ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ ВА ЯК ҲАВЗАИ МУҲИММИ СУХАНВАРӢ

Истиқлоли милливу давлатӣ ва авҷрафти сиёсати фарҳангиву адабӣ барои фароҳам омадани як давраи нави ормонҳои миллӣ ва муносибати дигарбора ба сухану суханварӣ дар баъзе аз гӯшаву канорҳои дурдасти кишвар низ созгор афтод. Диққати хоса ба ормонҳои адабӣ дар ин гӯшаву музофотҳо ҳам аз паёмадҳои истиқлоли мардум дар ин давраи таърихист. Кор дар муҳити адабии Исфара низ чунин сурат ёфт, ки аҳли қалам бо ҳадафи татбиқи ормонҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар кӯшида ва даст ба эҷоди адабӣ задаанд: ин паёмади хеле мусбат аст, ки, дар айни замон, бе камбуду нуқс шуда наметавонад.

Як зумра рӯйдодҳои солҳои бозсозии шуравӣ ва давраи истиқлол вобаста ба гиромидошти шахсиятҳои илмиву адабӣ ба ривоҷу равнақи сухан нақшу таъсири босамар доштаанд: кушоиши осорхонаи илмии Лутфуллоҳи Бузургзода – яке аз бунёдгузорони филологияи тоҷик дар Навгилем ва осорхонаи адабии драматурги номӣ Абдусалом Атобоев дар Қалъачаи Мазор (бо гӯшаҳои Зебопарии Исфарангӣ ва Муаззама Аҳмадова), фароҳам кардани шароит ба таълифу таҳия ва нашри китобҳо аз рӯзгору мероси суханварону ҳунармандон, таҳияву нашри қомуси «Исфара» («Исфаранома»), кӯшиши ҳастӣ бахшидани ҳаёти адабӣ бо таъсиси шуъбаи Иттифоқи нависандагон дар Исфара, нашри маҷаллаи адабӣ, аз ҳама муҳим, иқдом ба 830-солагии қасидасарои маъруфи садаи Х111 Сайфуддини Исфарангӣ, падид омадани пайкараи ӯ дар Исфара, нашри «Девон» ва «Мунтахаби осор»-и шоир ва дигар чораҷӯйиҳо муносибати шаҳрдорон ва дигар алоқадорони фарҳанги Исфараро бознамо мекунад.

Ҳамзамон дар ин давра накӯдошти хотираи суханварони давраи нав Ибни Ямини Асомуддинзода, Лутфуллоҳи Бузургзода, Абдусалом Атобоев, Ибодулло Файзулло, Лутфӣ Саид, Муаззама Аҳмадова, Валӣ Самад, Исматулло Абдулло, Нарзуллои Азизиён ва дигарон низ ба рушду худогоҳӣ ва худшиносии адабӣ муассир буд.

Минбари асосии дастрасӣ ба осори сухан ва суханварони истиқлол нашрияҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрианд. Аз аввали истиқлол рӯзномаи шаҳрии «Насими Исфара» новобаста ба имкони тангаш адибону осорашонро муаррифӣ менамуд. Ҳамзамон ин маҳсул дар нашрияҳои фарҳангиву адабие чун «Субҳи умед», «Имрӯз», «Ганҷи Ворух», «Хазинаи маърифат», «Навиди донишгоҳ» ва ғайра ҷой ёфтаанд. Ба тарғиби суханварон идораҳои телевизион ва радиёи маҳаллӣ, муассисаҳои Бунёди забони тоҷикӣ, Бунёди фарҳанги Исфара, Иттиҳодияи илмӣ-эҷодии «Орифон», Маркази «Паёми Ҳофиз» ва ғайра низ, ки инҳо ҳоло вуҷуд надоранд, кӯшидаанд. Маҷаллаҳои бонувони Тоҷикистон «Фирӯза» (1995, №1), «Хуҷанд» («Паёми Суғд», 2004, №5) шумораҳои вежа ба суханварони ин ҷо ҷудо кардаанд. Дар маҷаллаҳои «Адаб» (№1-2, 2010), «Паёмномаи фарҳанг» (№9, 2003) низ навиштаҳои аҳли қалами Исфара ҷудогона ҷой ёфтаанд.

Маҷмуаи «Армуғони «Насими Исфара» (1992) ва қомуси «Исфара» («Исфаранома», 2004) низ дар муаррифии адибон ва осори онон сарчашмаи муҳимманд. Адабиётшинос Абдувалӣ Давронов китобе бо номи «Адабиёти марзҳо ва ҳунар» (2011)-ро ба бознамоии аҳволу осори адибону олимони Исфара бахшид, ки то ҷое равиши тазкираҳоро дорад. Омӯзгор Абдуҷалил Амонуллоев низ кӯшида буд чунин китобе бо номи «Ахтарони Исфара» (2006) фароҳам оварад. Аммо ин кор ҳол ҳавсалаи хосаи дигар мехоҳад. Имрӯз фурсати таҳияи тазкираи суханварони Исфара ба таври комил ва бо фарорафти беҳтарин намунаҳои осори аҳли сухан расидааст. Аз назари ман, ин корро на ба уҳдаи ҳар касе гузошт, инро бояд мутахассиси аз равандҳои адабӣ бохабар анҷом бидиҳад.

Дар баробари он ки бархе аз донишмандон дар боби чеҳраҳои адабӣ аз Исфара мақолаҳо навиштанд, банда низ дар дарозои қариб 30 сол ба таҳқиқи махсуси ҳавзаи суханварӣ ва ҳунари Исфара шуғл доштам. Нашри китоб ва маҷмуаҳои «Баъд аз сари ганҷур» (2003), қомуси «Исфар» (қисми адабиаш, 2004), «Бозомади хуршед» (бо А. Давронов, 2007), мақолаҳои «Адабиёт ва улуми адабӣ» (2004), «Баррасии мақоми суханварон ва донишмандони Исфара» (2004), «Нақди сухан ва суханварон», «Донишмандону суханварони давраи нави Исфара» (2017), «Суханварони Исфара дар садаи бист» (2018), «Истиқлол ва ҳавзаи адабии Исфара» (2018), «Истиқлол ва адабиёт дар гӯшаҳои дурдасти Тоҷикистон» (2021) ва навиштаҳои дигар аз боби суханварон дар ин қаламрав, аз ҷумла Мавлоно Сайфуддини Исфарангӣ, Мушриф ва Беҳҷати Исфарангӣ, Саидултон Саидмуродов, Абдусалом Атобоев, Муаззама Аҳмадова, Муҳиб Қурбон, Додохони Эгамзод, Бобоҷон Икромов, Муқим Абдураҳмонов, Мавлониддин Пӯлодов, Абдусамеъ Қуддусов, Субҳон Ёдгорӣ, Нарзуллоҳи Азизиён, Некулзамон Ғиёсӣ, Мухтори Абдулло, Муҷиба Ҷавҳарӣ, Қудратулло Эшон, Нусратулло Бобоев, Ховари Пӯлод, олимони бархоста аз хоки Исфара – Лутфулло Бузургзода, Носирҷон Саидӣ, Валӣ Самад, Абдувалӣ Давронов, Муртазо Зайниддинзода, Аъзам Худойдодов, Хӯҷабек Зулфиқоров, Тайиба Бобоева ва дигарон маҳсули чунин корҳо мебошанд, ки асосан дар маҷаллаи «Ганҷи сухан» ва дигар манбаъҳои интишорӣ ба табъ расида, бархе минбаъд дар китоби ҷудогона бо номи «Исфара дар гузари замонаҳо: Муҳити адабиву ҳунарӣ» ба чоп хоҳанд расид.

Ба фикри ман арзёбии суханварон ва махсусияти ҳавзаи адабӣ бояд илмӣ сурат гирад. Адабиётшиносони ҳирфаии Исфарагиасл Валӣ Самад, Абдувалӣ Давронов, Муртазо Зайниддинзода, Аъзам Худойдодов дар доираҳои марказ ба ҳифзи ному кори суханварони ин қаламрав кӯшида ва манфиати ононро ҳимоя карда ва дар дарёфти ҳақ ва расидан ба ҳақ саҳм гузоштанд. Имрӯз боз дар доираи пойтахт ва маркази вилояти Суғд ба ин шеваи имтиёз бахшидан ба кори суханварӣ ва ба манфиати суханварони Исфара бисёртар ниёз дорем.

Имрӯз марҳалаи вежаву густурдатари зебёбии сухан ва арзёбии ҷойгоҳи суханварон аст. Аз диди банда арҷгузории сухан танҳо ба воситаи баргузор кардани чанд чораҷӯии расмӣ имрӯз кам фоида меоварад. Ҳаллу фасли ин қазия дар доираи чораҷӯиҳои васеи расмии усулӣ ва гузоришҳои тахассусӣ муфид хоҳад буд. Аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бояд хоҳиш кард, ки ба муаммоҳои сухан ва адабиёт дар қаламравҳои дурдаст расидагӣ кунад, дар ҷаласаҳояш баррасӣ намояд, «Адабиёт ва санъат»-и тоҷик натиҷаи онро дар саҳифаҳояш ба чоп диҳад. Дар расидан ба мақоми суханварон дар маҳалҳо низ бояд аз анъанаҳои нақди сухану сухансанҷии гузаштаву имрӯз, имкон ва дастоварди нави нақду баррасии осори адабӣ баҳра ҷуст…

Дар зарфи қариб сӣ соли охир Абдусамеъи Қудсӣ, Нарзуллоҳи Азизиён, Субҳон Ёдгорӣ, Нусратулло Бобоев танҳо аз ҳамин муҳит ба сафи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудаанд. Миқдори равшани аҳли қалам аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистонанд, ки қариб 40 нафаранд ё беш аз ин. Дигар соҳибони қалам бо робитаи пайваста бо доираҳои адабии марказ ё ба таври инфиродӣ арсаи фаъолияташонро вусъат медиҳанд. Ин ҷо масъала гузоштан зарур аст, ки оё эҷоди аҳли қалам дар шароити имрӯз ба талаби адабиёт, худогоҳии адабӣ, ташаккули афкори ҳамзамонон мусоид аст ё не?! Ба ҷуз нишастҳои тавсифӣ ба ин гуна нуктаҳо ҳам диққат додан лозим меояд...

Агар ҷиддан нигоҳ кунем, падидаи таваҷҷуҳи салоҳиятмандона ба рушди адабиёт ва суханварӣ кам-кам ва канда-канда бошад ҳам, дар солҳои пештар (аҳаммият диҳед!) тарҳи тозаву ҷолибтаре ёфт, ки талаби замони дигаргунии маънавӣ дар арсаи сиёсати миллӣ мебошад. Маҳз дар ин давра корбарӣ ва таъсирбахшӣ ба адабиёт дар қаламрави Исфара сурату сирати дилпазиртар ба бар кард, аҳли қалам ҷойгоҳашонро бештар ва амиқтар ба эҳсос гирифтанд, иддае дастандаркорон ба ормонҳои муҳимму мондагор расиданӣ шуданд ва худогоҳии адабӣ вусъати бештар дарёфт.

Дар ин марҳала ривоҷи сухану суханварӣ ва таваҷҷуҳ ба амиқбурди кори ҳавзаи адабӣ баробари татбиқи сиёсат ва дар пайванд ба ниёзҳои маънавии замони нави муносибат ба арзишҳои адабӣ сурат ёфт. Аз ин тадбирҳо, чунон ки гуфтем, таъсиси шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Исфара ва нашри маҷаллаи илмӣ-адабӣ, ҷамъиятӣ-сиёсии «Ганҷи Исфара», созмон додани сомона дар Фейсбук, гиромидошти ёди бузургони фарҳангу адаб, эҷоди фазои мусоид ба баргузории маҳфилҳои адибони муосир ва нашри осори онон, хоса таҷлили ҷашни 830-солагии Сайфуддини Исфарангӣ, нашри «Девон» ва «Осори мунтахаб»-и ӯ хеле таконбахш сурат ёфтанд, ки ба ин васила тарбияву парвариши насли нави эҷодӣ дар сатҳи худогоҳии адабӣ дигаргунӣ ёфт.

Бавежа, ба нашр омадани маҷаллаи ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва адабии «Ганҷи Исфара» дар ҳамназарӣ бо Шуъбаи Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба равнақи ҳавзаи адабии Исфара мусоидат намуд. Ба раванди ташкили шуъбаи Иттифоқи нависандагон ва шакл гирифтани маҷаллаи адабӣ Нарзуллоҳи Азизиён, Лумониддин Камолиддинов ва сипас Иқбол Илёсзода ҷалб шуданд. Ин маҷалла аз моҳи августи соли 2014 қаблан чаҳор шумора бо номи «Моҳпарӣ», сониян, аз моҳи январи соли 2015 «Ганҷи Исфара» ба нашр расида ва ба ҳаводорони адабиёт дастрас шуд. Баъди фавти сардабир Иқбол Илёсзода маҷалла баъди муддате таъхир идома ёфт, ҳоло ин маҷалла нонамост.

Дар ин маҷалла маводи сершумор дар бораи Сайфуддини Исфарангӣ ва мероси ӯ, маҳсули эҷоди қаламкашони дигар, нодиртарин рӯйдод ва асноду иттилои диққатрабо ба нашр расидаанд. Як марҳалаи пурталоши накӯдошти Сайфуддини Исфарангӣ бо зуҳури ин маҷалла паси сар гашт. Хидмати он дар бознамоии осори адабӣ, илмӣ-публитсистии суханварони солорманд ва соҳибтаҷриба, вазъи ҳозираи ҳавзаи адабӣ, муаррифии чеҳраҳои нави эҷодӣ ҷолиби таваҷҷуҳ буд. Дар ҳоле ки маҷаллаи адабӣ дар ин ҳавза пеш аз ин вуҷуд надошт, таъсис ва нашри пайвастаи он дар ривоҷи суханварӣ муҳим буда, камолоти он бо расму шеваҳои тозаву густарда дар оянда боз ҳам зарур ва муфидтар аст.

Имрӯз шабакаҳои интернетиро аз василаҳои умда ва муҳимми дастрасӣ ба маҳсули аҳли сухан муаррифӣ метавон кард. Ин манбаъ ба алоқамандону дӯстдорони адабиёт имкон фароҳам оварда ва аз гӯшаҳои дурдасттарин бо эҷоди суханварон, байте беҳтар, шинам ва баргузида аз шоире қатъи назар аз макону маҳалли зист ошноӣ ба миён омад. Оинаи интернет номи шоирони зиёд ва навиштаҳои ононро дар бар мегирад, ки баъзан дар мавриде ба таври фишурда нақд ҳам мешаванд, ки албатта на усулӣ ва на дар ҳама вақт ҷиддӣ ва қобили қабуланд, бо вуҷуди ин, ин васила чигунагии як давраи дастрасии ҳамзамонону ҳамзаминонро ба сухану суханварӣ нишон медиҳад. Гурӯҳи хос бо номи «Ганҷи Исфара» дар Фейсбук пештар арзиши назаррас дошт ва аммо ҳоло хуб нест…

Аз диди ҷуғрофӣ адибони ҳавзаи Исфара асосан дар ду нуқтаи меҳвар қарор гирифтаанд: нуқтаи аввал марказ, нуқтаи дувум деҳаи Ворух. Ҳамин фарқи ҷуғрофӣ аз ҳавзаи марказӣ мафҳумҳое монанди «шеъри Ворух, «шоирони Ворух» ва «доираи адабии Ворух»-ро ба миён оварда буд. Аммо ин фарқи байниҳамдигарии ин ду нуқтаи меҳвар ба зоҳир аст. Дар асл ҳар ду нуқта дар ҳар маврид даст бар дасти ҳам доранд, дар пешрафти падидаи сухан ва суханварӣ саҳм мегиранд, дар баргузории чораҷӯиҳои адабиву фарҳангии Исфара, Суғд ва Тоҷикистон дар як хони пурбори маънавянд. Ин чораҷӯиҳо дар ягонагии дилу руҳи эҷодии суханварони қаламрави Исфара ва Ворух нақш бозидаанд. Бо вуҷуди ин, саҳми Воруху ворухиён дар пешбурди руҳи асили адабӣ қобили диққат аст: Баргузории маҳфилҳо, нашри нашрияи «Ганҷи Ворух», ёдкарди шодравоншоирон Абдусамеъ Қуддусов, Абдуваққос Юсуфӣ, Бобониёз Надиров, Некулзамон Ғиёсӣ, адабиётшинос Абдувалӣ Давронов, муаррифӣ ва нашри осори манзуму мансури Абдусамеъ («Сапедаҳои рӯзангез», «Сангпайванд»), Абдуваққос Юсуфӣ («Биҳишти орзу»), Некулзамон Ғиёсӣ («Садбарги ношукуфта»), Бобониёз Надиров («Шукуфаи армон»), Ҷамолиддини Шоҳҳасан («Шакарнам»), Нарзуллоҳи Азизиён («Ҷоми чашм», «Сояҳои офтобӣ», «Аз гил то гул» ва...), Нусратулло Бобоев («Лолаи боми Ватан»), Абдуфаёз Олимӣ, Расул Додхоҳи Раҳимиён, Заҳоб Искандар, Ховар Пӯлод («Аждаргиё», «Сафинаи ишқ»), Бахтовар Усмон («Дар кӯчаҳои бахт»), Шавкат Мавлон, китоби аҳли ҳиҷрати Ворух, рубоиёти мардумии Ворух ва ғайра дар ин силсила сазовори таъкиди хоса ҳастанд.

Маҳсули эҷоди адабӣ аз хосиятҳои фардиву ҷудогона баҳраманданд, ки аз табиату сиришти муҳити Исфара бармеояд. Ормонҳои адибон ба ҳар сурат омӯзандаанд. Ҳарчанд оғози эҷоди бархе аз онон ба замони шуравӣ рост меояд, аммо фаъолияташон дар замони истиқлол уфуқи тозатар пайдо кард. Дар ин раҳгузар номҳои Муқим Абдураҳмонов, Сабоҳат Сатторӣ, Мавлониддин Пӯлодов, Бобоҷон Атобеков (Наврӯз), Низомиддин Аъзамбоев, Судуриддин Маҳкамов, Абдусамеъи Қудсӣ, Субҳон Ёдгорӣ, Қудратулло Эшонов, Собири Рустам, Иқбол Илёсзода, Субҳиддин Сайфиддинов, Барно Абдураҳмонова, Наҷотхон Исомиддинова ва ғайраро метавон ба забон овард, ки эҷоди аксари онон дар муҳити адабии марказӣ – Душанбе ё Хуҷанд оғоз ёфта, кори бархе дар Исфара шакл гирифтааст. Баъзе онҳо борҳо ба табъу нашри китобу маҷмуаҳояшон комёб шуда ва соҳиби сабку салиқаи нигориш гаштанд. Дар қиёс бо мушкили нашри китоби адибони маҳаллӣ дар замони шуравӣ чопи китобҳои аҳли қалам дар замони нав то ҷое вусъат дорад. Бархе адибон бо назардошти имкони молии худ ё бо истифода аз нерӯи моддии спонсорҳои ҷудогона ба нашри китобу маҷмуаҳо шароит пайдо кардаанд.

Осори мансури адибон аз бунёдкориву созандагии насли имрӯз, табиату сиришти мардони кору заҳматқарин, аҳли сиёсат, иҷтимоиёт, фарҳанг, илм, адабиёт ва ҳунар нақл доранд, ки бо сабкҳои чашмрас ва созгор ба табиату сиришти мардуми маҳал, аз лиҳози ҳунар дар сатҳи расо, муътадил ё миёна эҷод шудаанд.

Дигар насрнависон – Бобохон Қайюмов, Ҳусни Сабоҳ, Исматуллоҳи Абдуллоҳ, Лутфуллоҳи Исмоил, Абдуллоҳ Абдуллозода, Ҳоҷӣ Ҳоҷибой, Муҷиба Ҷавҳарӣ, Аюбҷон Расулӣ ва дигарон дар эҷоди қиссаҳои воқеӣ ва ҳикояҳои рангин салиқаи хос зоҳир кардаанд.

Аммо ҳамеша ҳавзаи шеърнависӣ аз насрнависӣ вусъати зиёд дошт. Теъдоди насрнависон аз байни ҷавонон хеле кам аст. Албатта, ҷойи шакку шубҳа нест, ки истеъдоди насрнависӣ ҳам атои Худост, бо вуҷуди ин, бояд ба парвариши завқи насрнависӣ диққати хос дод. Аз ин ҷиҳат, ҳавзаи шеъру шоирӣ вусъати бештар дошта, маҳсули табъу руҳи Абдусамеъ Қудсӣ, Абдуваққос Юсуфӣ, Некулзамон Ғиёсӣ, ки ҳар се дар миёнсолӣ ва ё ҷавонӣ аз дунё рафтанд, Нарзулло Азизиён ва чанде дигар чун шеъри марғубу сара эътироф шудаанд. Инҳо ба колбади шеър руҳи наву тоза бахшида, мазмун ва муҳтавои шеърро камол дода ва арсаи шеърро фарох кардаанд. Сурудаҳои Бобониёз Надиров, Аҳмади Ҳасанзод, Абдулфаёз Олимӣ, Ҷамолиддини Шоҳасан, Субҳиддин Сайфиддинзода, Исматулло Абдулло, Расул Додхоҳи Раҳимиён, Заҳоб Искандар, Нусратуллоҳи Тилло, Муталлиб Шарифзод, Абдувалӣ Худойдод, Акмалхӯҷа Акрамов, Шарофат Абдуллоева, Пайрав, Баҳроми Сурӣ, Баҳодур Муҳсиддинов ва дигарон баёнгари завқу салиқаҳои мухталиф аст. Мухтор Абдулло, Набиюлло Суннатӣ дар ҳавзаи адабии Хуҷанд маҳсули табъашонро ба бозори шеъру наср баровардаанд. Дар шеъри шоирон бештар таъсири равишҳои суннатӣ ва суннатгароӣ, гоҳо равиши ба истилоҳ «шеъри модерн» эҳсос мешуд. Шоирони хушбаҳра Нарзуллоҳ, Нусратуллоҳ, Набиюллоҳ, Муталлиб ва чанде дигар роҳи хосеро пайгирӣ доранд.

Аз суханварони ӯзбекзабони Исфара Сайфулло Қорихонов – бародари шоири маъруфи Ӯзбекистон Одил Икромро метавон ном бурд, ки ба ӯзбекӣ шеър эҷод карда, дар ҳамкорӣ бо ӯ ба тарҷумаи осори адибони тоҷик ба забони ӯзбекӣ камари ҳиммат бастааст.

Дар замони истиқлол Абдуҳамид Воҳидов, Абдумаҷид Тӯлаков, Мирзо Олимов, Нусратулло Неъматов, Болтахӯҷа Саидшоев, Муҳаммад Ибромов, Абубакриддин Бобоев, Субҳон Бобохолов, Обидбой Аҳмадов, Биноиддин Маҳкамов, қаламкашони русӣ Григори Теличкан, Владимир Мартиненко дар ривоҷи матбуот хидмати хуб анҷом дода, навиштаҳояшон дар ғанӣ гардидани афкори замонон нақш бозиданд. Фаъолияти Ҳошим Бобоҷонов, Низомиддин Аъзамбоев, Абдураҳмон Амонбоев, Усмон Шокир бо нашрияҳои кишвар алоқаи маҳкам дошт. Самеъҷон Ҳакимзода, Бобоҷон Тӯйчизода, Абдулҳафиз Домуллоев, Қамбархон Низомов, Тоҳири Бобоҷониён, Абдулло Абдуллозода, Аҳрор Убайдуллоев ва дигарон аз насли худпарваришёфтаи қаламкашонанд, ки онҳо низ қобилияташонро дар тасвири зиндагии халқ хуб санҷидаанд. Дар радиои маҳаллии Исфара чун маркази ташвиқу тарғиби завқи адабӣ Бобоҷон Атобеков (Наврӯз), Зулфия Атобекова, Абдусамеъ Қуддусов, Мирраҳмат Ҳомидов, Набиҷон Худойбердиев ва дигарон шуғл доштанд.

Миқдори муайяни рӯзноманигорони навкеш, насли нимаи дувуми солҳои 80-ум ва ибтидои 90-уми садаи бист дар равнақи воситаҳои ахбор заҳмат кашидаанд. Дар ин радиф Саҳбон Қурбонов (Зарриндаст), Иқбол Тешаев, Аюбҷон Расулӣ, Зулфия Атобекова, Мирраҳмат Ҳомидов, Заррина Салимӣ, Набиҷон Худойбердиев, Шероз Бозоров ва дигаронро бояд таъкид кард. Дар фароҳам овардани барномаҳои радиову телевизиони нави маҳаллии Исфара бо фарорафти технологияи нави иттилоӣ, омода сохтани бахшҳои адабӣ ва муаррифии адибон ҷуз инҳо Бобоҷон Атобеков (Бобоҷон Наврӯз), Абдурасул Аҳмадзода, Баҳромҷон Бобоев, Ҳасанҷон Додоҷонов, Абубакр Бобоев, Муҳиддин Шарофиддинов, Қудратулло Эшонов, Атохон Ғаниев, Юсуфхӯҷа Қурбонов, Мунаввара Дамонова, Мадина Бобоева, Мавҷуда Абдулазизова, Хусрав Додохонов ва дигарон саҳми расову назаррас гузоштанд. Нақши Шуҳрат Ҳалимов, Наимҷон Юнусов, Набиҷон Худойбердиев, Абдурафӣ Қурбонов – кормандони Дафтари намояндагии телевизиони «Сафина» дар муаррифии чеҳраҳо, мероси фарҳангӣ ва бозгӯйи рӯйдодҳои адабиии маҳал дар кишвар низ чашмрас аст.

Дар маҷмуъ, маҳсули бештари қаламфарсоён асосан аз омезиши ормони рӯзноманигорӣ ва адабӣ ба миён омада ва осори онҳо дар тасвири айнӣ ва ҳуҷҷатии рӯйдодҳои замон мақоми муайянеро доранд. Дар меҳвари аслии ин навиштаҳо сатҳи зиндагӣ ва сиришту фитрати ашхоси номвари замон қарор гирифтаанд.

Чанде аҳли қалам ба таърих, адабиёт, иҷтимоъ, фарҳанг, маориф, ҳунари миллӣ, табобат ва созандагиҳо дар ин қаламрав, ҳамзамон ба шахсони номвар осори дорои хусусияти илмӣ-публитсистӣ бахшиданд, аз ҷумла ин китобҳоро дар сатҳу савияи гуногун нашр карданд: Мирзо Олимов «Меҳрномаи Сино» (1995), «Кохи дилафрӯз» (2003), Абдусамеъ «Ошёни булбулон» (бо С. Мусо, 1995), Муҳаммадхон Баширов «Туҳфаи наврӯзӣ» (1995), «Ҷонфидоёни фарҳанги Исфара» (2000), «Палангони хуфта» (2010), Болта Саидшоев «Даргоҳи маърифат» (бо ҳаммуаллифии А. Аҳмадов, 1993), «Нақши ҳунар» (1997), Ҳамидхон Амонуллоев «Деҳаи ман, мактаби ман, устоди ман» (1997), Каримҷон Ҳамроев «Чилғоз, Чилғозӣ, Чилгаз, Чилгазӣ» (бо Б. Саидшоев, 1998), Бобокарим Шарифзода «Соҳибдилони Чилгазӣ» (бо ҳамкории М. Пӯлодзода, 1999), «Асал дармони сад касал» (2002), «Асрори вақт» (2004), Абдуманнон Рауфов «Аз таъриху фарҳанги Исфараи бостонӣ» (бо У. Арабеков, 1999), «Чоркӯҳ» (2012), Фарҳод Ҳасан «Таърихи мухтасари деҳоти Исфара» (2001), «Зебопарӣ» (2003), Тоҳир Бобоҷониён «Шукронаи зиндагӣ» (2002), Субҳони Аъзамзод «Баъд аз сари ганҷур» (2003), Абдуҷалил Амонуллоев «Дастовези зиндагӣ» (2004), «Ахтарони Исфара» (2006), Муҳаммадхӯҷа Яҳёев «Баҳори умр» (2012), «Инсони нексиришт» (2015), Исматуллоҳи Абдуллоҳ «Зуфунуне аз Чоркӯҳ» (2012), Зулфия Атобекова «Ҳар куҷо Наврӯз буд, Наврӯз шуд» (бо С. Сайфиддинов, 2017), Судуриддин Маҳкамов «Њафтод лањзаи умр» (2021) ва ғайра.

Китобҳои Муноҷотхон Исомиддинова «Нури одамият» (1996, 1997), Муҳаммадхӯҷа Яҳёев «Тарбия ҳам санъат аст» (2011), «Шарҳи мухтасари истилоҳоти фарҳангшиносӣ» (2013), «Тарбия – тақдирсози инсон» (2016), «Аз таърихи фарҳанги мусиқии Исфара» (2022), Исматҷон Пӯлодов «Маводи таълими фанни забони тоҷикӣ» (2014), «Дастури таълими фанни забони тоҷикӣ» (2015), Дилбар Тӯхтаева «Нури ахлоқ» (2015) ва ғ. низ аҳаммияти илмӣ ва таълимӣ доранд.

Ромишгарону сарояндагон Мирзоқурбон Солиев, Муродҷон Юлбарсов, Тӯхтасун Мамадов, Абдусамад Ҷӯраев, Усмонҷон Юсуфов, Абдураҳим Шерматов, Усмонхон Қаландаров, Исроилҷон Файзиддинов, Юсуфхӯҷа Қурбонов, Қосимҷон Ҳасанов, Маҳмудҷон Ниёзов, Шамсиддин Нуриддинов, Дилшод Мамадов, Ҷамшед Шокиров, Гулчеҳра Қурбонова, Фотима Ашӯрова ва... барои расонидани моҳияти аслии сухани тоҷикӣ ба мардум зиёд хидмат кардаанд.

Ҳузури иҷтимоиву фарҳангии шахсиятҳои таърихдӯсту фарҳангвар ва адабиётдоне – Ҳабибулло Каттаев, Бобо Ғоибназаров, Яҳё Турсунов, Муҳиддин Почоев, Мирзо Олимов, Абдуолим Абдуназаров, Абдусамад Шомирсаидов, Абдуғаффор Шомирсаидов, Фахриддин Каримов, Турсунхӯҷа Тӯхтаев, Шамсиддин Бобоев, Офоқхон Каттаев, Холисҷон Темурҷонов, Избилло Хоҷаев, Ҷӯрабой Бобоев, Абдумалик Раҳмонов, Қутбиддин Эшонов, Башорат Раҳимова, Абдулазиз Решаев, Аюбҷон Эгамов, Баҳодур Қосимов, Рухсатбек Амонов, Садриддин Зокиров, Баҳром Юсуфов, Фозил Авлиёхонов, Меҳроҷиддин Нарзиев, Юсуфҷон Раҳматов, Содиқҷон Рустамов, Тоҳир Ваҳҳобов, Зоҳирбой Восидов, Ҷӯрабек Салимов, Ҳалима Атоуллоева, Фармон Халилов, Файзулло Саидов, Довуд Сафохонов, Зуҳрулло Зоидбоев, Муртазо Ҳасанхӯҷаев, Махсум Расулов, Атоулло Зиёвхонов, Бахтиёр Холматов, Абдулмуталлиб Шерматов, Муҳаммадхон Набиев, Мукаррам Мелиев, Нурулло Қурбонов, Олиҳа Ғаниева, Иномҷон Исмоилов, Мустафо Сангинов, Сабурхон Амонуллоев, Аҳмадҷон Қозиев, Баҳодур Ғиёсӣ, уламои дин Муслиҳиддин Мукаррамов, Ҳадятуллоҳ Одилов, Одилхон Алиев ва чанд каси дигар низ бо риштаҳои аёну намоён ба сухану суханварӣ пайванд дорад.

Бархе аз парвардагони Исфара тайи солҳои 90-уми садаи гузашта аз Душанбе ба зодгоҳ омада, ба пешрафти ҳаёти илмӣ ва нуфузи маҳофили гуногуни фарҳангӣ саҳм гузоштанд. Риёзидони оламшумул, академик Абуҳамид Ҷӯраев, докторони иқтисод, профессорон Исмат Саидаминов, Аҳад Тешаев, риёзишиносон Мирзоғафур Бобоев, Сайфуллохон Бобоев, Содирхон Убайдуллоев, олимони техникӣ Қувомиддин Муҳиддинов, Лутфуллохон Турсунов, Абдулафиз Бобоев, геолог-минеролог Шамсиддин Маҳмудов, кимиёдон Синохон Исмоилов, олимони кишоварзӣ Абдураззоқ Холматов ва Мақсудҷон Маҳбубов, мусиқишинос Муҳаммадхӯҷа Яҳёев, нуҷумшинос Носирҷон Маҳмудов, муаррихон Лутфулло Исмоилов, Умрон Арабеков ва дигарон аз ҷиҳате ба сухану суханварӣ ва равандҳои адабӣ-фарҳангӣ алоқаманд буданд. Инҳо ҳар як хидмати назаррас дар ташаккули соҳаҳои гуногуни илм дар Тоҷикистон доранд.

Ин шахсон баъди бозгашт аз Душанбе ба зодгоҳ дар фазои Мактаби олии техникии таҷрибавии Исфара (ҳоло Коллеҷи технологӣ, Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон), ки бо кӯшиши донишманди зиндаёд Зулфиқор Абдусатторов дар нимаи аввали солҳои 90-уми садаи бист ташкил ёфта буд, ҷамъ омадаанд. Аз ин муҳити илму таълим Баҳоваддин Қодиров, Иномҷон Ҳомидов, Наргис Ризобоева ва дигарон рисолаҳои номзадӣ дифоъ карданд.

Тарбияву парвариши суханварони ҷавон дар доираи сиёсати имрӯз ҷойи хос дорад. Аввалин маротиба аз маҷаллаи «Ганҷи Исфара бо намунаҳои эҷоди қаламкашони ҷавону наврас – Барно Шарифова, Фарида Мансурзода, Масрур Манофзода, Гавҳар Ашӯрова, Беҳрӯз Ҳусайнӣ ва ғ. ошно мешавем. Дар маҳфили адибони Исфара (июни 2016) навиштаҳои қаламкашони ҷавону наврас – Т. Раҳмиддинзода, М. Салимбекова, Б. Раҳимиён, С. Фаёзова, М. Муҳиддинзода, М. Миркаримова, М. Сайфдуллозода, Г. Ҷӯраева, М. Сангинова, Ш. Миров, Н. Фахриева, М. Тошматова, Ш. Акмал, Маъсума ва ғайра баррасӣ шуданд, ки ба ҷараёни суханварӣ то ҷое таъсиргузор хоҳад буд. Дар Машварати ҷумҳуриявии омӯзишии адибони Тоҷикистон (3-6-уми октябри соли 2016) Т. Раҳмиддинзода, Б. Раҳимиён ва М. Салимбекова ҳузур ёфтанд...

Хосияти ҳавзаҳои адабии дурдаст дар замони истиқлол аз мавзуъҳои муҳимме аст, ки метавон онҳоро пайгирӣ кард...

Субҳони Аъзамзод,

дотсенти Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ