​Дастгирии Пешвои миллат дар соҳаи илму маориф

Он миллате босаодат ва пирӯз аст, ки сарвараш оқилу хирадманд ва соҳибфазилат бошад. Хушбахтона, миллати тоҷик дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин хислати олиҳимматӣ ва накӯпешагиро мебинад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои сарнавиштсози миллати тоҷик аст. Ба шарофати сиёсати бунёдкорона ва созандаи ин абармарди таърихи навин Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргириҳои дохилӣ раҳоӣ ёфта, имрӯз чун давлати соҳибихтиёр дар харитаи ҷаҳон ва ҷомеаи байналмилалӣ мақоми сазовор гирифтааст ва акнун, онро тамоми мардуми дунё мешиносанд ва эътироф мекунанд

Таърих фаромӯш нахоҳад кард, ки Эмомалӣ Раҳмон бо хизматҳо барои ягонагии Ватан, пойдории давлати Тоҷикистон ба ҳайси сиёсатмадори ҷаҳонӣ эътироф гашта, сарзамини аҷдодиамон туфайли сарварӣ, роҳнамоӣ ва саъю талоши хастагинопазирашон аз ҷанги бемаънӣ раҳо ёфту обод гардид, демократия таҳким ёфт, рушди соҳаҳои хоҷагии халқ таъмин гашт, арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ ҳифз шуд, шароити зиндагии шоиста ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон фароҳам омад.

Туфайли сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат имрӯз якдиливу ваҳдат, дӯстиву бародарии байни минтақаҳо пойдор буда, сокинон бо рӯҳияи болидаву хотири ҷамъ дар фазои ободу озод кору зиндагӣ доранд. Мо бо чунин абармарди покизаназар ва шахсияти баркамол ифтихор дорем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз сиёсатмадорони дурандешу хирадманд, ифодакунандаи ормонҳо ва рисолати давраи тақдирсози истиқлоли миллӣ ба шумор меравад. Ӯ дар лаҳзаҳои душвортарини таърихӣ кафолати сулҳ, якпорчагӣ ва ваҳдати ҳақиқии халқҳои Тоҷикистонро бо мардонагӣ ба уҳда гирифт.

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат соҳаи илму маориф рушди рӯзафзун дорад. Роҳбари кишвар соҳаи маорифро чун омили такондиҳандаи пешрафти иҷтимоӣ тавсиф намуда, иброз доштанд: «…фақат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст». Сарвари давлат дар бораи вазифаҳо ва ҳадафҳои мактабу маориф сухан ронда, таъкид мекунанд, ки «…таълиму тарбия ва ба камол расонидани насли дилсӯзу ғамхори Ватан, халқу ҷамъият, насле, ки масъулияти фардои Тоҷикистонро ба дӯш гирифта тавонад, вазифаи аввалиндараҷа ва муқаддаси сохтори маорифи мост».
Пешвои миллат дар Паём кормандону масъулини мактабу маориф, волидайн ва аҳли ҷомеаро ба тарбияи сазовори насли ояндасоз ҳидоят ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф намуда, арҷу эҳтиром гузоштан ба ӯро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин арзёбӣ карданд.

Дар ин самт таъкид гардид, ки: “Агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад”.
Ин суханони дурбинона ва ояндасози Сарвари давлат моро водор месозанд, ки ба мақсади ояндаи дурахшони давлату миллат, ба масъалаҳои таълим додану маърифатнок кардани хонандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот якҷо бо волидайн ва мақомоти масъули давлатӣ саъю кӯшиш намоем.
Дастгирии соҳаи маориф аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии зич дорад. Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаи илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имконот истифода карда, доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардондани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла, шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Аҳмадбекова Мадинахон Ғайбуллоевна - н.и.п., сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии информатика

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ