НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ГУСТАРИШИ ОМӮЗИШИ ИСТИЛОҲОТИ ИЛМӢ
Забони тоҷикӣ аз замони пайдоиши худ дар олам мақоми хосро доро буда, тавассути он ҳазорон асарҳои бемислу безавол офарида шудаанд, ки дар рушди илму адаби замони пешин ва имрӯз нақши муассирро касб намудаанд. Забонҳои муқтадири дунё(англисӣ, олмонӣ, русӣ) бо кашфиёти илмиву ифода намудани истилоҳоти илмии фаровон соҳиби обруву эътибори хос гаштаанд.
Ба чунин поя расонидани забони тоҷикии муосир низ ҷидду ҷаҳди хосро аз тарафи муҳаққиқону донишмандони тоҷиктақозо менамояд.Зеро имрӯз вожагони ин забонҳо ва тарҷумаҳои таҳтуллафзии онҳо, махсусан дар илмҳои дақиқ (иқтисодиёт, тиб, кимиё, ҷуғрофиё)боиси коста гаштани ҳусни забони тоҷикӣ шуда истодаанд, хело чашмрас мебошанд. Дороии забони тоҷикӣ, таркиби бойи луғавии он ванашру таълифи осори бузургони классикии тоҷик, ки дар поягузории илмҳои иҷтимоиву дақиқ нақши хосро доро мебошанд, дар истилосозиву истилоҳгузинии ин забони муқтадир сарчашмаҳои боэътимод ба шумор мераванд. Маҳз кӯшишу талоши абармардони бузурги ин миллати куҳанбунёд, ки дар офариниши осори пурҳикмати хеш ин забонроҳамчун сарчашмаи баёни афкори хеш қарор дода буданд, дар поягузории забони илм дар Тоҷикистони имрӯза ва ҷаҳони муосир дорои мавқеву мақоми хос гаштааст, нақши муассир дорад.
Дар ташаккули забони илмии тоҷик ва омӯзиши он дар замони Истиқлолият нақши Пешвои миллат ҳамчун поягузори забони илм дар Тоҷикистон аз аҳамият холӣ набуда, дар таҳаввулу ташаккули забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм заминаҳои васеъ фароҳам овардааст, ки ин хусусиятро дар мисоли асари бунёдии забонӣ «Забони миллат ҳастии миллат» мушоҳида намудан ба мақсад мувофиқ аст.
Пешвои миллат дар ин асари худ мавқеи илмӣ пайдо кардан ва густариш додани забони тоҷикиро таъкид намуда, ин иқдомро барои бузургдошти ояндаи забони тоҷикӣ муҳим шумурда, чунин ибрози ақида намудааст: «Умедворем, ки забони модарии мо бо собиқаи ҳазорсолаи илмии худ ва саъю кӯшиши пайвастаи донишмандону алоқамандонидӯстдори он аз ин имтиҳоноти ҷиддӣ низ сарбаландона мегузарад».
Ин гуфтаҳои пешвои миллат аҳли илмро водор менамояд, дар таҳияву таълифи осори илмии хеш аз махзани пурмояи истилоҳоти забони тоҷикӣ самаранок истифода баранд.
Ҳусанбоев Н.А.,
сармуаллими кафедраи забони тоҷикии МДТ
"Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров"