​Ҷойи ў дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст...

Аз номи ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро ҷиҳати реҳлати яке аз устодони соҳибтаҷриба Самадова Рафоатхон ба пайвандону дӯстон ва шогирдони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор мекунем. Имрӯз на танҳо барои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ, балки барои маорифчиёну аҳли зиёи кишвар рӯзи мусибат ва ғамангез аст. Зеро соҳаи маориф як нафар собиқадор, соҳибтаҷриба, корманди содиқ ва педагоги асилеро аз даст дод, ки умри худро барои рушди маънавии ҷомеа ва таълиму тарбияи фарзандони миллат сарф намудаанд.

Самадова Рафоатхон аз бонувоне, ки дар тарбияи насли наврас ва пешбурди фаъолияти илмиву таълимӣ нақши созгор гузоштаанд, Аълочии маорифи Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русии факултети филологияи рус мебошанд.

Профессор Рафоатхон Самадова тавонистаанд бо таҳқиқ ва пажуҳиши пурарзиши хеш дар густаришу омӯзиш ва таблиғи забони русӣ саҳми назаррас гузоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид месозанд, ки: “Муаллим аќл, шарафу виљдони љомеа ва симои асосии он мебошад. Ў донишу заковат, нури дида, гармии дили худро бедареѓ ба фарзандони халќ медињад ва худро хушбахт медонад”. Дар ҳақиқат, дар такя ба чунин гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат зиёиёнро метавон ҳамчун рањнамо ва ќувваи воќеии пешбарандаи љамъият унвон намуд. Профессор Рафоатхон Самадова намунаи неки чунин омӯзгор ва зиёӣ буданд.

Рафоатхон Охунбобоевна аз зумраи олимоне буданд, ки дар раванди омода кардани кадрҳои соҳаи забошиносӣ саҳми назаррас гузошта, дар тӯли фаъолияташон вазифаи муқаддаси хешро, ки омӯзгорист, бисёр дар сатҳи баланди касбӣ ва қобилияти фавқуллода ба анҷом расонидаанд.

Аз зиндагиномаи профессор Самадова Рафоатхон бармеояд, ки соли 1957 ба факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) дохил шуда, пас аз як сол барои давом додани таҳсил ба Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна ба номи В.И.Ленин интиқол меёбанд. Пас аз хатми ин донишгоҳ фаъолияти педагогии худро дар кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ оғоз намудаанд (1967-1971). Сипас ба ҳайси аспирант ва сармуаллими кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русии донишгоҳи азизамон (1975-1980) фаъолият бурдаанд. Рисолаи номзадиро дар Шурои илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷик ба номи Рӯдакии Академияи улуми Тоҷикистон дифоъ намудаанд.

Солҳои 1980-1999 – дотсент, мудири кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ, декани факултети филологияи рус (1993), ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рудакии АИ ҶТ (1996-1999) кору фаъолият намудаанд. Тадқиқоти илмиашонро дар назди сексияи забоншиносии пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт ба номи Рӯдакии АИ ҶТ (1996-1999) ба фарҷом расонида, соли 1999 дар мавзуи «Масъалаҳои сохтори лингвистии ибораҳои номии пешояндӣ дар забонҳои русӣ ва тоҷикӣ» дар Шурои илмии пажўҳишгоҳи мазкур рисолаи доктории худро дифоъ намудаанд.

Устод Рафоатхон Самадова Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011) буда, барои дастовардҳои назаррас дар иҷрои вазифаҳо ба тайёркунии мутахассисон барои хоҷагии халқ ва «Барои муваффақиятҳои аъло дар мактаби олӣ» бо “Нишони фахрӣ” ва ордени «Нишони фахрӣ» сарфароз гаштаанд. Инчунин ба ҳайси олими шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати иштирокчиёни симпозиуми илмӣ-байналхалқии «Рўзҳои илм ва фарҳанги Тоҷикистон дар ҷазираи Кипр» (1984) ширкат варзида, дастовардҳои илмии хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд.

Профессор Самадова Рафоатхон аъзои сексияи забоншиносӣ ва Шурои дифои рисолаҳо дар назди донишгоҳ буданд ва ҳамчун олими сермаҳсул ва шинохта дар конфронсҳои байналхалқӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Русия бо баромадҳои ҷолиби илмӣ-педагогии хеш шинохта шудаанд.

Реҳлати чунин як фидоии роҳи илм ва устоди собитқадаму фаррухрисолат, ки фаъолияташон намунаи ибрат аст, барои соҳаи маорифи кишвар бохти бузург мебошад.

Ҳозирини арҷманд!

Равони профессор Самадова Рафоатхон шод ва макони охираташон обод бод. Ба аҳли пайвандону наздикон сабри ҷамил мехоҳем.

Мо намегўем, ки ў аз дори дунё рафтааст,

Ҷойи ў дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ