Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад
Вазъи ҷаҳони муосир ҳамеша ҳушёру зирак буданро металавбад. Имрӯзҳо нерӯҳое ҳастанд, ки метавонанд зери нуфузи таъсиргузории хориҷӣ қарор гирифта, вазъи ҷомеаро ноором созанд. Аз ин рӯ, шаҳрвандоне мавҷуданд, ки метавонанд боиси нооромии вазъи ҷомеа гарданд. Ниҳодҳои диниву мазҳабии насҳати ислом аз қабили онҳост. Ин ҳизб баъди қатъи фаъолияти худ ва паноҳ бурдан ба хориҷаву пайвастан бо гурӯҳҳои ифротии муқимии хориҷа дар андешаи ноором кардани вазъи ҷомеаи кишвар аст. Вақт собит намуд, ки ҳизби мазкур қудрат ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоии кишварро надошт. Ин ҳизб бо вуҷуди ба даст овардани ҳуқуқи фаъолияти расмӣ, натавонист ҷойгаҳи устувореро дар арсаи сиёсати кишвар касб намояд, аммо ин ҳизби номбурда, бо корбурди номи ислом васӯиистифода аз эътиқоди мардум то ҳанӯз сайю талошҳои иғвоангезро ба роҳ мондааст.
Дар рӯ ба рӯи сафорати ҶТ дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон гирдиҳамоии ба нақшагирифташударо, ки бояд 10-уми декабри соли ҷорӣ баргузор мегардад маҳкум намуда, роҳҳои пеш гирифтанимуносибатҳои дипломатиро бамаврид ва зарур меҳисобем, чунки фармудаанд:
Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд дид,
Дареғ суд надорад, ки кор аз даст рафт.
Мо хоҳони сулҳем.
Изҳороти Мухторова М. – сармуаллимаи
кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ