Тарбияи ватандӯстии ҷавонон - кафили ҳифзи амният ва суботи миллӣ
Тоҷикистони соҳибистиқлол соли равон 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии хешро таҷлил намуд. Дар ин муддати хеле кўтоҳ мардуми шарифи кишвар тавассути сиёсати оқилона ва пайгиронаи Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид ва аз ҳама муҳим низоми давлатдории ҷавобгў ба ормонҳои деринаи миллӣ ба вуҷуд омад. Роҳи расидан ба истиқлолият ва ваҳдати миллӣ шояд дар тасаввур осон намояд, вале ҳаёт нишон медиҳад, ки ҳифзи истиқлол, сулҳ ва ваҳдати миллӣ аз ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҷаҳду талошҳои зиёд, маърифатнокӣ ва фарҳанги сиёсии волоро тақозо менамояд.
Боиси ифтихор аст, ки қисмати асосии аҳолии кишварамон, тахминан 70 фисади онро маҳз ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон Ҳукумати ҷумҳурӣ, хосатан Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон таваҷҷўҳи хоса доранд. Агар каме ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ назар афканем, маълум мегардад, ки ҳамагӣ пас аз шаш моҳи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ парлумони кишвар Қонуни Љумҳурии Тољикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро ба тасвиб расонд. Ин иқдом ҷиҳати дастгирии ҷавонон таърихӣ маҳсуб меёбад, зеро миёни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нахустин шуда дар Тоҷикистон чунин санади муҳим ба тасвиб расид. Ҳадафи асосии қонуни мазкур, пеш аз ҳама муҳайё намудани заминаҳои ташкиливу ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои ба камол расонидани насли нави худогоҳу худшинос ва соҳибмаърифату ватандўст ба ҳисоб мерафт ва имрўз баҳри таҳсил, кору фаъолият дар соҳаҳои гуногун ва зиндагии арзандаи ҷавонон шароити зарурӣ фароҳам омадааст.
Яке аз масъалаҳои доғе, ки имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Љумҳурии Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст, ба равияҳои экстремистии динӣ гаравидани баъзе ҷавонон ва наврасон мебошад. Гаравиши ҷавонон ба ҳаракату равияҳои бегонаву хатарнок насли наврасро аз асолати милливу суннатӣ дур месозанд. Боиси таассуф аст, ки имрўз аз миёни ҷавонони тоҷик гумроҳоне дар сафи ҷангиёни ДИИШ ҳастанд, ки даст ба амалҳои хунин мезананд ва аз номи дини мубини ислом мусулмононро қатлу ғорат мекунанд. Мутаассифона, ин гуна ҷавонон фиребхўрда ҳастанд, аз нофаҳмӣ ё ҳавои нафс, ба гумони он ки маблағи калон дармеёбанд, қурбони фиребу найранги хориҷиён мешаванд, намедонанд, ки хориҷиён онҳоро барои мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд.
Омилҳое, ки ҷавонони тоҷикро тўъмаи гурўҳҳои ифротию тундгарои исломӣ мегардонад, дур будани онҳо аз маърифатиисломӣ ё бесаводии динӣ, яъне надонистани асолати исломи суннатӣ, инчунин таблиғоти шадиди гурўҳҳои ифротӣ тавассути васоити ахбори омма, хусусан шабакаҳои интернетист, ки ин таблиғот ба муқобили арзишҳои маънавӣ ва динии мардум нигаронида шудааст. Омили дигаре, ки гурўҳҳои тундгарои исломӣ аз он ба таври васеъ истифода мебаранд, муҳоҷирати танзимношудаи ҷавонони тоҷик ба Русия ва мамлакатҳои Аврупо мебошад. Шакли маъмули шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои тундгаро даъват шудани ҷавонон барои таҳсили илм ба хориҷи кишвар, бахусус кишварҳои араб аст. Ин раванд дар ибтидо ба омўзиши ислом нигаронида шуда, сипас пардапўшона маънои дигар касб менамояд ва барои амнияти кишвари мо хатар эҷод менамояд.
Рафтору гуфтори ҷавонон дар миёни ҷомеа ва бетарафии ҷомеаро нисбат ба ин раванд наметавон кори дуруст ҳисобид. Бетарафӣ хиёнат аст ва ҳар як нафар шаҳрванд масъулияти баланди шаҳрвандияшро дар бобати ба роҳи дуруст ҳидоят намудани насли наврас ва ҷавонон бояд зоҳир намояд.Хиёнат ба Ватан гуноҳест азиму бузург ва нобахшиданӣ.
Дар љаҳони муосир тарбият моҳияту аҳамияти боз ҳам бештар пайдо кардааст. Бисёр воқеаҳои мудҳишу нангине, ки дар арсаи ҷаҳон имрўз пайваста ба вуқўъ мепайванданд, аз қабили терроризм, ҳамкорӣ бо гурўҳхои ифротгаро аз он дарак медиҳанд, ки дар миқёси ҷаҳон тарбия нокомил ва бўҳронзада аст. Тарбияи носолим ва коста љавононро ба гумроҳӣ мебарад, ўро ба роҳҳои номатлуб мекашад.
Имрўз Љумҳурии Тољикистон давлати соҳибистиқлол аст. Моҳияти асосии истиқлолияти мо ин аст, ки ба шаҳрванд имкон дода шавад, то ки соҳиб, нигахбон ва пешбарандаи сиёсати давлати хеш бошад. Тарбияи фарзанд масъалаи муҳими ҳама давру замон буду ҳаст. Ва ҳатто имрўз – дар аввали ҳазорсолаи сеюм масъалаи мактабу маориф, оилаву тарбияи фарзанд мавзўи муҳимест, ки беҳбудӣ ва дигаргунӣ мехоҳад. Воқеъияти имрўзи ҳаёти љомеаи тољикон ва тағйироти азими сиёсӣ, иљтимоӣ ва маънавӣ, ки дар љаҳони муосир рух медиҳад, дар назди мактаб ва кормандони соҳаи маориф масъалаҳои љиддитареро дар роҳи таълиму тарбия пеш мегузорад. Шинохти манфиати миллат, худшиносӣ ва хидмати содиқона дар роҳи пешрафт ва ободии диёр масъулияти омўзгорро дар назди имрўзу ояндаи кишвар зиёд мекунад. «Рушди минбаъдаи Љумҳурии Тољикистон ба тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунёи пурғановати маънавӣ, фикру љисми солим, эҳсоси баланди ватандўстӣ ва худогоҳии миллидошта вобаста аст». Ин андешаҳои ниҳоят муҳим, ки дар «Консепсияи миллии тарбия дар Љумҳурии Тољикистон» омадаанд, касеро бетараф гузошта наметавонад. Дар воқеъ, дур шудан аз усулҳои тарбияи худӣ, тарки услуби тарбияи аслӣ ва аз пайи назарияҳои бегона рафтан боиси аз љиҳати руҳӣ заиф, бедониш ва сустирода ба воя расидани фарзандон мегардад. Аз ин лиҳоз, тарбияи миллӣ бояд чунин сифатҳои мусбат – ифтихори миллӣ, хештаншиносию ватандўстӣ, ахлоқу одоби миллӣ, поквиљдонӣ, эътиқоднокӣ ва шарафи миллиро ба вуљуд ораду инкишоф диҳад. Баробари ҳамаи ин, нисбати сифатҳои манфӣ – бефарқии миллӣ, ватанфурўшӣ, хиёнат, миллатчигӣ, маҳалбозӣ, бевиљдонӣ ҳисси нафратро бояд бедор кард.
Илми педагогика собит менамояд, ки тарбия аз рўи мақсаду вазифа ва мазмуну мундариља нисбат ба таълим муқаддамтару васеътар аст. Аз ҳамин сабаб, тарбия аз таълим заруртару муфидтар мебошад. Асоси методологии тарбияро дар кишвари мо тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангӣ ташкил медиҳад, ки моҳияти он таҳким бахшидани истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандўстию ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ мебошад.
Дар солҳои соҳибистиқлолии Тољикистон тарбияи сулҳдустӣ, ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ ва мурољиат ба таърихи миллат ба љои аввал баромадааст. Барои тақвият ва таблиғи ҳисси баланди ватанхоҳию худшиносии миллӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама љамъомаду тантанаҳо бо таъкиду насиҳатҳои зиёд ба насли калонсол мегўянд, ки ба тарбияи насли љавон дар руҳи анъанаҳои неки падарону бобоёни шарифи худ бипардозанд. «Мо бояд ҳастии худ, қадру қимати миллатро хуб донем, худро бо миллат якљо, ҳаммаром ва ҳамтақдир шуморем. Худро ҳамтақдири миллат донистан дараљаи баланди худогоҳии инсон аст. Бе чунин дарку эҳсос шахс метавонад ба гирдоби бетафовутӣ ва беифтихорӣ ғарқ гардад. Дар ин сурат бешубҳа аз бузургтарин лаззат ва ифтихор, яъне аз ифтихору кайфияти ватандорӣ ва миллатдўстӣ маҳрум мемонад».
Пас вазифаи аввалиндараљаи ҳар як аҳли љомеа, бахусус омўзгорон дар шогирдон бедор кардани ҳисси муҳаббати бепоён ба Ватан, эҳтиром ба таърихи гузаштаву имрўзаи вай, эҳёи арзишҳои миллӣ, анъанот, бедор кардани ҳисси дарки ифтихори миллӣ мебошад. Зеро ҳамаи саҳифаҳои саршор аз диловарию фидокорӣ дар роҳи Ватану миллат, љидду љаҳди фарҳангсозиву тамаддунофарӣ барои љавонон имрўз ҳам дарси хештаншиносӣ, дарси ибрат ва намунаи пайравӣ аст. Дар мисолҳои таърих наслҳои нав ба камол расиданд ва мерасанд. Лозим меояд, ки ба дастовардҳои гузашта такя карда, аз хубу бади воқеаҳои таърихӣ сабақ омўхта, фардои Тољикистонро бунёд намоем. Ҳар як фарди фарзонаи кишвар масъул аст, ки на танҳо дастовардҳои истиқлолият, сулҳу салоҳ, ваҳдату ягонагӣ ва якпорчагии кишвари азизамонро ҳифз кунад, балки вазифадор мебошад, ки корҳои баанҷомрасонидаи падарону бобоёни шарафмандро дар ҷодаи сулҳу амният, иттиҳоду ягонагӣ ва дўстиву ҳамраъйӣ идома диҳад.
Раҳматова М.С., н.и.т., дотсенти
кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ
Ахмедова М.Ҳ., муаллимаи калони кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ