Гирдиҳамоии беҳадаф

(Изҳороти ҷонишини сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Раҷабов Б.)

Дар назди сафорати Тоҷикистон дар Аврупо ташкил намудани гирдаҳамоӣ аз ҷониби ТЭТ ҲНИ бори дигар собит сохт, ки нерўйи тахрибкори ифротӣ дар ҳама ҷо боиси нигаронии мардум ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мегардад. Дар гирдиҳамоӣ бисёр нафароне гирд омадаанд, ки мехоҳанд бо андешаҳои иғвоангезона ва дорои ахарактери террористидошта ҷавононро дар хориҷи кишвар гумроҳ намоянд, вале намедонанд, ки ин ҷавонон дигар аз он чавонони солҳои навадуми ба куллӣ тафовут доранд. На ин ки дар дохили мамлакат, балки дар хориҷ низ Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ҳамчун муассисони чанд ҳодисаи террористӣдар кишвар шинохта шудаанд ва ин ҳангомаҳо барои аз нав худсафеткунӣ тарҳ гузошта шудааст, ки бебунёд мебошанд. Мардуми тоҷик хиёнатҳои ТЭТ ҲНИ –ро дар оғози солҳои навадум то имрўз бисёр дидааст ва дар оянда низ хоҳад дид. Ин мазҳабфурўшони бемазҳаб ба дину имони худ, ки содиқ нестанд, ба мардуму кишварашон низ садоқат нахоҳанд варзид. Мо ин гуна нафаронро маҳкум хоҳем кард.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ