Саноатикунонии кишвар - омили пешрафт

Соҳаи саноат дар иқтисодиёти ҳар як кишвар нақши муҳим дорад, зеро рушди соҳаи саноат дар таъмини иқтидори захиравии иқтисодиёт ва равандҳои такрор истеҳсолии он, фароҳамсозии вазъи устувори иҷтимоӣ, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи некўаҳволӣ ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нақши калидӣ мебозад. Аз лиҳози муҳимияти соҳаи саноат дар рушди иқтисодиёти миллӣ дар марҳилаи муосир аз ҷониби Пешвои миллат масъалаи саноатикунонии соҳаҳои иқтисодиёт ба мақоми аввал гузошта шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2022–2026-ро Солҳои рушди саноат эълон карданд.

Шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои саноатии калони ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаҷми умумии маҳсулотҳои дар вилоят истеҳсолшаванда ҳиссаи арзанда мегузорад. Бино ба маълумоти мақомоти шаҳри Хуҷанд чораҳои амалигашта дар самти саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ новобаста аз таъсири мушкилиҳои пешомада имкон дод, ки дар ин давра барои тақвияти соҳа 17 адад корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ва дорои 192 адад ҷойи корӣ, бо ҷалби 10,0 млн. сомонӣ сармояи мустақим сохта ба истифода дода шуда, миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ ба 174 адад расонида шудаанд. Дар шаҳри Хуҷанд шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда зиёд шуда, дар ин давра аз ҷониби 72 адад чунин корхонаҳои хурду калон ба маблағи 582,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 135,8 фоизро ташкил менамояд.

Шумораи корхонаҳои тамоман фаъолият накарда коҳиш ёфта, он давоми нимсолаи дуюм аз 22 адад то ба 12 адад кам шудааст. (ҶДММ “Фаррух Ко” ба дигар ноҳия гузашт, ҶДММ “Қолинҳои Хуҷанд”, “Сомон Суғд”, “Лаъл”, “Зам Зам” ва “Ростон” фаъолияташон дигар шуд, ҶДММ “Сомон - 2017”, “Ориён пласт 2018”, “Чинор” ва “Белтатекс” бархам хурданд.) Дар масъалаҳои шуғлнокии ин соҳа низ пешравиҳо ба назар расида, бояд қайд намуд, ки шумораи кормандон нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 452 нафар зиёд шудаанд.
Захираю имкониятҳои Тоҷикистон барои рушди истеҳсоли молу маҳсулоти баландсифати саноатӣ, афзоиш додани содирот ва пайдо кардани мавқеи сазовор дар бозори ҷаҳонии молу хизматрасонӣ зиёданд. Аз ин лиҳоз, ворид намудан ва истифодаи васеи технологияҳои муосири инноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисон, соҳибкорон ва қобилияти идоракунии кадрҳо, ҷорӣ намудани усулҳои муосири менеҷменти сифат ва омодасозии кадрҳои баландихтисос омилҳои асосии ноил шудан ба ин ҳадафҳо ба ҳисоб мераванд.
«Моро зарур аст, ки ҷиҳати тадриҷан аз мамлакати аграрӣ-саноатӣ ба мамлакати индустриаливу аграрӣ табдил додани кишварамон чораҷӯи кунем ва ба ин мақсад барномаҳои дахлдорро роҳандозӣ намоем» - гуфта шудааст, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 апрели соли 2014.
Ин ғоя дар сиёсати иқтисодии ҳукумати кишварамон доир ба рушди минбаъдаи саноат андешаи нек ва умедбахш мебошад.
Саноати имрӯзаи Тоҷикистон дорои заминаи маҷмӯии инкишофёфта ва аз ҷиҳати техникӣ муҷаҳҳаз буда, соҳаҳои гуногунро дар бар мегирад. Саноати кишвар омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ буда, ҳиссаи он дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ҳарсола ба тадриҷ зиёд гардида истодааст.
Таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи саноат, сол аз сол афзоиш меёбад. Маҳз бо ибтикори Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат тайи солҳои охир корхона ва коргоҳи саноатӣ, аз қабили сементбарорӣ, шифербарорӣ, банду басти маҳсулот, истеҳсоли халтаҳои пропиленӣ, дӯзандагӣ, ресандагӣ, консервабарорӣ, равғанбарорӣ, коркарди шир ва ғайра мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, ки дар амалигардонии сиёсати иқтисодии давлатӣ, бобати роҳандозӣ намудани корхонаҳои моли воридот ивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда аҳамияти минтақавӣ доранд.
Доири саноатикунонии босуръати кишвар ба Абдумавлон Азимов доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори донишкаи иқтисод ва савдо бо чунин саволҳо муроҷиат намудем:
1.Чӣ тавр метавон ба саноатикунонии босуръати кишвар ноил гашт?
Яке аз бартариятҳои пешбурди иқтисодиёти мамлакат ин амалигардонидан ва барпо намудани ҷойҳои корӣ аст. Аз сабаби он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо қувваи корӣ бартарӣ дорад, захираҳои табии зиёд дорад. Вобаста аз имкониятҳо мо бояд саъю кӯшиш диҳем, ки коргоҳҳоро новобаста аз шаклҳои моликиятнокӣ ва ҳаҷми онҳо бунёд намуда бошем. Дар баробари ин бояд ҳам дохила бозори истеъмолӣ ва ҳам талаботи берунаро ба назар гирем. Аз сабаби он, ки рукнҳои иқтисодӣ инноватсионӣ ва омилҳое, ки ба онҳо таъсир мерасонад дар асоси ҷаҳонишавӣ ба вуҷуд меояд. Мо хоҳем нахоҳем аз омилҳои беруна вобастагӣ дорем. Барои ин хуб мебуд он шохаҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистони мо аз қадиммулайём омадааст ба монанди амалӣ шудани ҳунарҳои мардумӣ ,коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ дар асоси самаранок истифода бурдани технологияҳои инноватсионӣ ба роҳ мондан лозим аст. Барои он, ки мо самаранок тамоми имкониятҳоро истифода барем, бояд ба назар гирем, ки як омили асосӣ ин маблағгузорӣ аст. Ҳам маблағгузории дохила ва ҳам маблағгузории беруна. Яке аз нишонаҳое, ки бевосита мо бояд дар назар дошта бошем, ин боло бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аст. Чи тавре ба мо маълум аст,дар тамоми Тоҷикистони мо имрӯз аз мақомотҳои маҳаллӣ маблағҳои грантӣ барои ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ, ки арзишҳои миллии моро дар бар гирифтаанд, тартиб дода шудаанд. Ҳама сола барои ҷалб ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумии мо грантҳо ҷудо мешаванд, ки онҳоро занҳову духтарони хонашин самаранок истифода мебаранд.
Барои тартиб додани ҷойҳои корӣ ва ташкил намудани коргоҳҳо новобаста аз шаклҳои моликиятдориаш, яъне ин соҳибкории хурду миёна мо бояд мутаххассисони худро дошта бошем. Аз ҷавонон дар ин ҷода талаб карда мешавад, ки дараҷаи маърифатнокии худро баланд бардоранд ва дар асоси баланд бардоштан вобаста аз талаботҳое, ки дар бозори меҳнати байналмилалии дохилӣ аст, риоя намоянд. Яъне агар ҷавонон соҳибкасб шаванд, онҳо метавонанд дар баробари ворид намудани технологияҳои инноватсионии пешқадам самаранок истифода намоянд.
2.Назари шумо доири корхонаҳои калон, ки имрӯз аз фаъолият бозмондаанд?
Дар давраи иқтисодиёти бозорӣ ва инноватсионӣ ба мо аз таҷрибаҳои хориҷиён маълум аст, ки наонқадар коргоҳҳои калонро мо истифода бурда метавонем. Барои ин дар асоси технологияҳои коркарди маҳсулотҳо ҳар як истеҳсолот ба таври алоҳидаги фаъолияти худро боз кардан зарур аст.
1. Доштани мутахассис
2. Масъалаи сармоягузорӣ
3. Самаранок истифодаи технологияи пешқадами замонавӣ
Ин омилҳои асосие мебошад, ки мо метавонем истеҳсоли маҳсулотро баланд бардорем.
3.Пешниҳоди шумо барои пешрафти иқтисодиёти кишвар?

Барои пешрафти иқтисодиёти кишвар ба мо маълум аст, ки аз тарафи Пешвои миллат як қатор имтиёзҳо дода шудааст. Яке аз шохаҳои анъанавие, ки дар мо буд, ин соҳаи кирмакпарварӣ аст. Дар асоси самаранок истифода бурдани қитъаҳои муайяни замин , ки онҳо ба таври иҷора дода шудаанд, коркарди саноатии онҳоро ба роҳ мондан лозим аст. Онҳо метавонанд ҳама талоботи дохила ва берунаро таъмин намоянд. Эълон шудани мониторинг барои тамоми фаъолияти соҳибкорон ин аз он дарак медиҳад, ки то тавонанд онҳо фаъолияти рақобатпазирии худро баргузор карда бошанд.


Исмоилова Мафтуна,

омӯзгори донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ