​Каломи Пешво - равшангари ақлҳо

Мулоқоти навбатии Пешвои муаззами миллатбо аҳли илм ва маорифи кишвар баргузор гардид, ки мақсади мулоқот баррасии рушди кунунии илм ва дурнамои он буда, барои ҷамъият яке масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Барои пешбурди соҳаи илм баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ зарур мебошад.

Амалҳои то имрӯз иҷрошуда, маълум менамоянд, ки аз рӯзҳои нахустини мустақилият соҳаи илму маориф дар кишвари мо мавқеи асосиро ишғол намуда, омӯзгорону мутахассисон ва тадқиқотчиён асоси пешбарандаи тамоми ҷабҳаҳои хоҷагии халқ ба ҳисоб мераванд.

Ҳангоми суханронӣ Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки доир ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои олӣ, миёна ва касбӣ, ва ба замони ҳозира мутобиқ намудани соҳаи таълим диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Дар ин замина, доир ба рушду нумӯъ ва мавқеи маориф дар ҷомеаи муосир сарвари давлат вазорату идораҳои дахлдорро ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав, баланд бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифдор намуда, дастуру супоришоти мушахассро ироа намуданд.

Дар ин робита масъалаи калидии таҳкиму ташаккули низоми таълиму тарбия пеш аз ҳама, баланд бардоштани сифати он мебошад. Зеро бо паст будани сифати маориф миёни талаботи истеҳсолоту иқтисодиёти ҷомеа ихтилоф ба амал меояд. Аз ин ҷост, ки сифати маориф иқтдори иқтисодӣ, зеҳнӣ ва маънавии ҳар як кишварро муайян менамояд. Дар ин маъно, сифати маорифро сарвари давлат дар баромадашон зимни мулоқотбо чунин мафҳумҳои бунёдӣ, монанди сатҳи зиндагӣ, иқтидори иқтисодии мамлакат, қобилияти устувории давлат ба шароитҳои тағйирёбандаи ҷомеа ҳамоҳанг қайд намуданд.

Бинобар ин, зарурати моҳиятан баланд бардоштани сифат ва иҷроиши самараноки нақшаву барномаҳои таълимӣ, бунёди методу технологияҳо, ташкили таълими босифат дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ будани он рӯз то рӯз аён мегардад.

Бардошт аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, 30 майи соли 2024.

КАЛОМИ ПЕШВО

Пурмуҳтаво, ғарқи вафо ҳарфу каломи Пешво,

Моро бақои зиндагӣ андар саломи Пешво.

Хуш бод умри миллате бо сарнавишти бехато,

К-андар китоби орзу моро бувад бахти ато.

Пайку дуои ҳиммате аз номдорон омада,

Бо файзу иқболи сафо аҷри ҳазорон омада.

Дар партави илму амал моро фузуда зиндагӣ,

К-аз Пешвои мо бувад моро раҳи тобандагӣ.

Дониёр Сангинӣ, Қобилова Маҳинахон - муаллимаи кафедраи географияи иқтисодӣ ва демографияи факултети

геоэкология ва туризм

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ