Кафедраи Электроника

Телефон барои маълумот

Кафедраи техникаи ҳисоббарор ва воситаҳои техникаи аудиовизуалии таълим кафедраи чавонтарини донишгоҳ маҳсуб меёбад. Соли 1990 дар асоси кафедраи фанҳои умумитехникӣ таъсис ёфта, аввалин мудири кафедра он номзади илмҳои фанҳои физика ва математика, дотсент Ғафуров Ҳ. мебошад. Мудири ҷавон дар бунёди базаи моддӣ-техникии кафедра, таъмини раванди таълим, якҷоя бо ҳайати омўзгорони соҳибистеъдод, дар ташкил ва тачҳизонидани лабораторияхо бисёр заҳматҳо кашидааст. Аз соли 1993 то 2000 профессор, доктори илмхои техникӣ, узви вобастаи Академияи муҳандисони ҶТ ва Руссия, аъзои Шўрои диссертатсионии донишгоҳӣ дар ш. Алма-ато Рабеҷонов Н. мудири кафедраро дар ўҳда дошт.

Дар кафедра омўзгорони пуртачриба - дотсент Ҷўраева Х. сармуаллимон Ахмадов Ҳ. ва Рўзимуродов А. аз фанни воситаҳои техникаи таълим, омўзгорон Юнусова У., Маҳмудова Н., Ашўрова Т. муаллимон Икромова И., Аҳророва М., Усмонов А. аз фанни мошинхои электронии хисоббарор машҒулият мегузарониданд. Аз соли 2001-2012 мудири кафедра, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Тошхўҷаев Ҳ. ба иҷро мерасонд. Аз сентябри соли 2015 вазифаи мудири кафедраро доктори илмҳои физика ва математика, профессор Тошхўҷаев Ҳ.А. то инҷониб уҳда дорад.

Кафедраи фанҳои умумитехникӣ. Соли 1976 дар асоси кафедраи асосҳои истеҳсолот кафедраи нави фанҳои умумитехникӣ таъсис дода шуд. Ба вазифаи мудири кафедра номзади илмҳои техникӣ дотсент В.А. Антонов таъин карда шуд. Дар ташкилу ғанӣ гардонидни базаи моддӣ- техникӣ ҳиссаи В.А. Антонов, Ч.Раҷабов, Х.Усмонов, А.Каюмов, А.Воҳидов ва А. Кодиров ниҳоят калон аст. Соли 1981 олим, номзади илмҳои техникӣ, А.Ҳоҷиев –мудири кафедра гардид. Ӯ дар давоми солҳои 1981-1991 аввал ба ҳайси мудири кафедра ва сипас дотсенти кафедра ба баланд бардоштани савияи дониши толибилмон, такмили раванди таълиму тарбия ва тайёр кардани мутахассисони баландсифат саҳми арзанда гузоштааст.

Солҳои 1991-2000 ба кафедра дотсент Ёқубов С. мудир мешавад. Аз соли 2000-2007 вазифаи мудири кафедра ба зиммаи дотсент Маҳмудов М. гузошта шуда буд. Дар ин солҳо ҷомеаи кафедра барои равнаку ривоҷ додани корхои илмӣ- тадқиќотӣ бо марказхои илмии собиќ Иттиходи Шўравӣ ба монанди Пажўҳишгоҳи кибернетикаи АИ ЧТ Узбекистон, донишгоххои ш Ригаю Москав, Душанбе, бо заводҳои «Алмос»» Точикстандарт», «Садаф» робитаи илмию эчодиро устувор гардонидаанд. Саҳми устодони кафедра дар равнақ ва ривоҷи корҳои илмиву тадкикотӣ низ назаррас мебошад. Алҳол аъзоёни кафедра ба таҳкики масоили омўзиши илмӣ ва истифода аз таҷҳизотҳои навтарин дар раванди таълим кор ва фаъолияти худро беҳтар ба роҳ монда истодаанд.