Ҳуқуқу озодиҳои кӯдак
Шабнам Худойдодова, ки худаш дар хориҷи кашвар мебошад чи гуна вазъияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил карда метавонад. Аз сарчашмаҳои нопок истифода бурда, ба амну суботи кишвар дахолат кардан мехоҳад.Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 августи соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ба имзо расониданд. Дар сархати 8-уми моддаи 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омада, ки падару модар ҳуқуқ доранд бо раванди таълиму тарбия, мазмуни таҳсилот, давомот ва сатҳу сифати донишандӯзии фарзанд шинос шаванд. Аз ин рӯ, саъю талош бояд кард, ки дар ҳамбастагию иртибот бо аҳли ҷомеа падару модарон рисолати хешро Аз расонаҳои интернетӣ гуфтугӯи Шабнам Худойдодоваро бо хабарнигори пойгоҳи Кимиёи саодат мутолиа кардем. Ӯ баён кардааст, ки дар Тоҷикистон ба ҳуқуқҳои кӯдакон таваҷҷуҳ дода намешавад. Ҳангоме, ки Шабнам худро фаъоли ҳуқуқи башар меҳисобад ӯ бояд донад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи ҳуқуқи қӯдакро 26 июни соли 1993 тасдиқ карда аст.Дар заминаи ин қонун дар Чумҳурии Тоҷикистон якчанд қонуну меъёрҳои ҳуқуқӣ ҳастанд, ки тамоми ҳуқуқу озодиҳои кӯдаконро кафолат медиҳанд. Дар тӯли 27 соли соҳибистиқлолӣ дар тамоми гушаву канорҳои Тоҷикистон муассисаҳои томактабиву мактабӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошанд. Ҳар сол Пешвои муаззами миллат зимни сафарҳои худ ба шаҳру ноҳияҳо ҳамавақт якчанд иншоотҳои иҷтимоиро барои кӯдакону наврасон ба истифода медиҳанд. Имрӯзҳо тамоми муссисаҳои таҳсилоти миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон мебошанд ба ғайр аз ин ҳазорҳо ҷавонон дар донишгоҳҳо ба тариқи буҷавӣ таҳсил мекунанд.
Дар тарбияи ҳамаҷонибаи фарзанд сарбаландона иҷро намуда, наслеро ба воя расонанд, ки дар рушду тараққии кишвар саҳми созандаи худро гузоранд. Қонуни мазкур барои қавитар намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ пешбинӣ карда шудааст.
Саркорбобоева М.М - омўзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ
ва фарҳангшиносии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”