​Паёми Пешвои миллатраҳнамо ва дастури бебаҳои мост

Ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 23 декабри соли 2022 баргузор гардид ва аз он суҳанҳоиСарвари ғамхори давлат як ҷаҳон таасуроти амиқбардоштем.

Сарвари давлат бо суханҳои : “Соли 2022 барои Тоҷикистон,дар маҷмӯъ, соли бобарор буд” ироа намуда,таъкид намуданд,ки ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.

Баъдан оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар муқоиса бо солҳои то ба даст овардани истиқлолият сухан ронда, мардумро ба расидан ба қадри ин неъмати бебаҳо даъват намуданд.

Инчунин дар паём Сарвари давлат бо иқтисодиёти мамлакат диққати махсус дода, зикр намуданд, ки бояд ба хотири рушдисаноат ва иқтисодиёт чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.Беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, соҳиби ҷои кор гардидани ҷавонон ва мавқеи хосса пайдо намудани онҳо дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.Дар суханронии худ қайд намуданд: “ Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем,зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯстиву ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.Маҳз ҷавононанд, ки дар оммави гардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад”. Суханрониҳои Пешвои муаззами миллат, ки барои ҷавонони кишвар иброз доштанд, илҳоми тоза ва боварию умед бахшида, хело таъсирбахш ва амиқ буд.

Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит намуданд, ки ба соҳаи илму маориф диққати аввалиндараҷадода шавад,зеро рушди ҳамаҷониби кишварро бо он алоқаманд мекунанд. Сарвари давлат зикр намуданд, ки ба роҳбарону кормандони соҳаи маориф зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст, сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфиназар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардошта шаванд. Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмиллалӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.Мо омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардидани ҷомеа густариш медиҳем.

Ҳамин тариқ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кулли мо тоҷикон раҳнамо ва дастури бебаҳою муқаддас мебошад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ