Неши ақраб на аз роҳи кин аст…

Мегӯянд, ки ҳақиқат қат шавад ҳам, намешиканад. Ҳама огоҳанд, ки Тоҷикистони замоне ҷангзада имрӯз ба кадом комёбиҳо ноил гардида истодааст, чӣ пешравиҳо дар ҳама соҳа: иқтисодиёт, сиёсат, маориф, фарҳанг ба назар мерасад. Чунин рушдро танҳо шахсе дида метавонад, ки дили софу беғаш дошта бошад. Мутаассифона, ашхосе дар ҳама давру замон вуҷуд доштанд ва доранд, ки нотавонбинӣ зоҳир намуда, тинати нопоки мисли ангишт сиёҳи хешро бо ҳар васила нишон медиҳанд:

Агар бигзарӣ сӯи ангиштгар,

Аз ҷуз сиёҳи набинӣ дигар.

Дар Эъломияи матбуотии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗСТ) маҳз ҳамин чиз ба таври равшан ба мушоҳида мерасад. Аслан чунин афрод на парвои кушташудаҳову захмиҳои зиндони рақами №3/3-и Хуҷандро доранду на озод гардидани вазири собиқи саноат Зайд Саидов, муовини раҳбари ҲНИ Муҳаммадалӣ Ҳаит ва вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёровро мехоҳанд. Онҳо барои амалӣ кардани мақсадҳои нопоки Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз баҳонае беш нест. Ба қавле, онҳо мехоҳанд, обро лой карда моҳӣ доранд. Чунин даъват ва амали ин гуна ашхос рафтори иддае аз мансабгадоёни шикампарасти охири солҳои 90-умисадаиХХ-ро ба ёди кас меорад, ки халқи бечораро истифода карда хостанд, ки ҳадафҳои муғризонаи хешро амалӣ созанд. Вале баъдан маълум шуд, ки онҳо чунин «ғамхорӣ»-ҳоро фақат барои соҳибгардӣ ба курсие намудаанд. Кору зиндагии чунин ашхос ақраберо мемонад, ки ба мӯҷиби табиати бад доштанаш ҳадафаш танҳо ба атрофиён зарар расонидан аст:

Неши ақраб на аз роҳи кин аст,

Муқтазои табиаташ ин аст.

Кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ