Саҳми Пешвои миллат дар рушди давлат

Имрӯз, ки ҷаҳони муосирро фазои ноороми сиёсиву иқтисодӣ ҳукмфармо аст, сокинони кишварро беш аз ҳарвақта зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ба дому макри ҳар гуна гуруҳҳои ифротгаро фирефта нагарданд. Дар атрофи Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат муттаҳид бошанд. Зеро саҳми бебаҳо, хизматҳои бузурги тақдирсоз ва корнамоиҳои шоҳсутуни давлат - Эмомалӣ Раҳмон барои кулли сокинони кишвар ибратбахшу ҳидоятгар ба ояндаи дурухшон аст. Аз ҷумла:

  • Самараи Истиқлол ва сиёсати хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистони ҷавон тавонист дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибихтиёр маскун шавад;
  • Маҳз бо сиёсати хирадмандона ва ботадбирона Сарвари давлат дар муддати кўтоҳ тавонистанд мухолифини исломӣ ва равандҳои дигари сиёсии зиддиҳукуматиро, ки бо ҳам як шуда, оппозитсияи муташаккилро таъсис дода буданд, бо роҳи сиёсӣ ба сулҳу салоҳ оварданд. Зеро баъди гуфтушунидҳои тўлонӣ дар Кобул, Теҳрону Маскав санаи 27 июни соли 1997 байни роҳбарияти мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расонида шуд;
  • Дар натиҷаи талошҳои Қаҳрамони Тоҷикистон Сарвари фидокору ҷоннисори кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон паёми сулҳ ва оштии миллӣ ба самъи мардум расонида шуд ва ин санаи фархунда дар таърихи диёрамон ҳамчун Рўзи Ваҳдати миллӣ, рўзи ҳамдиливу якмаромӣ бо оби заррин сабт гардид;
  • Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ва абармарди хирад ба такомулу эҳёи фарҳангу суннатҳои неки аҷдодӣ равона карда шуд. Ҷашни Наврӯзу Садаву Меҳргон эҳё карда шуд;
  • Роҳи таърихие, ки мо дар сию се соли охир тай намудем, ҳамвор набошад ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар як муддати кўтоҳ Тоҷикистонро соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ гардонанд;
  • Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро муқаррар намуданд ва дар натиҷа асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд;
  • Артиши миллӣ ва нерўҳои сарҳадӣ таъсис ёфта, ҳифзи сарҳади давлатӣ, ҳимояи манфиатҳои мамлакат дар арсаи байналхалќӣ таҳти назорати онҳо қарор дода шуд;
  • Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани мамлакат ва саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии сиёсати давлат муайян ва татбиқи амалии он мунтазам ба роҳ монда шуд;
  • Дар арсаи байналхалқӣ дастовардҳои бузурги сиёсии Тоҷикистонро узвияти СММ, ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай, СУС, САҲА, СААД, СУС аъзогӣ дар Созмони Конфронси ҷаҳонии исломӣ ва ширкату фаъолият дар дигар созмонҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодии минтақавиву умумиҷаҳонӣ баръало инъикос менамояд.

Гулрӯ Қурбонова

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ