Изҳорот ба гирдиҳамоии нохалафон

Баъди огаҳӣ пайдо кардан аз хабари бо ном кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон маълумот пайдо паҳн гардид, ки гуё 10 декабри соли ҷорӣ дар рӯ ба рӯи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлини пойтахти Олмон гирдиҳамоии бузурге баргузор хоҳад гашт. Эътирозчиён талаботҳои беасосу бемантиқи худро ба назди Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд гузоранд. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон давлати демкоратӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Талаби онҳо аз мақомоти Тоҷикистон аз маҳбас озод кардани Зайд Саидов, Муҳаммадалии Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёров аст. Вале онҳо аз асли воқеа огоҳ набуда, кӯр-кӯрона баҳогузорӣ карда ба давлату миллати худ зид мебароянд. Имрӯз сиёсати Тоҷикистонро тамоми давлатҳои ҷаҳон дастгирӣ менамоянд ва ин муваффақияти калон маҳсуб меёбад. Аммо баъзе аз ноинсофон ин пешравии давлату кишварро ҳатто дида наметавонанд.

Оё ин гирдиҳамоӣ ба кишвари мо обрӯву тинҷӣ меоварад? Агар ба аблаҳони ватанфурӯш ҳамроҳ гардем давлат тамоман несту нобуд мегардад. Пас бояд имрӯз сари ин масъалаи ҷиддӣ андеша кунем.

Мо омӯзгорони ҷавон тарафдори сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем ва ҳамеша барои ҳимояи ватан омода ҳастем!

Ҳотамова М.Ғ

Муаллимаи кафедраи

умумидонишгоҳии фалсафа

.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ