Ҷинояткор бояд ҷазои худро бинад!
Аъзоёни ТЭТ ҲНИ бешармона худро ҳомии сулҳ эълон мекунанд, вале дар асл агар ба таърихи ташаккулёбии ҳизб нигоҳ намоем,суханҳои онҳо ба мантиқ тамоман рост намеояд. Зеро ин ҳизб корҳое, ки солҳои 90 - уми асри XX ба сомон расонидааст, ҳоло аз ёди мардуми тоҷик нарафтааст. Аъзоёни ин ҳизб бешармона барои рўйпуш кардани гуноҳҳои содиркардаи худ ташкилотҳои нав ба нав таъсис дода боз ҳамон корҳои солиҳои 90-уми асри гузаштаро дар миқёси Тоҷикистон, балки берун аз он давом дода истода ҳамеша кўшиш менамоянд, ки дар Тоҷикистон нооромиро ташкил кунанд. Паҳн намудани ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ин ба нооромию нотинҷии халқ оварда расонида, давлатро ба парокандагӣ мубаддал мегардонад. Онҳо дар ҳаёти худ боре барои беҳбудии миллати тоҷик фикре накарда буданду намекунанд ҳам. Онҳо кўшиш ба харҷ дода истодаанд, ки бо ягон баҳонае дар байни мардуми тоҷик иғво андозанду боз ба монади солҳои пешин ҷанги шаҳрвандиро барпо намоянд. Аз ин хотир мақсад аз гирдиҳамои бо талаби озодии Зайд Саидов, Муҳаммадалии Ҳинт ва Бузургмеҳр Ёров, ки Созмони миллали муттаҳид аз Ҳукумати Тоҷикистон озодкунии онҳоро талаб намудааст, ки ин се нафар бар зидди оромию ободии кишварамон чандин корҳои бесару сомониҳоро ба анҷом расонида, мардумро пароканда намудаанд. Ҳар як шахсе бар хилофи қонун фаъолият намоядбояд ҷазои худро бинад. Шумо ташкилкунандагони гирдиҳамоӣ бо ин рафторатон бори дигар худро аз ҷиҳате нишон дода истодаед, ки Шумо ҷонибдори қонунвайронкунандагон мебошед. Ин на яку ду бор аст, ки Шумо азташкилотҳои Аврупои дархост доред, ки кўмакҳои иқтисодӣ ва молии худро ба Тоҷикистон қатъ кунанд. Шумо бо ин рафторатон ба пешравии Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон зид будани худро нишон дода истодаед. Оё Шумо аз ба истифода додани чархи якуми НОБ Роғун, ки иншооти аср меноманд, хабар надоред? То кай худро ба нодони мезанеду буҳтонҳои нав ба навро ба сари Ҳукумати Тоҷикистон бор мекунед. Мо боварии комил дорем, ки то шахс ҷинояте содир накунад ба ҷавобгарии ҷинояти кашида намешавад. Аммо мутаасифона Шумо барин як гуруҳ шахсоне ёфт мешаванд, ки мақсади асосии онҳо дар арсаи байналмиллал паст задани обрую эътибори Ҷумҳуриамон мебошад ва мо боварии комил дорем, ки онҳо ба мақсади худ намерасанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи тараққикардаи шаҳрвандиро дорад, ки тамоми фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ба он равона гардидааст ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми кўшишу ғайрати худро барои баланд бардоштани обрўву нуфузи давлатамон дар арсаи байналхалқӣ равона намуда, дар самти беҳбудии зисти мардуми кишварамон барномаҳои дурнамо таҳия ва амалӣ гардонида истодааст.
Устоди донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Набиева М.