​Ба диққати устодон, унвонҷӯён ва докторантон

Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогии назди Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тасмим гирифтааст, ки маҷаллаи илмӣ-методиро бо унвони «Масъалаҳои педагогикаи муосир» интишор намояд.

Маҷалла мақолаҳои илмии қаблан чопнашударо оид ба самтҳои илми педагогика бо тақризи мутахассисон қабул мекунад.

Мақолаи аспирантон, унвонҷӯён ва омӯзгорон бе унвони илмӣ бо пешниҳоди роҳбари илмӣ ва бо тақризи мутахассиси соҳаи марбут қабул карда мешавад.

Қоидаҳо барои муаллифон

Барои баррасӣ мақолаҳои ҳаҷмашон то 1 ҷузъи чопии шартӣ (40.000 аломат) қабул мешаванд.

Мавод дар шакли чопӣ (2 нусха) якҷоя бо варианти электронӣ («*doc» ё «*rtf»), аннотатсия (на камтар аз 120 вожа ё 1000 аломат) ва вожаҳои калидӣ (на камтар аз 5 вожа ё ибора) ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод мегардад.

Ҷадвал, расм ва маводи дигари тасвирӣ бояд дар файлҳои алоҳида дар формати «*jpg» сабт ва дар варақаҳои алоҳида чоп карда шаванд.

Талабот ба таҳияи мақолаҳо:

Муҳаррири Word; теъдоди аломат дар саҳифа – 1800; ҳарф -Times New Roman ва Times New Roman Tj; ҳаҷми ҳарф – 12; фосила – 1,5; андозаи саҳифа – А4; ҳошия стандартӣ.

Рақамгузории муттасили иқтибосҳо; сарчашмаи иқтибосшавандамувофиқи низоми Индекси умумии зикри иқтибоси Русия дар охири мақола бо зикри саҳифаи умумии сарчашмаи мавриди иқтибос оварда мешавад.

Нишон додани индекси УДК, ББК ҳатмист.

Маълумоти зайл оид ба муаллиф бояд дар охири мақола зикр шаванд: ному насаб (пурра), унвони илмӣ, дараҷаи илмӣ, ҷои кор, мансаб, суроға, e-mail, телефон.

Телефон барои маълумот: 92-613-17-04 (Фирӯза Шамсидинова)

Адреси электронӣ: firuza_shams@mail.ru

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ