Нақшаҳои носозгор амалӣ нахоҳанд шуд!
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗТ), ки дар бораи баргузории “гирдиҳамоии бузург” дар Берлин хабар медиҳад, ҷуз бадбину ҳасуд нест. Гирдиҳамоӣ бо талаби озодии Зайд Саидов, Муҳаммадалии Ҳайит ва Бузургмеҳр Ёров, ки Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукумати Тоҷикистон озодкунии онҳоро талаб кардааст, аҳмақона ва душманона аст. Зеро нафарони зикршуда, ки онҳо озодидаашонро мехоҳанд, хоинон ва бадхоҳони давлату миллати тоҷик буда, ҳеҷ гоҳ барои ободӣ қадаме нахоҳанд гузошт.
Бо итмонони комил гуфта метавонем, ки КШКГЗСТ барои ташкил ва баргузории гирдиҳамоии мазкур ҳилаҳо ва сиёҳкориҳои зиёдеро ба кор бурда, аз баҳри ду танга худро фурӯхтааст ва мақсадаш вайрон намудани фазои шукуфои Тоҷикистонмебошад.
Мардуми хушиқболи тоҷик бо ватани худ Тоҷикистон, ки ҳар рӯз ранги наву ҳусни тоза мегирад ҳемеша ифтихор мекунад. Ин ифтихор самараи неки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.
Шукрона мекунем, ки тоҷикон миллати соҳибтамаддун, худшинос ва худогоҳ буда, неку бадро хуб мефаҳманд ва ба амалӣ шудани нақшаҳои носозгор роҳ намедиҳанд.
Саидғанизода Саидсултонхон- PhD докторанти кафедраи филологияи араби ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров