Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар паёми созанда

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар васеъ ва густурда ба роҳ монда шуда, вобаста ба он чанд барномаҳои давлатии таълим махсусан, доир ба такмили забонҳои англисӣ ва русӣ қабул гардидаанд. Инкишоф ва ривоҷи забономӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор омилҳо ҳамбастагӣ дорад. Ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар худ омили аввалин ба шумор меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромаду мулоқот бо аҳли маориф ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи меҳвариро зоҳир намуда, таъкид бар он менамоянд, ки бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамгом бошем, зеро замони муосир онро тақозо менамояд. Пешвои миллат ҷавоноро муваззаф намуданд, ки забондон ва ҳамқадами замона бошанд, ки омадааст: «Забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори ҷиддӣ диҳем. Мо омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардидани ҷомеа густариш медиҳем». Дар Паёми санаи 21 декабри соли 2022 ин нуктаро борҳо ба омӯзгорон таъкид намудаанд: «Ҳоло дар ҷомеаи мо насли нави соҳибистеъдод, илму донишдӯст ва фарҳангпарвару забондон ба камол расида истодааст ва мо онҳоро аз ҳар ҷиҳат бояд дастгирӣ намоем».

Воқеан, сайъу талошҳои Пешвои миллат буд, ки Тоҷикистон бо зиёда аз 150 давлати дунё ҳамкориҳои судманди хешро дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа ба роҳ мондааст. Зеро дар шароити рушди ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонанд ва аз ин забонҳо дар муоширати ҳаррӯза самаранок истифода баранд, меафзояд. Бинобар ин, андешидани чораҳои самарабахш барои рушди минбаъдаи шаклу усулҳои таълиму омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамчун воситаи муҳими муоширати байналмилалӣ ва байни миллатҳо зарур ва саривақтӣ аст.

Омӯзгорони лаёқатдманди кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи кори хеш дониста, барои татбиқи он донишҷӯёнро ҷавобгӯ ба талаботи давлатӣ ва рақобатпазир дар бозори меҳнат ба камол расонида истодаанд.

Намунаи равшани ин гуфтаҳо он аст, ки омӯзгорони кафедра мунтазам иқдом гирифтаанд, ки дар конференсияҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайваста иштирок намоянд. Дар конфреренсияи байналмилалӣ барои омӯзгорони фанни забони англисӣ, ки аз тарафибарномаи “Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо” ташкил карда шуд, ҳайати омӯзгорони кафедраи забони англисӣ фаъолона ширкат варзиданд. Ба омӯзгороне, ки дар озмунҳои сатҳи байналмилаӣғолиб омада буданд, муяссар гардид, ки ба ҳайси маърӯзачии конференсия доир ба масоили мубрами усули таълими забони аглисӣ ибрози андеша намоянд. Бояд зикр намуд, ки моҳи августи соли 2023 дар ноҳияи Шаҳристон омӯзгорони кафедраи забони англисӣ барои пешкаш намудани ғояҳои беҳтарин оид ба таълими забони англисӣ дар байни омӯзгорони фанни забони англисии макотиби миёнаи ноҳияҳои дурдаст “Воуркшопи Мастер класс”, семинари омӯзишии такмили забони англисӣ дар муддати панҷ рӯз барпо намуданд. Муаррифиҳои омӯзгорони кафедра ин истифодаи усулҳои нави таълим баҳри рушди тафаккури интиқодӣ ва баланд бардоштани салоҳияти фарҳангӣ бахшида шуда буданд. Пешниҳоду дархостҳои онҳо доир ба истифодаи усулҳои нави таълим тавассути бозиҳо ва машқҳои коммуникативӣ дар бораи шинохти фарҳангҳои олам аз тарафи ҳамкасбону коршиносон хуб арзёбӣ гардиданд. Ҳамчунин, дар барномаи “Забони англисӣ бидуни сарҳад” (English Without Bourders”омӯзгорон соҳиби ғолиби лоиаҳои грантӣ гашта, барои муаллимони забони англисии макотиби миёна ва олӣ семинарҳо, тренингҳо ва вебинарҳои усули таълими салоҳиятнокӣ ва интерактивии таълими забони англисӣ дар соли таҳсили 2022-2023 гузарониданд. Омӯзгорони кафедра зиёда аз 30 конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва 36 конференсияҳои байналмилалӣ чун иштирокчиёни фаъоли конференсия бо маърӯзаҳои илмӣ ва методӣ иштирок намуда, соҳиби шаҳодатномаҳо гашатанд.

Инчунин, дар кафедраи забони англисӣ маҳфилҳои маърифатӣ амал мекунанд, ки такомули зеҳнии донишҷӯёнро инкишоф медиҳад. Масалан, дар яке аз маҳфилҳо бо номи “Сайёҳони забондон” донишҷӯён аз мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ дидан намуда, маърузаҳои хешро омода менамоянд ва чун роҳбаландон, тарҷумонон дар ҳузури сайёҳон ва устодон маҳорати хешро месанҷанд.

Забондонӣ сабаби вусъат ёфтани робитаҳои байналмилалӣ, иртиботи миллатҳо, доманадор гаштани ҳамбастагии фарҳангӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишварҳо мегардад. Дар факултет ташкили дарсҳои фосилавӣ, яъне онлайнӣ бо ҳомили забони англисӣ ба роҳ монда шудааст. Аз бахшҳои якум то панҷум бо ҳидояти муаллимони кафедра донишҷӯён дар маҳфили инкишофи малакаи хаттӣ бо номи “Эссейнависӣ барои TOEFL” таҳти роҳбарии мутахассиси барномаи “Fullbright” профессор Ҷудиос Эллиот корбарӣ менамоянд.

Ин иқдомҳои созанда дар Паёми санаи 28 декабр соли 2023 хеле равшан баён гаштааст: “Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад”.

Ба вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ баҳои воқеъбинона додани Сарвари давлати мо - омӯзгорони забонҳои хориҷиро водор мекунад, ки ба ин масъала эътибори бештар диҳем. Дар партави ҳидояти Пешвои миллат кӯшиш ба кор мебарем, ки сатҳу сифати таълими забони русӣ ва англисиро ба дараҷаи баландтар бардорем. Барои ин шароити мусоиди таълимӣ, пойгоҳи муқтадири таълимие, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам омадаанд, дар муассиса мавҷуданд. Муаллимонро мебояд бо азму ғайрати дучанд фаъолият намуда, ҳидоятҳои Пешвои миллатро софдилонаю содиқона ба иҷро расонанд.

Шамсиддинова Назира Раҳимовна, номзади илмҳои филология, мудири кафедраи забони англисӣ, факултети забонҳои шарқ, МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”

Тӯраева Гулорохон Бурҳоновна, номзади илмҳои филология, мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ, факултети забонҳои шарқ, МДТ “ДДХ ба номи

академик Б.Ғафуров”


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ