҳои навро таъсис диҳад:
- Системаҳои радифӣ ва рӯйизаминии алоқаи мобилӣ
- Ҳифзи иттилоот дар телекоммуникатсия
Оид ба таъсис додани ин ихтисосҳои нав ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост карда шудааст.