ЛИБОСИ МИЛЛӢ –ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ
Миллати тоҷик дорои таърихи қадима ва фарҳанги тамаддунофар мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаҳои эҳёи анъанаҳои миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҳукумати кишвар гардида, бо таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъат ва ривоҷу равнақи тоза гирифт.
Тавре ки аз таърих маълум аст, инсоният аз аввали пайдоиши ҳаёт дар табақаҳои иҷтимоии гуногун вобаста ба мавқеи ҷамъиятии худ, ба масъалаи пӯшидани либос диққати махсус медоданд. Агар ба ибтидои ташаккули инсоният оид ба интихобу пӯшидани либос назар афканем, воқиф мегардем, ки инсон барои пӯшидани тан аз барги дарахтон, пӯсти ҳайвонҳо истифода карда бошанд ҳам, минбаъд вобаста ба тараққиёти шуури ҷамъиятӣ истифодаи ин фарҳангро ба шаклҳои гуногун густариш додаанд.
Фарҳанги либоспӯшӣ бо мурури замон, оҳиста-оҳиста тараққӣ ёфта, маданияти ҷудогонаеро барои ҳар як миллат муайян ва муқаррар намуд.
Дар замони муосир ҳар як халқу давлат мувофиқ ба шароити иқтисодӣ ва фарҳангӣ барои ҳамон ҷомеа ва миллати худ хос либоси махсусро интихоб намуда, онро ба расмият даровардааст.
Бояд зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мурури замон танзим ва риояи либосҳои миллӣ ба расмият дароварда шудаанд.
Тавре ки Пешвои Муаззами Миллат таъкид менамоянд: «Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳар чи зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем».
Дар робита ба масъалаи мазкур ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз тақлид ба фарҳанги бегона ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ лозим меояд, ки зимни баргузории машғулиятҳои тарбиявӣ, ба масъалаҳои арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, одоби пӯшидани сару либос ва риояи меъёри муқараргардидаи тартиби либоспӯшии донишҷён аҳамияти ҷидди дода, ба корҳои фаҳмондадиҳӣ тақвият бахшем, ҳамчунин дар ин замина дар замири онҳо фарҳанги либоспӯшии миллиро бедор намоем.
Набояд фаромӯш кард, ки яке аз ифодагари тамаддуни хеле пешрафтаи халқи тоҷик ин либоси миллӣ мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки аз қадимулайём гузаштагони мо бофарҳанг, бомаданияту зебопараст буданд, ки онҳо бо пӯшидани либосҳои миллии худ ҳам тамаддун ва ҳам фарҳанги миллати тоҷикро дар таърихи башарият маъруфу машҳур намудаанд.
Вақте ки сухан дар бораи либос меравад, дар зери мафҳуми он либоси миллӣ ҳамчун як рукни муҳимми фарҳанги миллӣ дар назар дошта мешавад, ки бояд арзишмандии маънавии онро ҳифз бояд кард, то наслҳои оянда низ ба он арҷгузору меросбар бошанд.
Дар ин раванд дарк ва омӯзиши фазилат ва ҳикмате, ки либоси миллии ҳар як халқ дар худ симои маънавии ӯро таҷассум менамояд, василаи муҳимми худшиносӣ ва худогоҳӣ маҳсуб меёбад. Дар ҳама давру замон инкишофу пешравии фарҳанги миллӣ дар дасти ҷавонон буд. Ҷавонон, аз ҷумла духтарон метавонанд, фарҳанги худро боз ҳам баланд бардошта, бо либоси адрасу атлас ва чакан, мӯйи бофта, тоқии гулдӯзӣ худро зебу зиннат дода, маданияти миллии худро бо ин амалашон дар олам муаррифӣ намоянд.
Хушбахтона, дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи мазкур Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Бо талошҳои пайваста дар баробари расму оинҳои миллӣ ба масъалаи либос низ аҳамияти махсус дода шуд. Яке аз чунин либосҳо, ки бо он дар ҷаҳон халқи тоҷикро шинохтанд, чакани тоҷикӣ мебошад.
Моҳи ноябри соли 2018 чакани тоҷикӣ ба феҳристи мероси ғайримодии ЮНЕСКО ворид шуда, дар арсаи ҷаҳон маъруф гардид. Гулдузиҳое, ки дар рӯйи нақши он оварда шудаанд, ифодагари мазмуну моҳияти ба худ хос мебошад.
Либоси миллии дигар, ки атласу адрас аст, имрӯзҳо дар ҷашну чорабиниҳои фарҳангӣ бонувони тоҷик онро ба бар менамоянд, ки ҳамчун нишони ҳуввияти волои миллати тоҷик мебошад.
Либоси миллӣ оинаест, ки дар он фарҳанги миллии мо инъикос ёфтааст. Миллати тоҷик миллати соҳибтоҷ аст, аз ин лиҳоз, дар тамоми соҳаҳо мо бояд аз таърихи бостониву тамаддунсози худ, аз ҳунар ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, ҳамзамон, аз либосҳои миллӣ, аз матои атласу адрас ва зардӯзиву чакан, ки моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд, бархурдор бошем.
Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор мерафт. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва хосаи муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хоса пеши назар меояд.
Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мо омӯзгорон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани насли ҷавон мебошад.
Ҷоиз ба қайд аст, ки вақте имрӯз духтарону бонувони мо аз матои атласу адрас бо тарҳи муосир либосҳои шинаму зебо дӯхта онро ба бар менамоянд, ки бо рангинкамонии худ ба ҳусни занону бонувони тоҷик як зебогии дигарро зам менамояд.
Ҳамин тариқ, моро зарур аст, ки ба қадри фарҳанги волои тоҷиконаи худ бирасем ва иффату зебоии занонаи худро ҳамеша нигаҳбон бошему занону бонувону ҷавондухтаронро дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва хештанпарастӣ тарбия намоему аз либоси миллии худ ифтихор дошта бошем. Мо бояд ҳамеша бо дӯст доштан ва арҷ гузоштани либоси миллӣ, муаррифгари миллати фарҳангсолору тамаддунофари худ бошем.
Анварова М.Н.- н.и.ф., дотсент
кафедраи филологияи араб,
факултети забонҳои шарқ