Озмун: Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» тасмим гирифтааст, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии муаллифони мақолаҳои публитсистӣ озмуни ҷумҳуриявиро миёни қаламкашони ҷавон дар мавзӯи «Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист» бахшида ба таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон доир намояд.

Аз ин рӯ, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорони ҷавон, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ метавонанд мақолаҳои худро барои иштирок дар озмун ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тариқи хаттӣ ва электрони (tjavononi@gmail.com) пешниҳод намоянд.

Муаллифони ҷавони беҳтарин мақолаҳои публитсистӣ дар арафаи Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ