Рушди миллат ва созандаи амнияти давлатӣ

Ифродгароӣ ва хушунат, савдои одам, амалҳои номатлуб ба ҳисоб рафта, барои пешгирии ин омилҳо чораҳои зарурӣ бояд андешем. Аммо бо роҳи оқибатҳои нохуши ин амалҳоро фаҳмонидан на ҳамавақт муваффақ мегардем, зеро ҷавонони имрӯз зирак ва далер буда, ҳама гуна нохушиҳоро бо роҳи мусбӣ ҳал мекунанд. Ин бар он далел аст, ки ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дохил шудан, ҳимояи марзу буми Ватан, пояи арҷгузорӣ ба миллат ва аз ҳар гуна роҳҳои номатлуб даст кашиданро дарак аст. Агар як ниҳолро шинонда парвариш намуда, хокашро нарм карда, об дода ба воя расонем, он дарахт мешавад.Ва ҳарчи онро парваридем он қадар бор меорад ва агар хуб парвариш накарда бошем, хушк мешавад. Ин ташбеҳи он буд, ки инсонро аз кӯдакӣ ба рӯҳияи ватандӯстдорӣ тарбия намоем ва аз камбудиҳо не, аз муваффақиятҳо бояд гӯем. Он вақт ҷавонон некбин бавоя расида барои хизмати модар-ватан омода мегарданд.

Аз таърих мо метавонем гӯем, ки замони пошхурии иттиҳоди шуравӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ яъне ҷанги хонумонсӯзиқтисодиётидавлатро то андозае паст намуда, боиси парешонии мардумгардида буд. То қадре ҷавонон аз эҳсоси вадандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳсоси дӯстдории аҷдодони худ, дур монда буданд. Аммо шоҳасари фарзонафарзанди миллат Бобоҷон Ғафуров-Тоҷикон гувоҳ аст , ки аз қадим мардуми тоҷик дорои эҳсоси баланди ватанпарварӣ буданд, ҳастанд ва оянда низ хоҳанд монд. Вақте шоҳодатномаи миллатро ба даст гирифтам, бевосита аз тараннуми "Тоҷикон"ин гуна мисраҳо зери лаб омад ва гуфтам:

Дилам дар саҳфаҳояш монд,

Якекардам варақгардон,

Дидам рӯҳи аҷдодон

Нишон аз ориёиён

Нишон аз аҳли сомон.

Нишон аз рӯҳи поки миллати тоҷик,

Нишон аз тоҷдорон.

Ҳама ёдгориҳо дар мисраҳои қомуси миллат

Аз нав зинда мегарданд.

Ҳама олат дидори замон доранд,

Акси тоҷикон доранд,

Номеву нишондоранд.

Руҳи рафтагон доранд

Аз ин рӯ ҳамчу оёти будан дар кутбаи тоҷик

Дилам дар саҳфаҳояш монд.

То хештаншинос бошам.

Барои миллату халқам то

Ҷоннисор бошам.

Аз ин рӯ ҳамчу шамъ машалфурӯзам ман.

Дилам дар саҳфаҳояш монд,

Умре дар амон бошам.

Ёдгору нишон бошам,

Ном аз тоҷикон бошам.

Ҳамин аст мисраҳои ҳақ

ҳамин аст таърихи миллат.

Ҳамин бас таърифи тоҷик

Дигар васфаш намегӯям

Дилам дар саҳфаҳояш монд.

Бале, ифтихори ватандорӣ аз ташкили қувваҳои мусаллаҳи миллати азизамон сарчашма мегирад.

Бароитаъсис намудани қувваҳои муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол замони басо арзишманд ваҳассос ба ҳисоб мерафт. Барои барпо намудани сафи қувваҳои мусаллаҳ ва артиши миллӣдастгириҳои пайваставу ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад, аз ин рӯдар муддати кӯтоҳяк артиши мукаммали дорои беҳтарин шароитҳои хизматӣ сипари боэътимоди ватан таъсисгардид.

Ин сарзамин риштаи ризвони умри мост,

Бо артиши созандааш бунёдмекунем.

Оре, кишвари соҳибистиқлолу муҳаббатпарвари мо-Тоҷикистони азиз, тӯли 30 сол артиши боиродаю шуҷои худро дорад. Кам нест, агар дар бораи муваффақиятҳо ва мушкилиҳо гӯем, аммо ба ин нигоҳ накарда аз таъсис то ба ҳол риояи қоидаҳои муҳими артишдорӣ амал мекунад.

Дар паёмҳои Пешвои миллатба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мегардад, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, кизиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти кишвари азизамонро аз даст надиҳем. Инчунин муқаддасоти миллиро ҳифз намоем. Албатта ин ишора ба пос доштани қадри артиши миллӣ ва муқаддас донистани арзишҳои он мебошад.

Дар раҳи ҳимояи Ватан ҷони худро сипар карданду оқибат дар дили мардуми ватандор чун оташи эҳсоси ватандӯстӣ бо ном қаҳрамон монданд. Муваффақиятҳои сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якдилию ягонагӣ ва беғаразию тарафдорӣ ба сулҳу субот аст. Дар баробари қаҳрамонҷавонони далер доштан, ҳастанд шуҷоъмардони шаҳид ва албатта аз назари ҳеҷ як ватандор дур нестанд. Барои қаҳрамонони шуҷои миллат ва ба поси хотири мардони асил, ватандорон чунин гуфтаниям:

Шуҷоъмардон!

Аё, эй марзбонони ватандорон,

Шумо дар қалби хеш меҳри Ватан доред Барои миллати тоҷик,

Барои модари тоҷик,

Барои қавмҳои хеш,

Барои рӯҳи аҷдодон,

Барои пораи хоки Ватан_модар,

Ҷангидед.

Шумоён қаҳрамон ҳастед!

Шаҳидон!

Аё, эй ҳақҷӯён, ватандорон,

Барои миллату меҳан,

Барои пораи хоки Ватан_модар

Ҷанги беамон кардед, билохир қаҳрамон рафтед.

Шаҳидон!

Аё эй зинданомони Ватан_ модар,

Сипар кардед ҷони хешалҳақ,

Ба подоши ҳама ҷонфидоиҳо чун ахтар дар фазои сулҳбори тоҷикон мондед

Шаҳидон!

Шумоён зинданомонед,

Шумо асло намемирад.

Шуморо хост кушад, золими хунхор, душмани қаттол.

Вале асло намемиред!

Шуморо зинда медорад, шуҷоатмандиву мардӣ,

Шумо худ зиндаёдед дар дили мардум,

Намемиред!

Бар далели ин гуфтаҳо 30 соли таъсиси сафи қувваҳои мусаллаҳ бо натиҷаҳои назаррас, ҳимояи Ватан, эҳсоси хештаншиносӣ равона гаштааст. Зикр ба маврид аст, ки 18-юми декабри соли 1992 аз ҷониби раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Инчунин 23-юми феврали соли 1993 бо нахустин гузашти ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз майдони марказии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе, қадамҳои қатъӣ дар ҷодаи барпо намуданиАртиши миллӣ гузошта шуд. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо матонатуазми қавӣ ҳамаи мушкилиҳову маҳрумиятҳоро бартараф карда, давра ба давра мукаммал гардид. Ҳоло Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонҳамчун нерӯи обутобёфта, ҷангдида, сулҳпараст вақавииродаю беғараз, ватандӯст яке аз рукни муҳими давлатдории миллӣ дониста мешавад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсисёбӣ то ба имрӯз се марҳиларо паси сар кардааст

• Мақсади аввалиндараҷаидавраи якуми таъсиси Артиши Миллӣ ташкили қувваҳои ҳарбие буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва таъмини ҳаёти осоиштаро дошта бошанд. Ба ин мақсад баталионҳои тирандоз таъсис ёфтаанд, ки вазифаи асосии онҳо муқовимат бо қувваҳои зиддидавлатӣ ва муҳофизати сохти конститутсионӣ буд.

•Дар давраи дуюм, ташкили сохторҳои гуногуни штатӣ ба амал омада бо таъсиси намудҳои асосӣ, ба монандӣ қушунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва қушунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ оғоз гардид. Дар ин давра ҳамчунин ҷузъу томҳое, ки тавонанд мутобиқи тағйирёбии воқеии вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа амал намоянд, ташаккул ёфтаанд.

•Дар давраи сеюмитаъсиси Қувваҳои Мусаллаҳимзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба амал омад.

Аз рӯиғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз Артиши миллии мо ба нерӯибоэътимоди муҳофизаткунанда табдил ёфтааст. Дар айни замонартиши миллӣ ҳамчун нерӯи тавоно,ва муташаккили амнияти давлат ва осоиши кишварро таъмин менамояд.

Дар муддати 30 сол ба зиммаи хизматчиёни ҳарбии ҳамаи сохторҳои низомии мамлакат иҷрои вазифаҳое гузошта шуда буданд, китақдири миллат ва давлат, дастовардҳои истиқлолият аз ҳалли онҳо вобаста буд. Инчунин бар ин васила артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу миллат ва Президенти худ вазифаи баномусонаи хешро аз рӯи ҳуввияти меҳанпарастӣ иҷро намуда истодааст.

Ба сохтори конститутсионӣ арҷ гузоштани сафи қувваҳои мусаллаҳ нишона аз ватанпарварӣ ва маданияти хештаншиносӣ доштан аст. Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ будан, қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, ҳимояи марзу буми кишвар аз сарбозону афсарон, матонату иродаи онҳо, зиракии сиёсӣ ва дарки баланди ватандӯстиро тақозо мекунад.

Мо дар ҳифзи суботу амнияти худ ба артиши миллӣ такя мекунем ва боварӣ дорем, инчунин ҳамеша посдори миллати азизамон ҳастем.

Воқеан боиси эътироф ва ифтихормандист, ки мо ҷавонони боиродаю қавинерӯ дорем.

Нанг аст, ватандориву орӣ ба матонат, Ҳикмат шуда мемонад, созмони муҳаббат ,

Мардист сафи артиши миллӣ ба иродат

Ёр аст Худо, ҳам рӯҳи созандаи миллат.


Моҳрӯза Қурбонова - магистранти факултети филологияи тоҷик бахши аввали рӯзноманигорӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ