​Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист...

Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз реҳлати номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Эргашбоев Турсунбой сахт андуҳгин буда, ба аҳли пайвандону дӯстон ва ҳамкорону шогирдони марҳум изҳори ҳамдардӣ баён менамояд.

Реҳлати устод Эргашбоев Турсунбой, ки аз олимони варзидаи соҳаи физика ва математика буданд, барои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва ҷомеаи маориф ва илми кишвар талафоти бузург аст.

Агар ба пайроҳаи зиндагии Эргашбоев Турсунбой назар афканем, зиндагии номбурда намунаи ибрат буда, дар он фақат амалҳои шоиставу кирдори арзанда таҷассум ёфтааст.

Эргашбоев Турсунбой 3-юми майи соли 1947 дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дар оилаи деҳқон ба дунё омадаанд.Солҳои 1953-1964 дар мактаби миёнаи №1 ба номи В.И.Ленини ноҳия таҳсил намуда, солҳои 1964-1969 донишҷӯи факултети физика-математикаи Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М. Киров, имрӯза Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буданд.

Солҳои 1968-1969 ба ҳайси муаллими математикаи мактаби миёнаи №1 ноҳияи Спитамен фаъолият намуда, солҳои 1969-1970 хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ адои хизмат намудаанд.

Шодравон Эргашбоев Турсунбой ба сифати ассистент, сармуаллими кафедраи математикаи олӣ, сармуаллими кафедраи анализи математикӣ ва назарияи функсияҳо, аспиранти кафедраи муодилаҳои дифференсиалӣ ва анализи функсионалии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва баъдан сармуаллими кафедраи анализи математикӣ ва назарияи функсияҳо, дотсенти кафедраи Анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинов, мудири кафедраи муодилаҳои дифференсиалӣ ваанализи функсионалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият доштанд.

Шуруъ аз соли 1998 то 24 октябри соли 2023 дар вазифаи дотсенти кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинови Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров кор намудаанд.

Дар асару мақолаҳои илмии устод масоили мубрами илми риёзиёт дарҷ гардидааст. Барои хизматҳои шоиста устод бо унвони “Аълочии маориф ва илми Тољикистон” сарфароз шудаанд.

Мутаассифона, риштаи умри устод канда шуд. Ҳарчанд имрӯз Эргашбоев Турсунбой дар қайди ҳаёт нестанд, вале ному кори некашон ёдашонро дар дилҳо зинда нигоҳ медорад.

Руҳи устод Эргашбоев Турсунбой шод ва манзили охираташон обод бод!

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ