​Устод Рустамҷон Мавлонов низ моро тарк кард

Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз даргузашти Мавлонов Рустамҷон Fафурович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинги факултети иқтисодӣ сахт андуҳгин буда, ба аҳли пайвандон, дӯстон ва шогирдону наздикон ҳамдардӣ баён мекунанд.

Мавлонов Рустамҷон Fафурович 3-юми апрели соли 1949 дар шаҳраки Нови ноҳияи Спитамен дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби маълумоти миёнаи умумии №3 ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ (соли 1966) ба факултети механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1971 бо ихтисоси муҳандис-барномасоз хатм намудааст.

Солҳои 1979-1981 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи кафедраи кибернетикаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси “Усулҳои иқтисодию математикӣ ва инструменталӣ” таҳсил намуда, дар мавзуи “Беҳтарсозии дурбиникунии эҳтиёҷоти мактабҳои олӣ ба мутахассисони унвони илмидошта” таҳқиқот бурдааст.

Дар давраи фаъолияти меҳнатӣ ҳамчун сарлаборант, ходими хурди илмӣ ва ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва усулҳои иқтисодию ма¬тематикии банақшаги¬рӣ бо маркази ҳисоб¬ба¬рори Комиссияи нақшакашии ҶШС Тоҷикистон (1973-1987), мудири лабораторияи стансияи мошинсанҷии Тоҷикистон (1987-1994), муаллим, сар¬муаллим, мудири кафедраи менеҷ¬мент ва молияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров (1994-1995) ва баъдан то нафаси охирин ҳамчун дотсенти кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинги донишгоҳ кору фаъолият намудааст.

Соли 2014 таҳти роҳбарии профессор Қодиров Абдураҳмон рисолаи номзадии худро ба дифоъ расонидааст.

Устод Мавлонов Рустамҷон номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, муаллифи зиёда аз 150 мақолаи илмӣ ва 19 дастури методӣ буда, ҳамаи он дар маҷаллаҳои илмиву оммавии ватаниву хориҷӣ нашр гардидаанд.

Хотираи неки Устод дар дили устодон ва шогирдон ба некӣ ва ҳамешагӣ ёд хоҳад шуд.

Равони устод шоду манзили охираташ обод ва ёдашон гиромӣ бод.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ