Наҳзатиён афроди нобакор
(Изҳороти мутахассиси шуъбаи аспирантура Ёқубова Маҳфуза)
Дар кишвари азизи мо Тоҷикистон озодии виҷдон комилан ҷорӣ гардидааст ва тақрибан кулли шаҳрвандониТоҷикистон мардуми мусулмонанд. Азбаски оини ислом саршор аз андешаҳои башардўстона ва адлу дод аст, он бо низоми давлатдорӣ дар Ватани мо мувофиқ ва муштарак мебошад.
Вале гоҳ-гоҳе шунидани хабарҳои нохуш доир ба амалҳои хиёнаткоронаи афроди моҷароҷў, ки чунин зиндагии осудагии моро ноором карданӣ мешаванд, ҳар каси солимфикр ва ватандўстро ба ғазаб меорад.
Бинобарба манбаъ шаби4 ноябр дар назди посгоҳи БДА дар маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ гуруҳи ҷавонони ин маҳалла иборат аз 5 нафарба мошини хидматии роҳбари посгоҳҳои доимии БДА бо мақсади нопок ҳамла карда, кўшиш карданд, кивазъи ҷамъиятиишаҳриХоруғронооромгардонида аз марзи Афғонистон миқдори зиёди маводи мухаддир ва силоҳро дохил намоянд, вале ба ҳадафи хешрасида натавонистанд. Бо ин ният ҳарчанд кирдорҳои гўшношунидеро роҳандозӣ карда буданд, вале ба мақсад расида натавонистанд.
Холо ҳам баъзе аъзоҳои ашхосоне ёфт мешаванд, ки дар сарзамини давлатҳои дигари ҳамҷавор пинҳон шуда,кўшиши расонидани зарар ба зиндагии ороми мардуми Тоҷикистон доранд. Аммо бояд ҳамагон огаҳ бошанд, ки Тоҷикистони мо бо тамоми кишварҳои дуру наздик танҳо сиёсати дўстиву рафоқати самимиро пеш андохтааст, ки ҳеҷ кас фирефтаисуханони ифродгар нахоҳад шуд.