Таваҷҷуҳ: ​Муҳтарам хатмкунандагони соли 2017, ки донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳуриро бо ихтисосҳои педагогӣ ва технологияи компютерӣ хатм намудаед!

Вазорати маориф ва илм Шуморо барои иштирок дар пурсиши хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ оид ба масъалаҳои ба кор таъминшавӣ даъват менамояд.

Мақсади ин тадқиқот ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи таҷрибаи хатмкунадагони муассисаҳоитаҳсилоти олӣ оид ба ворид шудан ба бозори меҳнат, раванди ба кор таъминкунӣ ва қаноатмандии онҳо аз таҳсилот мебошад.

Маълумоте, ки Шумо дар доираи ин таҳқиқот пешниҳод мекунед, ба Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин донишгоҳҳо барои ворид намудани тағйирот ба низоми таҳсилоти олӣ ва таҷдиди барномаҳои таълимӣ кӯмак хоҳад кард.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки басаҳифаи интернетии http://gts-center.tj/question/ ворид шуда,пурсишномаро пур кунед. Барои гирифтани рамз Шумо метавонед ба суроғаҳои зерин муроҷиат намоед:

Телефон: 488884042

Почтаи электронӣ: gts.2019@mail.ru


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ