​Ваҳдати миллӣ ҷавҳари беназир

Ҳамасола 27 июн мо - халқи шарафманди тоҷик бо камоли сарафрозӣ Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Зеро ҳанӯз 27 сол муқаддам дар ин рӯз хостаҳо ва ормонҳои чандсолаи мардуми ҷафодидаи тоҷик, ки ташнаи сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ буданд, амалӣ гардид. Он рӯзи таърихӣ, ки дар шаҳри Маскав миёни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид, кишварро аз нобудӣ ва мардумро аз парокандагӣ наҷот дод.

Оре, Ваҳдату ягонагӣ буд, ки душвориҳо ва монеаҳо дар кишвари азизи мо паси сар шуданд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ овард ва кишвари азизамон аз ҳар лиҳоз ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ворид гардид.

Ваҳдати миллӣ яке аз сарчашмаҳои асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлатдорӣ маҳсуб ёфта, дар таърихи навини тоҷикон барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлолияти комили давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад. Дар воҷеъ, Ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он маншаъ мегирад. Он барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар усурҳои давлатдориамон нақши муассир дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худ меъмори сулҳи пойдори тоҷикон ва ваҳдату якпорчагӣ мебошанд, дар ин хусус чи хуб фармудаанд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонида бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Пешвои муаззами миллат дарахти сулҳу ваҳдат номиданд, воқеан имрӯзҳо меваи ширину пурсамар ба бор овардааст.

Мо ҷавонони даврони Истиқлол ифтихор мекунем, ки кишвари азизи мо ба шарофати ҳамбастагии халқи шарифи тоҷик таҳти роҳбарии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳ ба сӯи музаффариятҳои бузург пеш гирифт. Пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва устувории Истиқлолияти давлатиро дар ҳар қадам ва дар ҳар самт ба хубӣ эҳсос мекунем. Дар ҳама соҳа, махсусан соҳаи варзиш сол то сол дастовардҳои бузургу комёбиҳои беназир насиби фарзонагони тоҷик мегардад, ки боиси сарфарозӣ аст.

Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро кишваре, ки сулҳу осоиш ва ҳамбастагӣ дорад, бегазанд аст, давлаташ афзун гашта, аз ҷиҳати сиёсӣ, аз ҷиҳати иқтисодӣ ва фарҳангӣ пеш меравад. Дар ҷомеае, ки решаҳои сулҳу ваҳдат пойдору мустаҳкаманд, ҳеҷ гоҳ осеб намерасад.

Ҳамбастагиву ягонагӣ ҳаст, ки имрӯз занону бонувони мамлакат дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлативу чамъиятӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни варзиш ва оммавӣ гардонии он дар паҳлӯи мардҳо фаъолона иштирок намуда, парчами Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд ва давлату миллати тоҷикро сар то сари ҷаҳон муаррифӣ менамоянд.

Ин пешрафтҳоро дар таҷрибаи кории худам, ки солҳост барои баланд бардоштани нерӯи зеҳнии ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон талош меварзам, хуб эҳсос кардаам. Зеро дар шароити ҳамзистиву ҳамбастагӣ пешбурди ҳама намуди варзиш, хоса шоҳмоту шашка имкон фароҳам меоварад, ки бо мамлакатҳои мутамаддин аз пояи баробарии илмиву фарҳангӣ муносибат карда, обрӯю нуфузи миллати тоҷик ва давлати тоҷикро боз ҳам баландтар бардорем. Илова бар ин, тайёр намудани донишҷӯён ба озмуну олимпидаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ як заминаи хебе хоҳад гашт барои пешрафти ҷомеа, ки ин ҳама меваҳои Ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.

Рушду нумуъ ва тараққиёти миллат маҳз дар устувории сулҳу ваҳдат аст. Агар дар мамлакате пояҳои сулҳу ваҳдат мустаҳкам набошанд, он кишвар зарра-зарра аз даруни худ нобуд мешавад. На танҳо аъзои як оила бояд бо ҳамдигар иттифоқ бошанд, балки аз кӯдакони як сарзамин сар карда то пири кор – ҳама нисбати ҳам эҳтиром қоил бошанду ҳамдигарро дӯст доранд, дар лаҳзаҳои танги ҳаёт дасти ҳамдигарро бигиранду якдигарро танҳо нагузоранд. Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем ва ҳоло таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва дигар давлатҳои муқтадири дунё меомӯзанд.

Хулоса, Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик дастоварди беназирест дар қатори истиқлолияту амнияти миллӣ, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқи азизамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд. Бинобар ин, ваҳдати миллиро бешубҳа метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани маҳбубамон маънидод намуд, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳдорӣ намоем.

Ҷумаев Бӯстонбек Маҳмадназарович – номзади илмҳои физикаю математика, мудири кафедраи анализи математикӣ

ба номи профессор А.Муҳсинов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ