ВОЙ БАР ҲОЛИ РОСТГЎЙИВУ ҲАҚИҚАТНИГОРӢ

Мусоҳибаи ба ном як тан аз ҳомиёни ҳуқуқи башар ва кўдак Шабнам Худойдодова дар сомонаи ифротии Сайидюнуси наҳзатӣ зери сарлавҳаи пурҳангомаи «Ҳимоят аз ҳуқуқи кўдакон, барои ман дар дараҷаи аввал қарор дорад» нашр шуд. Воқеан, тамоми мусоҳибаю матолиби наҳзатӣ ва ба ном мухолифин таҳти сарлавҳаҳои ҳангомабарангез интишор меёбанд. Мусоҳиба кўтоҳ аст, аммо дар ин мусоҳибаи кўтоҳ бону Шабнам хеле дурўғ гуфта ва дурўғ парокандааст. Ба посухҳои ў дар чанд нуқта тавзеҳот манзур месозем:

- Мушкил ин ҷост, ки Шабнам Худойдодова ҳеҷ гоҳ дар фикри дигарон набуда ва нест ва танҳо ба василаи ҳангомасозиҳояш мехоҳад ҷомеаи аврупоиро ба персонаи худ ҷалб намояд. Аз кай боз ҳомии ҳуқуқи кўдакон шудани ин бону маълумаст. Ҳамин ки ба Аврупо паноҳанда шуд, дигар дар пайи ҳифзу дифои ҳуқуқҳои кўдакон иқдом намуд, то ин ҳангом ба чӣ кор машғул буд. Ҳангомасозӣ кардан ва симои худро дар маърази тамошои ҷомеаи аврупоӣ гузоштан имрўз ба кори рўзмарраи ба ном мухолифини тоҷик табдил ёфтааст ва Шабнам аз ин қоида истисно нест. Барои он ки дар ҷомеаи мадании аврупоӣ шинохта шавад, ба ҳангомасозии матбуотӣ ва расонаӣ машғул мешавад. Аммо ҷомеаи мадании аврупоӣ даргири умури худ ҳаст ва ба ин навъ шиорпароканию ҳангомасозиҳо, аслан таваҷҷуҳ намекунад ва фурсат ҳам надорад.

- Аслан, аз дасти Шабнам – ин ҳомии ҳуқуқ коре барнамеояд ва он чизе ки то имрўз анҷом пазируфтааст, таъсири фаъолияти ў нест. Доираҳои ҳуқуқи аврупоӣ, ки бо элитаҳои сиёсии манфиатхоҳи ғарбӣ дар робитаи танготанг қарор доранд, аз ин қазияҳо манфиати худро меҷўянд, бинобар ин, тамҷиду ситоишҳои Шабнам характери мардумӣ надоранд. Аз ҷониби дигар, озод шудани нафароне, ки зиндонӣ буданд ва дахолати доираҳои ҳуқуқи ғарбӣ ба ин масъала ба Шабнам дахле надорад.

- Дар Тоҷикистони кунунӣ ҳама чизатон озодаст, аммо озодӣ ва истиқлол дар доираи қонун авлавият дорад. Озодӣ гуфта, ҳар кореро ки мехоҳем, кардан гирем, аз ин мафҳум ҳеҷ чизи муқаддас боқӣ намемонад. Ҳуқуқи қудак имрўз ҳам риоят мешавад, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи кўдак узвият дорад. Дар нишастҳои созмонҳои марбута ширкат меварзад, барои ҳифзи ҳуқуқи кўдакон ҳама кор анҷом дода мешавад. Аммо намегузорад, ки ду-се нохалафе дар пардаи дину мазҳаб пинҳон шуда, истиқлолияти давлатиро зери хатар гузорад. Агар тақдири ин миллату давлат ба дасти нафароне чун Шабнам гузошта шавад, дар ҳадди аксар қонунбофию қонунсозӣ карда, ҷомеаро ба арсаи бозиҳои сиёсӣ тела медиҳанду худ хушк аз об баромада, боз ба хориҷ паноҳ мебаранд. Ин навъи дар нохунак «дилсўзиҳо»-ро мо бисёр дидаем.

- Тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба назари Шабнам барои кўдаки ў – Фотима мубори забурд, вале дар дунё ҳазорон-ҳазор кўдак аз нарасидани оби ошомиданӣ, сатҳи баланди зўроварӣ, ғуломӣ, бадрафторӣ ранҷ мебаранд, ҷойи зист надоранд, бесарпаноҳанд. Чаро созмонҳои байналмилалӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ намекунанду ба овардани кўдаки Шабнам ин қадар пофишорӣ менамоянд? Посух яқинаст: Ин созмонҳо ба нафароне кумак мекунанд, ки ба манфиати онҳо кор мекунанд, вагарна чаро ба тақдири кўдакони дигар бетафовутӣ зоҳир менамоянд? Хангомаи овардани духтари Шабнам ва набераи Кабириро ҳамаи расонаҳои дохилию хориҷӣ интишор доданд ва ҳатто назди худ пурсишеро матраҳ накарданд, ки чаро ба қазияи миллионҳои кудаки бесарпаноҳи сайёра расидагӣ намешавад ва чаро маҳз қазияи набераи Кабирӣ ва духтари Шабнами Худойдод, ки барои давлату миллат заррае хидмат накардаанд, пайгирӣ шудааст? Бар илова, баргаштани модари Шабнам чӣ мушкиле дорад, бигзор, баргаштан гирад. Касе ба ў кор надорад. Дар зимн, худи Шабнам қазияро хусусӣ кардан мехоҳад ва онро нобихрадона ба“зулми” Ҳукумат рабт медиҳад. Магар Роҳбарияти кишвар дигар коре надорад, ки ба модар ва духтари як нафар бону (ва он ҳам бонуи ношинохта) кор мегирад?! Ҳабс кардани модари як нафар бонуи аз ватан фироркарда ба давлат чӣ лозим? Воқеан, айбаст, айби калон, бонуи азиз Шабнами Худойдод!

- Ҳақиқатгўйиҳои Шабнам ҳақиқатгўйиҳои қаҳрамони латифаҳои халқӣ Афандиро мемонанд, ки дурўғҳои бофтаи худро бовар мекунад. Кадом ҳақиқатро ин бонуи азиз мегўяд, мо намедонем. Агар ҳамон иғвогарию иттиҳомзанӣ ба унвони ҳақиқат шинохта шавад, вой бар ҳоли ростгўйиву ҳақиқатнигорӣ!

Шарипова Муътабар – дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ