​Омӯзиши математика бо забони англисӣ талаби замон

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромадҳояшон ба ҷавонони кишвар муроҷиат намуда таъкид медоранд, ки бояд ҷавонони имрӯза аққалан ду забони хориҷӣ русӣ ва англисиро донанд. Зеро барои огаҳ шудан аз пешрафту тараққиёти ҷаҳони муосир бояд забонҳои хориҷиро донист. Бе надонистани забонҳои хориҷӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудан ғайриимкон аст. Илова бар ин дар кишвари маҳбубамон сол то сол кушод шудани мактабҳои хусусии забони таҳсилашон русӣ ва англисӣ ҷавонони имрӯзаро водор месозад, ки забонҳои хориҷиро омӯхта муттахассиси ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ тайёр шаванд.

Бо ин мақсад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд стртегияю барномаҳо қабул гардида истодааст, ки зарурияти омӯхтани забонҳои хоириҷиро дар бар мгирад. Барои дар амал татбиқ намудани «Барномаҳои давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бо ташаббуси мудири кафедраи анализи математикӣ ба номи А.Муҳсинов номзади илмҳои физика-математика, муаллими калон Ҷумаев Б.М. ва донишҷӯи гурӯҳи 403а Холматова Дилноза гурӯҳи англисӣ ташкил карда шуд. Барои гурӯҳи ташкилшуда Холматова Дилноза математикаро бо забони англисӣ меомӯзонад. Аъзоёни гурӯҳи мазкур донишҷӯёни факултети математика, ки дар гурӯҳҳои махсус таҳсил менамоянд ба ҳисоб мераванд. Дарс дар як ҳафта се маротиба рӯзҳои душанбе, сешанбе ва шанбе ба роҳ монда шудааст. Гурӯҳ 10 – то аъзо дорад.

Мақсад аз кушодани гурӯҳи мазкур ин таъмин намудани муттахассисони донандаи математика бо забонҳои русӣ ва англисӣ барои мактабҳои хусусии забони таҳсилашон русӣ ва англисӣ ба ҳисоб меравад.

Бӯстонбек Ҷумаев – н.и.ф.-м., муаллими калони кафедраи анализи математикӣ ба номи А.Муҳсинов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ