​Сӯгнома: Муаррихи соҳибноми тоҷик профессор Усмонҷон Ғаффоров даргузашт

Имрӯз, 27-уми октябри соли 2023 яке аз устодони варзидаву собиқадори факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, муаррихи номвар, ходими давлативу ҷамъиятӣ, номзади илмҳои таърих, профессор, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи Б.Ғафуров, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, олими сермаҳсули соҳиби 85 китоб Усмонҷон ин ҷаҳони фониро падруд гуфтанд.

Ин сана на танҳо барои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ, балки барои маорифчиёну аҳли зиёи кишвар рӯзи мусибат ва ғамангез аст. Зеро соҳаи маориф як нафар олим, собиқадор, соҳибтаҷриба, корманди содиқ ва педагоги асилеро аз даст дод, ки умри худро барои рушди маънавии ҷомеа, таҳким ва такмили қонунгузории кишвар, пажӯҳиш ва шинохти таърихи миллӣ ва таълиму тарбияи фарзандони миллат сарф намудаанд.

Барои Устод омӯзгорӣ касби пуршараф буд. Зеро Усмонҷон Ғаффоров чунон дилдодаву дилбохтаи касби омӯзгорӣ буданд, ки шабу рӯз дар эҷод ва таълифи китобу асарҳои илмиву эҷодӣ ва публитсистӣ машғул буданд.

Воқеан, маънии будан ва зистанро дар тарбияи шогирдон ва ҷавонони ватандӯсту худшиноси Ватан мепарвариданд. Китоб мехонданд, менавиштанд, мутолиа менамуданд ва бо набзи ҳаёт зиндагӣ мекарданд.

Реҳлати чунин як фидоии роҳи илм ва устоди собитқадаму фаррухрисолат, ки фаъолияташон намунаи ибрат аст, барои соҳаи маорифи кишвар бохти бузург мебошад.

Устод пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолияти худро ба ҳайси ассистент оғоз намуда, минбаъд чун муаллим, аспирант, дотсенти кафедраи таърих, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷик ва декани факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров кору фаъолият намуданд.

Фурӯтаниву мардумӣ, донишмандӣ, таҷриба ва маҳорати бузурги Устод Усмонҷон Ғаффоров буд, ки соли 2000-ум ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, соли 2001-ум узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2005-2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, дар палатаи болоӣ ва поёнии Маҷлиси Олии мамлакат ҷиҳати рушди фаъолияти қонунгузорӣ ва тарғибу ташвиқи ғояҳои миллӣ саҳми назаррас нишон доданд.

Ҳамчун устоди соҳибмаърифату соҳибном ва бо назардошти хизматҳои зиёд дар назди халқу Ватан соли 1999 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти баланди давлатӣ – Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд. Соли 1997 ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, соли 2001 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуда, соли 1999 бо Ҷоизаи давлатии ба номи Бобоҷон Fафуров ва соли 2016 Шаҳрванди Фахрии шаҳри Хуҷанд мушарраф гаштанд.

Усмонҷон Ғаффоров муаллифи беш аз 85 китобу асар ва 1200 мақолаи илмӣ-оммавӣ дар матбуоти даврӣ оид ба масъалаҳои мухталифи таърихи халқи тоҷик мебошанд.

Мавсуф иштироккунандаи даҳҳо конфронсҳои байналхалқӣ (Тошканд, Мадина, Теҳрон, Деҳлӣ, Киев, Исфаҳон, Шероз, Пекин) буда, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами таърих ва фарҳанги миллӣ маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмӣ намудаанд.

Осори Устоди зиндаёд таҳти унвонҳои “Матбуот ва мухбирони коргару деҳқон”, “Қадри нон”, “Бобоҷон Fафуров – фарзанди фарзонаи миллат” –Fафуров”, “Турсун Ӯлҷабоев”, “Нобиғаи айём”, “Султони дарёи сухан”, “Миллат аз афрод меёбад мақом”, “Фурӯғи ҳиндшиносии тоҷик”, “Хистеварз”, “Кишваршиноси асили Хистеварз”, “Ҳодӣ Кенҷаев”, “Сотим Улуғзода” (Аз силсилаи «Ҳаёти одамони наҷиб»), “Саъдулло Асадуллоев” ва даҳҳои дигар таҳия ва нашр гардида, дар тарбияи маънавиву фарҳангӣ, илмиву эҷодӣ ва шинохти чеҳраҳои ибратбахш нақши арзишманд гузоштаанд.

Ба таъбири дигар, шодравон Усмонҷон Ғаффоров як омӯзгори навовар ва ташаббускор буданд, ки ҳамеша барои рушд, пешрафту тараққиёти Тоҷикистон дониш, маҳорат ва тавоноии худро масраф менамуданд.

Аз ин рӯ, ҳамкорону шогирдон аз Усмонҷон Ғаффоров ҳамчун устоди соҳибмактаб ва дорои таҷрибаи муваффақ ном мегиранд.

Мо намегўем, ки ў аз дори дунё рафтааст,

Ҷойи ў дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ, хоса, садорати факултети таърих ва ҳуқуқ ва кулли устодону шогирдон аз реҳлати нобаҳангоми профессор Усмонҷон Ғаффоров андуҳгин буда, ба аҳли байт, пайвандони устоди фақид ҳамдардии самимӣ изҳор менамоянд ва аз даргоҳи Худованд умед доранд, ки ҷояшон ҷаннатулмаъво ва охираташон обод бошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ