Андешаҳои бемантиқ

(Изҳороти Ҳусанбоев Н. – мутахассиси пешбари раёсати илм ва инноватсия )

Кумитаи шаҳравандии наxоти гарафгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоxикистон бо пахши эъломияи матбуотӣ эълон кард, 10-уми декабри соли xорӣ дар рeбарeи Сафорати Xумҳурии Тоxикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон гирдиҳамоии бузурге баргузор хоҳал кард.

Гирдиҳамои бо талаботи озодии Зайд Сидов, Муҳаммадалии Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёров, ки Созмони милали муттаҳид аз ҳукумати Тоxикистон озодкунии онҳоро талаб кардааст, баргузор хоҳад шуд.

Бояд қайд намуд, ки қувваҳое ҳастанд, ба сиёсати дохилии кишвари дахолат менамоянд. Ин қувваҳо бо шиорҳои демократия, озодихоҳӣ баромад намуда, ба ин васила барои халадор кардани фазои орому осудаи кишвар манфиатдоранд. Гeё ин нафарон намехоҳанд, ки ҳуқуқи инсон дар кишвари мо поймол нагардад. Вале пай намебаранд, ки бо ин рафтору амалҳо ва ҳаракатҳояшон ба сиёсати дохилии Тоxикистон дахолат намуданашон худ хатогии сиёсӣ аст.

Дар робита ба ин нақшаҳои бенатиҷаю беасоси худро мехоҳанд бо кӯмаки башардӯстона амалӣ намоянд. Агар ин нафарони мунофиқ аз кирдори нохалафи худ ва ҷурми носипосиҳояшон нисбат ба давлату миллати хеш бехабар бошанд ҳам, лекин ҷомеа ва халқ ҳеҷ гоҳ ин амали нопоки эшонро аз хотир фаромӯш накардааст ва намекунад.Ин афрод, пас аз кирдорҳои нангин дигар аз кӯмак ва дастгирии халқи худ умедвор нашуда ва ҳатто рӯй оварда натавониста, аз созмонҳои байналмилалӣ паноҳҷӯйӣ кардаанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ