​Нақши захираҳои об дар инкишофи иқтисодиёти Тоҷикистон

Ҳақиқат аст, ки захираи оби сарати асоси Тоҷикистон пиряхҳо ташкил медиҳад аз тарафи дигар об манбаи асоси энергетики мамлакт аст. Об ҳаёт, об – рӯшноӣ, мӯҷизаи беохири табиат мебошад. Об яке аз чор унсури ҳаётро дарбар мегирад. Об омаду бахт, аз деҳқон напурсед, ки чи қадар замин дорӣ, бипурсед ки чи қадар об дори қатраи об қимматтар аст аз алмос. Об хуни замин мебошад об шарбати замин аст, ки овардани об қаҳрамон аст. Боиси зикр аст, ки «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005 - 2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва ниҳоят Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028 аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Президенти ин кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд. Маҳз аз ҳамин хотир, ҷомеаи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар асоси қатъномаи мазкур, пешниҳодҳои ироашудаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

- Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

- Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

-Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

- Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.

Аз ин рӯ, Қатъномаи номбурда аҳаммияти умумибашарӣ дошта, пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор қайд намудааст. Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси қоҳиши густурдаи криосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкуҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба проблемаҳои минтақа, аз ҷумла ба масъалаи ҳавзаи баҳри Арал диққати ҷиддӣ медиҳанд. Кишвари мо яке аз муассисони Фонди байналмилалии наҷоти Арал буда, дар қатори дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷидду ҷаҳди худро барои ҳалли ин проблемаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ равона менамояд. Дар ҷараёни гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ истифодаи оқилонаи захираҳои об ҳамчун мушкилоти ҷиддии минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифта истодааст.

Дар ҳақиқат об неъматет ҳаётан муҳим барои ҳар як мамлакат ва сокинони он мебошад. Одамон аз замонҳои қадим инҷониб тақдири худро бо об вобаста кардаанд. Оби тоза шарти асоси ҳаёт ва ҷузъи таркибии тамоми унсурҳои биосфераи сайёра мебошад. Ҷойгиршавии оби ширин дар таибат нобаробар аст беш аз 3 миллиард нафар одамон имрӯзҳо камбудии шадиди ин неъмате худододро эҳсос мекунанд, бо баробари рушди муносибатҳои демографӣ ин масъала то рафт мураккабтар мегардад таваҷҷуҳи ҷомеи ҷаҳониро ба муҳим будани ин масъала ба назар гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон қайд мекунад: “Ҳамагон бояд фаҳманд ки арзишмандии об на камтар аз арзишманди нафт, газ ва дигар навҳои сузишвориву манбаҳои энергия барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад.

Мақсад аз ташаббусҳо ин аст, ки Пешвои миллат назари худро на танҳо доир ба ҳалли мушкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ба ҳалли мушкилотҳои тамоми сайёра баён менамояд. Айни замон, ки тағйирёбии иқлим ва бо суръати баланд об шудани пиряхҳои бузург идома дорад, Президенти кишвари мо аз даҳҳаи аввали асри 20 пешбинӣ ва таҳлил намуданд, ки ин падида ба талафоти зиёди ҳайвоноту наботот ва маҳдудияти дастрасӣ ба оби ошомиданӣ оварда мерасонад. Дар идомаи ташаббускорӣ дар ҳалли масоили мубрами байналмилалии вобаста ба об, моҳи августи соли 2016 бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» ва июни соли 2018 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалӣ оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028» баргузор гардиданд.

Пиряхи Федченко яке аз калонтарин пиряхҳои дунё ба шумор рафта, дарозии он 77 км ва бараш аз 1700 то 3100 метрро ташкил медиҳад. Пирях аз нишемангоҳи қуллаи Инқилоб дар нишебии шимолии қатораҳои Язғулом ибтидоъ гирифта, то ба дарозии қатораҳои шарқии Академияи илмҳо идома меёбад. Ғафсии ях дар қисмати мобайнии пирях 1000 метр ва масоҳати умумии яхбандишуда ва барфтудаҳо 992 км2-ро ташкил медиҳанд. Пиряхи мазкур ба намуди пиряхҳои мураккаби нишемангоҳи куҳӣ шомил гардида, пиряхи мураккаби нишемангоҳии куҳии бузургтарин дар ҷаҳон дониста мешавад. Нуқтаи болоии пирях дар баландии 6280 метр ва қисмати поёнии он дар масоҳати 2900 метр ҷойгир буда, баландии хати барфӣ 4650 метрро ташкил менамояд.

Ҳамин тавр, дар асоси андешаҳои болозикр, гуфта метавон, ки барои расидан ба ҳадафҳои меҳварии сиёсати давлативу умумибашарӣ оид ба ҳифзи захираҳои обӣ зарур аст, ки тамоми давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ новобаста аз эҳтиёҷмандиашон нисбат ба ин захираи табиӣ ташаббускорӣ ва ҳамбастагии муштаракро тақвият бахшанд. Чунки истифодаи беҳтари захираи обҳои фаромарзӣ ба ҳамкории зичи миёни кишварҳои ҳамсоя бештар вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳамкорӣ ва ҳамгироии байни кишварҳои ҳамсояи наздисоҳилӣ дар таъмини истифодаи босуботи об барои наслҳои оянда нақши муҳим мебозад. Дар баробари ин, яке аз ҳадафҳои бунёдии расидан ба мақсадҳои пешгузоштаи давлат оид ба беҳдошти вазъи экологӣ, ҳамчунин ҳифзи захираҳои обӣ мақоми ҳар як узви ҷомеа низ калидӣ маънидод мегардад.

Абдураҳимов Ҷасурбек- донишҷӯи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ