​Мақоми зан дар сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии худ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, доир ба пешбурди муваффақи сиёсати хориҷӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занону духтарон, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошт.

Вақте сухан дар бораи истиқлолият меравад, пеши рӯ эҳсоси баланди худшиносӣ, соҳибватанӣ меояд.Истиқлолият беҳтарин дастоварди таърихӣ ба шумор меравад. Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии хеш имконият пайдо намуд бисёр корҳои барои ояндаи фаслу миллат фоидаоварро роҳандозӣ намояд. Аз ҷумла, яке аз иқдомҳои беҳтарине, ки дар сиёсати давлатдорӣ ба он диққати ҷиддӣ дода шуд, ин баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа буд. Истиқлолияти давлатӣ тавонист барои зани тоҷик озодандешӣ, зиндагонии шоиста ва имконияти муфид фароҳам оварад. Дар замони истиқлолиятзанонтавонистанд дар дилхоҳ соҳа кору фаъолияти самарабахш намоянд. Имрӯз зани тоҷик дар баробаримодару ҳамсари хуб будан инчунин роҳбар, муҳандис, ронанда, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳатто дар қушунҳои сарҳадӣ низ фаъолият намуда, саҳми худро дар пешрафти ватану осоиштагии миллат расонида истодааст. Ҳукумати Тоҷикистон сиёсати имрӯзаи худро бе иштироки занон тасаввур карда наметавонад. Таҳлили фаъолияти пурсамари занон дар сиёсати имрӯза нишон дод, ки дар ҳақиқат занон дар сатҳи идоракунии давлатӣ нақши хосае доранд. Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санаду меъёрҳои дахлдор нисбати мақоми зан дар ҷомеа ва таҳсилу кор кардан дар идоракунии давлатӣ имконият фароҳам овард, то зани тоҷик дар баробари он ки ҳамчун тарбиятгар дар оила рисолати модарӣ ҳамсариро ба ҷо оварад, инчунин сарбаландона аз уҳдаи роҳбариву фаъолият дар сиёсат низ мебарояд. Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа яке аз нишонаҳои кишварҳои тараққиёфта ба шумор меравад. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳайё намудани шароити мусоид баҳри фаъолияти занон дар сиёсат корҳои зиёд анҷом дода шудааст. Аз ҷумла қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Доир ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа”, барномаҳои давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2001-2010”, “Тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷо намудани кадрҳои роҳбарииҶумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016”, “Дар бораи дурнамои фаъолгардонии мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” ва чандин санаду меъёрҳои дигареро номбар кардан бамаврид аст, ки барои озодона кору фаъолият намудани занон дар корҳои давлатӣ қабул гардидаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодагии кадрҳои роҳбарикунанда диққати ҷиддӣ медиҳад. Ин аст, ки 31 декабри соли 2008 бо фармони №582 “Консепсияи давлатиисиёсати кадрии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тавсиб расид. Баъди пиёда шудани қонуну қарорҳои имзогардида манзалату мақоми зан рӯз то рӯз беҳтару хубтар гардида истодааст. Баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеа барои пешрафти сиёсат нақши муҳим гузошт. Дар саҳифаҳои таърих симои зани тоҷик ҳамчун фарҳангпарвару сиёсатмадор ва илмдӯсту хирадманд, ҳунарманду кордон тасвир ёфтааст. Заминаи бофарҳангу ватанпарвар будани зани тоҷик буд, ки имрӯз зани тоҷик олиму омӯзгор, ҳунарманду соҳибкор, варзишгару рӯзноманигор буда, қариб, ки дар ҳамаи соҳаҳои калидӣ иштироки хуби занон дида мешавад.

Таҳлилҳо нишон додаанд, ки дар Тоҷикистон ҷалби занону духтарон ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ нисбати дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ҷои намоёнро ишғол менамояд. Умуман барои ояндаи дурахшони оилаву тарбияи насли наврас ва ободии ҷомеа зани тоҷик ҳамеша омода аст.

Муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ Дадобоева Қ..Қ.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ