​Тозанашр: Методикаи таълими биология

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони Методикаи таълими биология китоби дарсӣ нашр шуд.

Муаллифони китоб Алимова Хуршеда, Ҳакимова Ҳабибахон ва Собитова Муяссара мебошанд.

Методикаи таълими биология ҳамчун фан дар меҳвари худ мазмун ва муҳтавои раванди таълим ва тарбияи ин фан ва қонуниятҳои аз тарафи мактаббачагон азбар намудани маводи биологиро меомӯзад.

Мазмун ва сохтори маводи мазкур дар қолаби китоби дарсӣ мураттаб гардида, дар он роҳу усулҳои гуногун, аз ҷумла аз ҷониби омӯзгор имконияти интихоби шакл, метод ва воситаҳои таълим, тартиб додани нақшаи тақвимӣ ва мавзӯӣ, тарбияи хонандагон дар ҷараёни таълим, шаклҳои назорати дониши хонандагон, инкишофи мафҳумҳои биологӣ, воситаҳо ва заминаҳои моддии таълими биология баррасӣ ва коркард шудаанд.

Китоби мазкурро метавон ба сифати роҳнамои доимӣ дар ҷараёни тайёр намудан ва гузаронидани машғулиятҳои лабораторӣ-амалӣ, семинарҳо, таҷрибаи саҳроӣ, таҷрибаомӯии омӯзгорӣ дар мактаб, дар тайёр намудани санҷишҳои марҳилавӣ ва имтиҳонҳо истифода намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ