Артиши миллӣ - сипари боэътимоди Ватан

Соли равон сокинони кишвари мо 30-солагии Рӯзи таъсиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихор таҷлил менамоянд. Қувваҳои мусаллаҳ яке аз рукнҳои муҳимтарини Истиқлолияти давлатӣ, сипари боэътимоди кишвар, обрӯву нуфузи давлат, ҳимоятгари зиндагии осоиштаи мардум ва амнияту суботи ҷомеа ба шумор меравад. Артиш дар тамоми таърихи инсоният барои мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, ҳифзи истиқлолият, сулҳу субот, амнияту бехатарии давлату шаҳравандон неруи боэътимод буда, имрӯз низ ин нақши худро гум накардааст. Давлатҳои бузурги Ҳахоманишиён, Сосониён, Сомониён, Ғуриён ва ғайра маҳз бо артиши бузург, бонизому обутобёфта пояи давлатдории худро мустаҳкам карда, дар таърихи халқи тоҷик мақоми хоса доранд. Қувваю пойдории давлатҳо дар замони муосир, новобаста аз мавқеи геополитикӣ, ҳудуд, сохтори идоракунӣ, вазъи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии худ маҳз аз артиш вобастагии калон дорад.

Имрӯз мо ном ва корнамоиҳои қаҳрамонони халқи тоҷик ба монанди Фрада, Шерак, Томирис, Спитамен, Абӯмуслим, Деваштич, Устод Сис, Симбоди Муғ, Муқаннаъ, Маҳмуди Торобӣ, Темурмалик, Маликсанҷар, Мавлонозода, Восеъро, ки барои ҳифзи Ватан, марзу буми аҷдоӣ аз ҳуҷуми аҷнабиён меомӯзем ва бо ифтихор ба забон меорем. Қаҳрамоиҳои онҳо эҳсоси олии дӯст доштани Ватан, ҳифзи марзу буми онро дар вуҷуди ҳар яки мо, махсусан руҳияи ҳомиёну афсарони Артиши миллиро бамаротиб боло мебардорад.

Ҷасорату матонат, қаҳрамониҳои бемисли фарзандони ба ору номуси тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба муқобили фашистони хунхӯр достони зиндагии онҳо имрӯз барои насли наврас намунаи волои дарси ватандӯстӣ, ҳифзи истиқлолу озодӣ ва хоки муқаддаси Ватан ба ҳисоб меравад.Давлати шӯравӣ барои ҷасуриву далерӣ 54 нафар фиристодагони Тоҷикистонро бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 19 нафарро бо се дараҷаи ордени “Шараф” ва садҳо ордену медалҳои дигар сарфароз гардонидааст. Саҳифаҳои таърих исбот менамояд, ки занону кӯдакон ва куҳансолони тоҷик низ ба мушкилоти сангини он замон нигоҳ накарда, дар ақибгоҳ зери шиори “Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба” корнамоиҳои шоёнро ба сомон расонидаанд. Мо бояд қаҳрамониву фидокориҳои ҷанговарони байналмиллал ва муҳофизони сохтори конститутсиониро низ фаромӯш насозем. Давлат барои онҳо имтиёзҳои зиёдро муқаррар намудааст ва мунтазам дар чорабиниҳои ҷашнӣ даъват ва қадршиносӣ карда мешаванд, ки барои тарбияи ватандӯстии ҷавонон аҳамияти муҳим дорад. Имрӯз, ки мо дар давлати соҳибихтиёру демократӣ, замони серию пуррӣ ва тинҷиву осоиштагӣ зиндагонӣ карда, чаро барои мустаҳкам кардани пояҳои моддиву техникии Артиши миллӣ саҳмгузор набошем ва фарзандонамонро ихтиёрӣ ба сафҳои он барои ҳимояи Ватан нафиристонем? Мо бояд фаромӯш насозем, ки агар Артиши миллии пуриқтидори ҳимоякунандаи амнияту субот ва тинҷиву осоиштагӣ набошад, молу амвол вадороиҳои бо заҳматҳо ҷамънамуда ҳеҷ арзише надоранд.

Дар таърихи муосири Тоҷикистон Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дар баробари Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи қабули Конститутсия ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯйдоди муҳиму сарнавиштсозу дастоварди нодир ба ҳисоб рафта, санаи 23 феврал таҷлил гардидани он таърих ва асосҳои воқеии худро дорад.

Таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба ибтикору хизматҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Сарвармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи қаввӣ дорад. Новобаста аз он, ки Фармон “Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 17 сентябри соли 1992 ба тасвиб расида бошад, ҳам аз сабаби нобасомониҳои оғози Истиқлолияти давлатӣ ин мақом фунсияи худро ба таври зарурӣ иҷро карда наметавонист. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз дар Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣинтихоб гардидан, иқдомҳои бузургу ояндасозро амалӣ намуданд ва бо Қарори Раёсати Шӯрои Олӣ “Дар бораи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 18 декабри соли 1992 Артиши миллӣ таъсис ёфт. Аз сабаби нооромӣ дар пойтахт ва аксар минтақаҳои қисмати ҷанубии кишвар кори мақомоти қудратӣ ва идоракунии давлатӣ фалаҷ гардида, вазъи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва шароити зиндагии шаҳрандон вазнин гардида буд. Аз сабаби вазъи душвари ҳарбӣ-сиёсии он солҳо Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии бародарӣ аз Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ мероси казоие гирифта буд, ки дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо дасти гурӯҳҳои силоҳбадаст ғасбу тороҷ гардид. Артиши миллии мо фаъолияти худро дар шароити душвару мураккаби низои дохилӣ, дар ҷои холӣ оғоз намуда, бо кӯшишҳои ҷавонмардонаи Сарвари давлат тӯли ду моҳ аз ҳисоби Фронти халқӣ ва ҷавонони ватандӯст мураттаб гардида, санаи 23 феврали соли 1993 бори аввал паради ҳарбӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ба таври тантанавӣ баргузор гардид, ки ин сана дар таърихи кишвари мо расман ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пазируфта шуд. Таи30 сол аст, ки мо ин рӯзро бо тантана ҷашн мегирем ва шукргузорӣ аз сарвари оқилу доно, истиқлолу озодӣ ва сулҳу суботи побарҷои кишвар мекунем. Артиши миллии навтаъсис барои барқарор қардани сохтори конститусионӣ, қабули қонуни асосӣ - Конститутсия, баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ мусоидат намуд.

Дар давлати ҳуқуқубунёд, ки дар пояи қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ бунёд гардидааст, барои ҳадафноку бонизом ташкил ва фаъолият бурдани мақомоти қудратӣ ғайриимкон аст. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози таъсисёбӣ бар пояҳои мустаҳками ҳуқуқӣ ташаккул меёбад ва вобаста ба талаботи замон, таҷрибаи давлатдории миллӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа тағйиру илова ё дар таҳрири нав қабул карда мешаванд. Барои ҳар як сохтору мақомоти қудратӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати таъсис, муайян карданисамтҳои фаъолият, сохтору вазифаҳо, интихоби кадрҳо, тартибу интизом дар хизмат ва муайян намудани роҳи ояндаи рушд аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Санади аввалине, ки барои таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи мо замина гузошт, Фармони иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 17 сентябри соли 1992 ба шумор меравад. Қабули фармони мазкур дар замоне ба тавсиб расид, ки дигар давлатҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ алакай артиши худро дар шароити осоишта таъсис ва мустаҳкам намуда буданд. Аммо мутаассифона аз сабаби нобасомониҳои оғози истиқлолияти давлатӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ин мақомоти навтаъсис вазифаҳои худро ба таври зарурӣ иҷро карда наметавонист. Бо итихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ ба мақсади хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои мардум, ба таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи кишвар қадамҳои устувор гузошта шуд. Қарори Раёсати Шӯрои Олӣ “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 18 декабри соли 1992барои ташкили Артиши миллӣ дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Сипас “Низомномаи тартиби қабули савганди ҳарбӣ” аз 17 феврали соли 1993, “Низомномаи додситони ҳарбӣ” аз 2 августи соли 1993, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мудофиа” аз 25 июни соли 1993, “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 13 декабри соли 1996, “Дар бораи ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” аз 26 ноябри соли 1993 ва дар таҳрири нав аз 29 январи соли 2021 қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд. Ба мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ҳайъати аскарон ва афсарон, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо дар ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ мақомоти алоҳидаи суди ҳарбӣ ва прокуратураи ҳарбӣ таъсис дода шудааст.

Дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар натиҷаи ислоҳоту азнавсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон навовариҳои зиёд ворид карда шуданд. Хусусан дар таркиби дастгоҳи Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ,навъҳои қӯшун, қисму воҳидҳои низомӣ, муассисаҳои оливу миёнаи махсуси ҳарбӣ ва дигар корхонаву идораҳои ҳарбӣ тағйиротҳои куллӣ ба амал омаданд. Ин ислоҳот барои омодабошии баланди ҷангӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат такони ҷиддӣ бахшид. Дар сохтори Қувваҳои мусаллаҳ - Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ мудофиаи зиддиҳавоӣ (соли 1994), Қӯшунҳои хушкигард (соли 1997), Қӯшунҳои зудамал (соли 2003), Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ дар тобеияти Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1993), Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (соли 1994), Гвардияи миллӣ (соли 1995), қисмҳои ҳарбии Вазорати адлия, қисмҳои ҳарбии тобеи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва муассисаҳои олии ҳарбӣ таъсис ёфта, фаъолият мебаранд. Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат барои мустаҳкам кардани иқтидори мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар кардани базаи моддӣ-техникӣ ва шароити иҷтимоии хизматчиёни ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ғамхорӣ менамоянд.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо зиёда аз 50 давлатҳои хориҷи дуру наздик ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ техникӣ дошта, машқҳои муштараки ҳарбӣ, чорабиниҳои ҳарбӣ-варзишӣ ва табодули таҷриба менамояд.

Тайёр кардани афсарони касбӣ ва баландихтисос яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа дар Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳисоб рафта, ҳамасола Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаро зиёда аз 200 нафар афсарони касбӣ аз рӯи 18 ихтисос хатм мекунанд ва бо ҷои корӣ таъмин мегарданд. Президенти мамлакат ба ятимону бепарасторон ғамхории хоса намуда, ҳамасола барои дохил шудани онҳо ба Донишкадаи ҳарбӣ 20 фисад квота ҷудо карда мешавад.

Раванди таълиму тарбияи аскарону афсарон барои омодабошии ҳайати шахси саҳми беандоза дошта, аз маърифати баланди ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳӣ,муҳаббати беандоза ба сарзамин ва эҳсоси баланди ватандӯстиву садоқат ба Ватан вобастагии беандоза дорад.

Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат маоши хизматчиёни ҳарбиро аз 1 марти соли 2023 баланд бардоштанд, ки барои боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии онҳо мусоидат мекунад.

Дар чунин вазъияти мушкилу мураккаби ҷаҳони муосир, манфиатҷӯии рӯирости абарқудратҳо,рӯиросту пинҳонӣ дастгирӣ намудани хоинону душманони давлатҳои алоҳида, маблағгузории амалҳои террористиву равияҳои экстремистӣ, аз нав тақсимкунии ҷаҳон, норасоии маводи озуқаворӣ ва захираҳои табии дар баъзе давлатҳо, таҳримҳои иқтисодиву сиёсӣ моро водор месозад, ки ба Артиши миллии кишварамон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон чораҳои таъхирнопазир андешнем. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон” аз 16 декабри соли 2022 амали саривақтӣ ва дурандешона ҷиҳати тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон мебошад. Дар ин самт мо бояд мазмуну мӯҳтавои ин қонунро омӯзем, риоя ва иҷро намоем.

Ҳодисаҳои охир дар муноқишаи сарҳадӣ бо давлати ҳамсоя ва бо зудӣ дар нуқтаҳои муайяншуда, ҷамъ омадани сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар шаҳодат аз он медиҳад, ки аксарияти шаҳрвандони кишвар Ватани худро дӯст медоранд ва барои ҳимояи марзу буми он омодаанд. Аммо мутаассифона дар байни ҷамъомадагон ҷавнони синни даъватӣ (18-27 сола) ниҳоят кам ба назар расиданд, ки ин ҳолат моро барои рӯ овардан ба тарбияи ватандӯстӣ водор месозад.

Мувофиқи моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Барои саркашӣ кардан аз иҷрои ин вазифаи конститутсионӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст. Пас чаро ҷавонони синни даъватӣ ба иҷрои ин вазифаи муқаддаси худ саҳлангорӣ мекунанд? Ба ин ҳолат, волидайн, мураббию муаллимон, фаъолон, ходимони дин, зиёиён ва баъзе хизматчиёни давлатӣ гунаҳгоранд. Ақл бовар намекунад, ки чаро, ба кадом мақсаду ҳадаф мо ҷавонписарони худро ба саркашӣ кардан аз хизмати ҳарбӣ ва бо ибораи дигар барои содир намудани ҷиноят водор месозем. Чи хеле, ки дар боло қайд гардид, амнияту субот, ҳаёти тинҷу осоишта, ҳифзи молу мулку дороиҳо ба тамоми мардум лозим аст. Вазифаи ҳифзи Ватан, ғурури миллӣ ва эҳтирому ғамхорӣ ба волидону калонсолон бояд ба таври “спралӣ” аз насл ба насл гузарад ва ҳеҷ гоҳ канда нагардад.

Дар Паём, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад”.

Ин нуктаҳо моро водор месозад, ки ҳамеша барои ҳифзи Истицлолият, дахлнопазирии марзу буми Ватан омода бошем ва насли ҷавонро барои хизмати содиқона дар сафи Артиши миллӣ тарбия ва ҳидоят намоем.

Ҷабборзода Иброҳимҷон – номзади илмҳои таърих, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ