Ватандорӣ ба кирдор аст на бо митинг...
Ватандорӣ ба кирдор аст на бо митинг...
Ҳамаи мо дар чанд рӯзи охир доир ба даъватҳои ноҷояи намояндагони ба ном “тоҷикистонӣ” дар Аврупо хабардор ҳастем ва мутмаинем, ки бо чунин даъват ва шиорпартоиҳо мухолифини ҳукумати кишвари мо ҳаргиз ба ғаразу мақсадҳои нопоки худ намерасанд.
Мардуми кишвари мо дигар саҳви солҳои 90-умро такрор намекунанд ва ба суханони ҳар бадхоҳу бадниҳод бовар надоранд.
Гирдиҳамоие, ки дар Берлин бо мақсади озод кардани зиндониёни сиёсӣ баргузор мегардад, саҳнаи сиёсии сохтакорона аст, ки коргардонаш созмонҳои манфиатҷӯву ғаразхоҳ ва иҷрокунандагонаш зархаридону раҳгумзадагони тоҷикистониянд.
Ба кулли сокинони кишвар муроҷиат карда мегӯем, ки ба тарғиботи бардурӯғи онҳо гирифтор нагарданд, зеро ҳадафи аслии онҳо наҷоти зиндониёни сиёсӣ набуда, балки обро лой карда моҳӣ доштан аст. Аҷиб он аст, ки барои расидан ба мақсади нопоки худ узбекону дигар мардуми Осиёи Миёнаро, ки дар Аврупо зиндагӣ мекунанд, ба гирдиҳамоӣ ҷамъ мекунанд.
Дар кишвари бегона, боз бо ҷалби шаҳрвандони кишварҳои дигар ҳамоиш ташкил кардан магар ба фоидаи Тоҷикистон аст? Ҳаргиз чунин нест. Агар ҳақиқатан дӯстдори тоҷикистонед, биёед дар Ватан омада кор кунед. Агар сарватмандед,марҳамат карда як мактаб ва ё бунгоҳи тиббӣ созед.
Гирдиҳамоӣ кардан осон, Тоҷикистонро бадном кардан ба назари шумо осон аст, аммо ҳар кирдоре, ки шумо мекунед, як зарба ба кишвари мо аст. Аз ин гирдиҳамоии шумо миқдори сайёҳон ба кишвар кам гаштанашон мумкин аст, ки ин ҳам ба фоидаи ҳамватанон нест.
Ватандорӣ на ба гуфтор, балки кирдор аст, инро бояд донед!
Мирмухамедов О. - муовини декани факултети забонҳои шарқ оид ба таълим