​АВОМФИРЕБӢ ТО КАЙ ДАВОМ ДОРАД

Барои мардуми Тоҷикистон сулҳу ваҳдат неъмати бузургест, ки бо талошу фидокориҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон насиб гардидааст. Имрӯз, ки мамлакат бо баракати ҳамин сулҳу ваҳдат ба марҳалаи созандагию бунёдкорӣ ворид шуда, пайваста рушд мекунад. Аммо душманони миллат мехоҳанд, ки давлатро ғасб намуда, мардумро бори дигар ба гирдоби фоҷиа ва нобасомониҳо кашанд. Хабаре, ки кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо пахши эъломияи матбуотӣ эълон кардааст, яъне 10 декабри соли ҷорӣ дар рӯбарӯи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон гирдиҳамоии бузурге ташкил мекунад, кору найрангҳои навбатии ҷоҳилони миллати худ аст. Онҳо мехоҳад, ки нафрати мардуми гумроҳро нисбати роҳбарияти кишвар бедор кунад.

Аммо онҳо намедонад, ки фикру мулоҳизаҳои шахсони ғаразгӯӣ ба ҳеч вақт ба мақсади худ намерасад. Воқеиятҳои имрӯз нишон медиҳанд, ки дигар мардум ба ин хел ҳизбу ҳаракатҳои эътимод надоранд ва амалиётҳои онҳо барои ҷомеаи тоҷик комилан нолозим аст. Онҳо як чизро фаромуш карданд, бо ин хел ҳаракатҳо аз дили мардум ҷой гирифта наметавонад, баръакс дар қалби инсонҳо ба худашон нафрат пайдо карда истодааст.

Р. Усанов - дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ