ҚАБУЛ БА ДОКТОРАНТУРА
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ «ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ» ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОНРО БА ДОКТОРАНТУРА АЗ РӮИ ИХТИСОС (РhD) БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2019–2020 БА ТАРЗИ ТАҲСИЛИ РӮЗОНА АЗ РӮИ ИХТИСОСҲОИ ЗЕРИН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
6D010200 | Педагогика ва методикаи таълим | |
6D010300 | Педагогика ва психология | |
6D010700 | Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ | |
6D020300 | Таърих | |
6D020900 | Шарқшиносӣ | |
6D020500 | Филология | |
6D021400 | Адабиётшиносӣ | |
6D021300 | Забоншиносӣ | |
6D050600 | Иқтисодиёт | |
6D050800 | Молия | |
6D050900 | Баҳисобгирӣ ва аудит | |
6D060100 | Математика | |
6D060400 | Физика | |
6D060600 | Химия | |
6D060700 | Биология | |
6D060900 | География | |
6D070300 | Системаҳои иттилоотӣ | |
6D091100 | Геоэкология ва идоракунии истифодабарии табиат | |
6D075100 | Информатика, техникаи ҳисоббарор ва идоракунӣ |
Шартҳои қабул ба докторантура аз рӯи ихтисос (РhD)
Ба докторантура - доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос дар шакли таҳсили рӯзона шахсоне, ки дараҷаи академии «магистр» доранд, қабул карда мешаванд.
Довталабоне, ки ба докторантура - доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос қабул мешаванд, бояд яке аз забонҳои хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, франсузӣ, чинӣ ва ғайра)-роозодона донанд.Бо ин мақсад довталабони докторантура дар баробари имтиҳонҳои дохилшавӣ азихтисос, ҳамчунин аз яке аз забонҳои хориҷӣ имтиҳони дохилшавӣ месупоранд.
Шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба докторантура - доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос дохил мешаванд, иловатан аз фанни забони тоҷикӣ имтиҳони дохилшавӣ месупоранд.
Барои дохилшавӣ ба докторантура чунин номгӯи ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намоед:
-ариза ба номи ректор;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи нотариалӣ тасдиқкардашудаи дипломҳои таҳсилотиолӣ ва баъдидипломӣ ва замимаҳои он (дипломи бакалавр ва магистр);
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ карда шудааст (ҳангоми доштанисобиқаи корӣ);
-сертификати супоридани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ, дар сурати мавҷуд будан (TOEFL ва ғайра);
-мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);
-рӯйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ (дар ҳолати надоштан, пешниҳод намудани реферат аз рӯи ихтисос бо тақризи на кам аз ду мутахассиси соҳа);
-розигии хаттии роҳбари илмӣ;
-асосномаи таҳқиқоти диссертатсионии ба нақшагирифташуда дар мувофиқа бо мушовири илмӣ (тибқи дархости муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ);
-тасдиқномаи тиббӣ шакли 086-У;
-6 расми андозаи 3х4.
Ҳуҷҷат аз 1 июл то 31 июли соли 2019 қабул карда мешаванд.
Имтиҳони қабул аз 1 августи соли 2019 оғоз меёбад.
Суроғаи мо: шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Гагарин 147, бинои таълимии факултети геоэкология
Маркази иттилоот ва таҳлил