​АНДЕШАҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

«Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористонро ба хyдӣ ва бегона, ашадї ва ислоҳгаро ё хубу баъд ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс тавре, ки ман борҳо таъкид карда 6удам, meppopиcт ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. 3уҳypoти терроризм ба суботу амнияти кypaи зaмин хавфу хатари бе ниҳоят зиёд дорад. Хатарҳои замони муосир моро водор месозад, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем.»

Эмомалӣ Рахмон

Боиси зикр аст, ки дар ибтидои асри XXI инсоният бо хатари ҷиддие рӯбарӯ гаштааст, ки номи он “терроризми байналмилалӣ” аст. Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони муосир ба шумор рафта, зухуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш- тахдид ё истифодаи зуроварӣ, расонидани зарари вазнин, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғабси ҳокимият ва азони худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Имрӯз, терроризм дар минтақаҳои гуногуни олам доман афрохта, хатари бузурги иҷтимоиро ба миён овардааст ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақа воқеан таҳдиди ҷиддӣ эҷод намуда истодааст.

Асосгузори сулху вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид менамоянд, кӣ бо «бо мақсади таъмини устувор ҷиҳати neшгupӣё аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақивӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем».

Дар суханрониҳои хеш Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буданд, ки “Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардиданд ва зуҳуроти тероризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳони табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад”

Пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмва экстремизмяке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд. Вале, терроризм ва ифротгароӣ пеш аз харвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои дaҳшaтбopy бераҳмонаи худ ба праблемаи ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст. Таъсири манфии ин зуҳуроти номатлуб бахусус баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Осиёи Марказӣ бештар зоҳир шуд, ки сабаби асоси он ноустувории давлатҳои тозаистиқлол ва дуруст дарк карда натавонистани моҳияти демократия ва шакли нави давлатдорӣ маҳсуб меёбад.

Новобаста аз он, кихалкитоҷикдардаврониҷангитаҳмилии шаҳрвандӣ оид ба ҳаракатҳои мудҳиши терроризм ва экстремизм сабақи таърихӣ гирифта, ин падидаҳои манфии ҷомеаро ҳамчун амалҳои “нопок” маҳкум менамояд. То ҳол масоили пешгир гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пурра ҳалли худро наёфтааст.

Пешгирӣ кардани ҷиноят нисбат ба ошкор намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс барои давлат ва ҷомеа ҳамеша манфиатовар мебошад. Аз тадқиқотҳои илми криминалогия ба мо маълум аст, ки барои пешгирии ҷиноят, аз ҷумла ҷиноятҳои хусусияти террористӣ, экстремистӣ дошта омӯхтан ва ошкор кардани решаҳо, сабабҳо, ангезаҳо, шароиту омилҳои содиршавии онҳо нақши калидиро мебозанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, хуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аз зумраи давлатҳоест, ки бар зидди терроризм ва экстремизм муборизаи беамон мебаранд ва маҳз тавассути иқдому талошҳои Пешвои миллат як қатор барномаҳо ва корҳои ғоявӣ барои пешгирӣ намудани терроризми байналмиллалӣ пешниход гардиданд.Дарсиёсатидохилӣнизкорҳоимуҳимдарасоси «Стратегияи миллии Ҷумҳypии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои соли 2016-2020» роҳандозӣ шуда буд.

Баҳри боз ҳaм бештар кардани вазъи кунунии кишварамон санаи 26

январи соли 2021 дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи миллии Ҷумҳypии Тоҷикистон оид бa муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои соли 2021-2025» эълон намуданд.

Экстремизм — аз калимаи франсузии «extremisme» ва аз лотинии «extremuus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, якравона, аз ҳад гузашта, аз андоза гузаштан буда, экстремист — шахсиятест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравию якравӣ аст. “Терроризм” бошад (аз калимаи лотини «terror») сарчашма гирифта, маънояш тарс ва вахм аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Teppop кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумеди афкандан аст.

Бинобар ин ҳap як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисси ватандустӣ, меҳанпарастӣ, худшиносӣ, хештаншиносӣва инсондустӣ танҳо қувваҳое мебошанд, ки дар муқобили терроризм ва экстремизм метавонад истодагарӣ намояд. Зеро дар даврони ҷахонишавии босуръат ба хотири ҳифзи истиқлоли миллӣ ва расидан ба қуллаҳои баланди давлатдорӣ ҳap як фарди ҷомеа мувофиқи кору омоли хеш муваззаф ва масъул аст, ки асолати миллӣ ва амну суботи кишвар ва дастоварду арзишҳои фарҳангии хешро пуштибонӣ ва ҳимоят кунанд.

Хулоса, ҳap як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз он, ки дар қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шомил шудан ба гypӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷазоҳои ҷиноятӣ дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар карда шудааст, шумораи содиркунандагони ҷиноят коҳиш намеёбад. Аз ин рӯ бояд ҷазоҳои ҷиноятӣ, барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ дошта, бояд пурзӯр карда шавад ва шахсони бо ҷурми ин ҷиноятҳо маҳкумгардида, зери назорати махсуси мақомоти иҷрои ҷазо қарор гирад.

Имрӯз мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон вазифаи дастаҷамъонаи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад. Бетарафӣ нисбати ин падидаи номатлуб, барои рушди минбаъдаи кишвар хатари ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатй ва бехатарии кишвар таҳдид менамояд.

Ашурова Т.А., дотсенти кафедраи электроникаи

факултети физикаю техника,

МДТ”Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ