​ТОЗАНАШР: «САЛОҲИЯТИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОНИ МУОСИР»

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» бо ташаббуси устодону олимони кафедраи мазкур маҷмуаи мақолаҳои илмӣ таҳти унвони «Салоҳияти касбии омӯзгорони муосир» дар ҳаҷми 506 саҳифа ба табъ расид.

Дар китоб таърихи 90-солаи кафедраи педагогикаи умумӣ ва маълумотномаи устодони кафедра низ инъикоси худро ёфта, фарогири 69 мақолаи илмӣ мебошад.

Дар бахши аввал таҳти унвони «Кафедраи педагогикаи умумӣ: 90-соли пуршараф» оид ба таърихи 90-солаи кафедра, устодони пуртаҷрибаву собиқадор ва дастовардҳо маълумоти бисёр муҳим оварда шудааст. Бахши дуюми китобро зиндагинома ва фаъолияти устодони кафедра ташкил медиҳад. Дар бахши сеюм ва чорум мақолаи аъзои кафедра ва устодону омўзгорони варзидаи дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ ҷой гирифтааст.
Маҷмуа фарогири масъалаҳои педагогӣ, салоҳиятҳои касбии омӯзгорон ва тавсияҳои педагогӣ ба омӯзгорони муосир буда, ба кулли омӯзгорону устодони донишгоҳҳои олӣ, муаллимони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯён тавсия дода мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ